Дар шароити кунунии авзои сиёсии ҷаҳон ва тағйиру таҳаввулоти босуръати он, инчунин торафт вусъат гирифтани низоъҳои байнимазҳабӣ ва авҷи ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ зиракии сиёсии ҷавонон аҳамияти бағоят бузург касб менамояд. Зеро имрӯз тамоми ҷомеаи башариро зуҳуроти номатлуби терроризм ва экстремизм ба ташвиш оварда, ба амнияти миллӣ ва давлатии бисёр кишварҳои олам хатари  ҷиддӣ эҷод мекунад.

Бояд таъкид намуд, ки терроризм дар тамоми даврони зиндагии инсоният воситаи даҳшатбор ва бадбахтиовари муборизаи разилона ва ноҷавонмардонаи афроди ҷоҳилу нодон, авбош ва дузду қаллобу одамкуш алайҳи инсоният буду ҳаст. Аз ин рӯ, терроризм ба ҳеҷ ваҷҳ роҳи ҳалли муаммою мушкилоти зиндагии инсон шуда наметавонад, балки он як навъ вабо ва маризиест, ки агар сари вақт пешгирӣ карда нашавад, инсониятро ба бадбахтиҳои гӯшношунид дучор карда метавонад.

Яке аз заминаҳои  асосии зуҳуроти терроризм манфиатҷӯии афроди ҷоҳилу бехирад ва сангдилу бераҳмест, ки манфиати шахсӣ ва шуҳрату  ҷоҳталабии худро аз арзишҳои миллию умумибашарӣ боло мегузоранд. Барои террористон забону миллат, арзишҳои миллию умумиинсонӣ, ватан, сарзамин, модар, муқаддасоти миллӣ, расму ойин, урфу одат – умуман унсурҳои зотию аслии ҳаёти инсонӣ ягон арзиш ё эътиборе надоранд. Барои онҳо молу сарват аз ҳама гуна муқаддасоту арзишҳои волои илмию фарҳангию маънавӣ болотар меистад. Онҳо пеш аз ҳама барои амалӣ сохтани нақшаҳои нопоки худ аз нуқсону норасоиҳои ҳаёт, ҳолатҳои ногувори рӯзгори одамон айёрона истифода мебаранд.

Яке аз чунин ташкилоти террористиву ифротгароӣ ҳизби наҳзати ислом мебошад, ки дар такя ба хоҷагони шиапарасти худ мехоҳанд ба фазои сулҳу суботи кишвари мо нооромиҳоро оранд. Онҳо дақиқан фикр доранд, ки мардум ба сухану ваъдаҳои онҳо эътимод доранд. Зеро гумон доранд, ки аҳли ҷомеа нодон, ноогоҳ, сатҳи пасти маърифатнокӣ доранд. Ва афсункории онҳо дар ояндаи наздик нафъ хоҳад дод.  Наҳзатиён махсусан ҷавонони камтаҷриба, нодону ҷоҳил, ноогоҳу зудбоварро ба доми найрангҳои хеш ҷалб карданианд. Бинобар ин, имрӯз зарур аст, ки сатҳу савияи донишу маърифати ҷавонон боз ҳам ба дараҷаи баландтар бардошта шавад, то ки қурбони фиреби бадхоҳон нагарданд.

Имрӯз ҷавонони бонангу номуси кишварро зарур аст, ки  дар мубориза бар зидди ҳизбу ҳаракатҳои тундрав ва пешгирии густариши фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ фаъолона ширкат варзанд, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии хеш кӯшиш намоянд, моҳияти муқаррароти Конститутсия, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро хуб омӯзанд ва сармашқи кору пайкори худ қарор диҳанд.

Дар назди мо, устодон вазифаи бузург ва муқаддасе меистад, ки бояд дар тарғибу ташвиқи ғояҳои олии инсонӣ, маърифатпарварӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, таъриху фарҳанги миллӣ саъй намуда, барои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро ҳаматарафа мубориза барем. Нагузорем, ки ҷавонон дар чорсӯи зиндагӣ гумроҳ монда, ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористию ифротӣ шомил шаванд. Зеро ҷавонони огоҳ ва соҳиби маърифати баланди сиёсиву ҳуқуқиро ҳеҷ нерӯи наметавонад фирефта созад.

 

 

 

 

 Муҳиддин Кабирӣ, сарвари ҳизби террористиву экстремистии наҳзати ислом дар Паёми рамазонии худ аз ҳамтоёни содиқаш, ки барои ӯву ҳизбаш гумроҳона ба ҳизб шомил шуда буду имрӯз дар маҳкамаанд, ёдовар шуда, онҳоро ба таҳаммулпазирӣ даъват намуд. Гуфтаҳои ӯ таъбири халқии «Туро газад маро чи ғам»-ро ба ёд меовард. Зеро ӯ дар як муҳити зебо андаруни боғ, зери фаввораҳо бо либоси фохира ифтихормандона гап мезанаду ёрони собиқаш кунҷи девор узлатнишин. Ончунон пулҳои хоҷагон ӯро маст кардаанд, ки фарбеҳ шудааст. Аз чеҳрааш осори ғам пайдо нест. Ӯ ба муҳоҷирони меҳнатӣ рӯ оварда онҳоро низ ба сабру таҳаммул даъват мекунад. Аз оҳанги «табрикот»-и ӯ гӯиё танҳо тоҷикон дар олам муҳоҷироти иҷборӣ хастанду халос. Мавсуф сиёсати Ҳукумати Ҷумҳуриро сиёсати ғалатзада номид. Аммо аз амалкарди худ бехабар. Ӯ чун рӯбоҳ думро хода карда аз Ватан гурехт. Дӯстону ёрони қадрдонашро дар лаҳзаҳои мушкилтарин партофта рафт. Худ дар беҳтарин шаҳрҳои Аврупо пулҳои ҳоҷагонро ҳамонтавре, ки мехоҳад сарф мекунад. Гӯиё «дилсӯзи миллат» бошад, аз вазъи иҷтимоӣ изҳори нигаронӣ кардааст. Мардона бояд иқрор шуд, ки Сарвари давлат аз ҳеҷ чи як кишвари ободу озод бунёд кард. Зиндагӣ ба маҷрои тоза даромад. Барои намозгузорон шароити беҳтарин муҳайё шуд. Бале, Ҳукумат ба либосу риш дахл кард, чунки таассуби кӯр-кӯрона ба мо лозим нест. Сатри аврат, фаранҷипӯшӣ моли миллати мо нест. Мо либоси атласу адрас поҷомаи худро дорем. Бояд ҳамин либоси худро талқин намоем. Дар масъалаи риш ҳаминро гуфтанием, ки чеҳраи зоҳирӣ дар ягон давр имондории шахсро муайян намекунад. Аз ришҳои дарози безеб мондан беришӣ беҳ.

Дар масъалаи «лайк» ҳаминро гуфтанием.  Маҳз ҳамин лайкмонданҳо ба канда шудани риштаи умри 500 нафар ҷавонон сабаб шуд. Маҳз ҳамин лайкмондаҳо буд, ки беш аз 600 ҷавонони тоҷик дар маҳкамаҳои ДИИШ қарор доранд. Маҳз ҳамин лайкмондаҳо буд, ки падарону модарон то ҳол роҳи фарзандонро мепоянд.

Ошкоро бояд гуфт паёми рамазонии Муҳиддин Кабирӣ дархури  розу ниёзи ҳатто тарафдоронаш нагардид. Зеро суханронии беасосу беҷояш обрӯи бе ин ҳам набудаашро ба дурустӣ резонд.

Боварӣ дорем, ки моҳи мубораки Рамазон дар дили ин бадсиголҳо раҳму шафқатро зиёд мегардонад ва онҳо аз ҳангомаҷӯиву зиёдравӣ худро канор мегиранд.

 

Дадохон Ҷӯраев, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

Ҳар ҷомеа, ки ба миллати худ содиқ аст, меҳани худро дӯст медорад, ба арзишҳои миллӣ арҷ мегузорад, ниёгони худро эҳтиром менамояд бо боварии комил гуфта метавонем, ки ин ҷомеа, ин миллат, ин фард, ин шахс, ин кӯдак ба ҳеҷ гуна корҳои ношоиста, ба ҳеҷ гуна ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, ба ҳеҷ гуна гурӯҳбозӣ, ба ҳеҷ гуна амалҳои ношоиста, ба ҳеҷ гуна ифротгароию терроризму экстремизм даст нахоҳад зад. Бо ин амали нек ҷомеаи мутамаддини мо ҳамешагӣ бо роҳбарии хирадмандонаи Сарвари давлат Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба сӯи созандагӣ, бунёдкорӣ ва ваҳдати ҷовидонаи миллӣ хоҳад расид. Миллати куҳанбунёди мо на ҷонибдори ифротгароӣ, балки тарафдори инсонгароӣ мебошад.

Ҳамин тавр, мо мардуми сарбаланди Тоҷикистон ҳамешагӣ кӯшиши онро дошта бошем, ки ҳар зарраи хок ва ҳар қатраи обро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем ва бидуни амалҳои ношоистаи вожаҳои мавриди назар барои саодати зиндагии оилаи худ ҳиссагузор бошем ва ба василаи ин кору хайру савоб саҳми худро дар пешрафту шукуфоии диёри арҷманди худ, ки номаш Тоҷикистон аст гузорем.

Аъзоёни шӯрои собиқадорони ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

 

 

Раванди глобалии чахони муосир имрӯзҳо  пуртуғён дар рушду нумӯъ мебошад. Асри навин тақозои ихтироот ва навовариҳои тоза буда,  талаботи рӯзафзӯни ҷомеаи мутамаддин  ба ноил гардидан  барои дастовардҳои навро талалб менамояд. Ҳамаи ин тозакориҳо барои шароити беҳтар фароҳам овардан бо мақсадҳои наҷиби инсоният: меҳнат, истиқомат  ва фароғат беҳтарин  махлуқ-инсоният мебошад.

Аммо фазои ин  тозакориҳоро  як зумра ашхоси тангназар  ва манфуру худхоҳ  бо иҷборан таҳмил намудани сиёсати  зиддиинсонии худ , дар кишварҳои мусулмонӣ, аммо бо мусоидату  иғвои  давлатҳои абарқудрати ғайримусулмон  мехоҳанд таҳмил намоянд.

Дар марҳилаҳои гуногуни тамаддуни олам террористон дар тамоми кишварҳо фаъолият доштанд ва ҳар гоҳ  бо содир намудани амалиёти пурдаҳшат ва кирдори ношоиста чеҳраи разилонаи худро нишон додаанд. Дар баробари рушди тамаддунҳо, кашфиёти илмию техникӣ ва тағйирпазирии авзои ҷаҳон террористон низ такмили амалиёт намудаю бештар мусаллаҳ шудаанд ва кирдорҳои авбошонаи худро густариш бахшидаанд. Ҷои таассуф аст, ки террористон  дар ҳар давру замон миёни масъулини баландпоя, сарватмандони бехирад ва гурӯҳҳои алоҳидаи ҷомеа ҷонибдорон ва гурӯҳҳои алоҳидаи худро доранд ва аз онҳо кӯмаки молию дастгирӣ мебинанд. Баъзе кишварҳою аҳзобу гурӯҳҳои тундгаро  ва манфиатҷӯ таваҷҷӯҳи террористонро ба ҳар васила ба худ ҷалб намуда, нерӯи тахрибкори онҳоро  баҳри пиёдасозии кирдори ношоиста ва барои  ҷомеаи зиёновари хеш истифода мебаранд.

Дар тамаддуни муосир ҳаракатҳои террористон дар минтақаҳои  гуногуни олам авҷ гирифтааст ва хатари  амалиёти онҳо барои ҷомеаи дучанд афзӯдааст. Ин хеле пурхатар аст, ки имрӯз террористон кӯшиши худро  барои тасарруф кардану ба итоати худ даровардани  тафаккури инсонӣ равона кардаанд ва барои ин аз воситаҳои гуногун, мисли дастгоҳҳои иттилоотӣ,  технология муосир ва таблиғоти бавусъат истифода мебаранд. Ҳамлаи иттилоотию идеологӣ ва тарғиботии гурӯҳҳои терористӣ ҳоло бештар  ба ҷалби ҷавонон равона шудааст. Зеро ҷавонон  ҳам нерӯи тавоноянду ҳам ҳанӯз ҷаҳонбинии васеъ ва таҷрибаи кофӣ надоранд ва табиатан ба калавишҳои мафкуравӣ роҳ медиҳанд, аксаран зудбоварию соддалавҳӣ содир менамоянд.  Мо аз воситаҳои ахбори умум мунтазам ба доми фиреби террористон гирифтор шудани ҷавоне ё гурӯҳи ҷавонон  огаҳӣ дармеёбем ва таассуф мехӯрем. Террористон бо ҳамин васила ҷавонони булҳавас ва зудбоварро  аз Ватан  берун, аз хешу ақрабо ҷудо месозанд, бо ваъдаҳои пучу маблағҳои фиребо, бо ҳидоятҳои хоинона онҳоро бо содир намудани  кирдорҳои номатлубу барои аҳли ҷомеа зиёновар ва ҳатто  ба куштору сӯхтору маҳв  водор менамоянд. Мутаассифона, чанде аз ҷавонони тоҷик  низ фирефтаи доми макру тазвири  гурӯҳҳои террористӣ мисли ДОИШ, Салафия, Ваҳҳобия ва монанди инҳо гардида ба нокомию фалокатхои зиёде дучор омада, аз карда пушаймон шудаанд.

Дар робита ба ин дар кишварамон чораҳои таъҷилию  фарогир андешида шудаанд. Муҳимтар аз ҳама, корҳои таблиготию ташреҳӣ миёни ҷавонон  тақвият ёфта, тарбияи ватандӯстию  инсонпарварӣ миёни онҳо пурӯр карда шудааст. Муассиссаҳои таълимӣ, расонаҳо  ва нерӯҳои дигари солим  баҳри бо донишҳои сиёсӣ, тафаккури солиму созанда, ҷаҳонбинии  бунёдӣ мусаллаҳ шудани ҷавонон  ҷидду ҷаҳди ҳамешагӣ доранд. Ин ҳама  ва тадбирҳои дигар ба воқеъбину мулоҳизакор  ва дурандеш гардидани ҷавонон мусоидат намудааст.

Сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Прззиденти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  махсусан баҳри дастгирию роҳнамоии ҷавонон нигаронида шудааст.

Пешвои миллат  бобаста ба тавзеҳи  амалиёти террористон қайд кардаанд: «Терроризм ва экстремизм,  аз як ҷониб чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ дошта, аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки  тахдиде ба тамаддуни ҷаҳон ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст». Пас моро мебояд дар ин ҷода хомӯш набошем.

Зокиров Р.Ш. устоди ДПДТТ ба номи  ак. М.С. Осимӣ

 

 

Имрӯзҳо яке аз масъалаҳои  ташвишовари  ҷомеа ин, ба равияҳои экстремистии динӣ шомил шудани баъзе ҷавонон ва наврасон мебошад.

Дар тамоми Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва суханрониҳои ӯ дар мулоқот бо аҳли зиё, ҷавонон дар бораи пешгирӣ намудани шомилшавии шаҳрвандон, бахусус ҷавонон, ба ҳаракатҳои ифротгарою террористӣ ва мазҳабу равияҳои бегона ба хотири ҳифзи суботу амнияти ҷомеа ва рушди давлати миллӣ дар фазои осоишта таъкид гардидааст.

Тоҷикистон дар кӯтоҳтарин мӯҳлат оиди ин раванд ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пайваста, аз рӯзҳои аввалини давлатдории хеш ин қабил ҷиноятҳоро маҳкум карда, ба қонунҳои амалкунанда тағйироту иловаҳо ворид карда, ба ташкилотҳои байналмиллалии давлатию ғайридавлатӣ дар ин раванд ҳамроҳ шуда, ҳамагуна зуҳуроти террористӣ ва экстремистиро қотеъона маҳкум кард.

Дар  Қонуни дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» аз 16 ноябри соли 1999 мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт тибқи талаботи санадҳои меъёрии байналмилалӣ мушаххасан дарҷ гардидааст ва Тоҷикистон ӯҳдадориҳои худро дар ин замина ба таври доимӣ ба иҷро мерасонад.

Дар масъалаи бартараф кардани сабабу шароитҳое, ки ба содир шудани ин қабил ҷиноятҳо оварда мерасонад, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қишрҳои ҷомеа ҳамаи  чораҳо андешида шуда истодаанд, аз қабили баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, зиёд кардани ҷойҳои нави корӣ, фаро гирифтани ҷавонон ба варзиш, ташаккул додани мафкураи баланди ватандӯстию ватанпарастӣ, корҳои фаҳмондадиҳӣ, сохтани масҷидҳои замонавӣ, табъу нашр кардани китобҳои динӣ ба забони модарӣ, ташкили барномаҳои динию ахлоқӣ дар садову симо, чопи мақолаҳо дар рӯзномаю  маҷаллаҳо, созмон додани ҳизбу ҳаракатҳо. Ин ҳама чорабиниҳо дар барномаҳои дурнамои тараққиёти имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон васеъ таҷассум ёфтааст.

Аммо ҳамоно рақибони заифи сиёсии мо аз қабили ҳизби террористиву экстремистии наҳзати исломи Тоҷикистон мехоҳад ин ҳама ободгариву таваҷҷӯҳи ба нерӯи солимро нодида гирад. Онҳо бо сарвари Муҳиддин Кабирӣ дар расонаҳои иттилоотӣ мехоханд обрӯи кишвари мо дар арсаи ҷаҳонӣ паст зананд. Аммо мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ягон созмони бонуфузи ҷаҳонӣ мақсадҳои “оли”-и онҳоро дастгирӣ намекунад. Гузашта аз ин онҳо дар кофтукови байналмилалӣ қарор доранд. Он рӯз дур нест, ки онҳо иқрор шаванд, ки дар раҳи хатоянд

 

                                                                   Устодони  факултети муҳандисиӣ- иқтисодии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон 

 

Ҳанӯз солҳои 80-уми қарни гузашта  ҳизби экстремистии  ҲНИ ба фаъолиятҳои ҷангчӯёнаю ифротии худ иқдом намуда буд. Далелҳои тавассути расонаҳо имрӯз паҳнгашта бозгӯи онанд, ки  ин ҳизби мамнуъ аз  ҷумлаи созмонҳои террористию экстремистӣ буда, амалан аз интиҳои солҳои 80-уми  асри гузашта амалҳои ифротгароёнаашро дар ҷануби кишвар  оғоз намудааст. Маҳз хонаи худо-масҷидро макони амалҳои ифротӣ интихоб намудаанд. Тибқи бозгӯи шоҳидони ҳол ҳанӯз дар давраи Шӯравӣ бо истифода аз калтаку корд ва дигар олоти пешомада ҳуҷум намудан аввалин шеваҳои зӯроварии  наҳзатиҳо будааст.  Маҳз аз масҷидҳо шурӯъ намудани нооромӣ ва даст задан ба зӯроварию  масҷидро аз макони муқаддасу ибодат  табдил додан ба мавзеи шарорату  муқовимат амали касифонаи ин тоифаи ҷиноятпеша буд.  То ин замон мардуми мо чунин зеҳнияте дошт, ки  масҷид макони бисёр муқаддас буда,  он ҷо ба ҷуз аз ибодат анҷоми амали дигар ношоиста аст.

Ҳанӯз пас аз таназзули Иттиҳоди Шӯравӣ, замоне, ки дигар ҷумҳуриҳо дар ҳоли тақсими мероси бозмондаи ин давлати пошхӯрда буланд, ҲНИдар такя бо дастури хоҷагони хориҷиаш барои бо роҳи зурӣ ба даст овардани ҳокимият бо набарди мусаллаҳона даст зад ва ҳукумати конститутсиониро соли 1992 ғасб намуда, кишвари азизамонро ба майдони ҷанг ва қатлу куштор табдил дод. Дар як фурсати кутоҳ дар натиҷаи ин амали нангини онҳо, ҳокимият дар саросари Тоҷикистон фалаҷ гардид, миллат пароканда шуд ва вуҷуди ягонагии кишварамон ба ҳайси давлат зери суол монд. Мусаллаҳшавии наҳзатиён ба фаъолияти экстремистии онҳо тақвият бахшида, минбаъд ба фаъолиятҳои террористона пардохтанд. Кушторҳои ваҳишёнае, ки соли 1992 дар водии Вахш  террористони наҳзатӣ анҷом додаанд, назирашро таърих ёд надорад. Ин гурӯҳ имрӯз нашармида аз миллату инсоният ҳадс мезананд, аммо хиёнатҳо ва аъмоли фоҷиаборашон аз ҳуҷуми чингизиён ба минтака камтар нест. Наҳзатиҳо бадтарин шеваҳои қатли инсонро дар ин минтақа нисбат ба ҳаммеҳани худ раво дидаанд, ки онро ҳеҷ инсон ба ягон кас раво надидааст. Ин тоифаи фирории ифротӣ, ки имрӯз дар хориҷ аз ватан аз ҳифзи ҳуқуқи инсон садо баланд мекунанд,  аз аъмоле, ки дар баробари ҳамватанони худ анҷом додаанд, нашармида худро ҳомии ҳуқуқи башар эълон мекунанд.

Имрӯз, ки онҳо дод аз донишмандиву нобиғагӣ мезананд ва ихтирооти илмию дастоварди олимонро ночиз мешуморанд, дар давоми мавҷудияти ташаккули террористии худ  як «кашфиёт» кардаанд, ва он ҳам кашфиёти «бочка-зиндон», ки андаруни ин зарфи сӯзишворӣ ҳамватанони худро бо бадтарин шева мекуштанд.

Фаъолияти ин ҳизб ҳамеша зиддимиллӣ ва зиддиинсонӣ буд. Силсилакушторҳои ҲНИТ дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ афзоиш ёфта, ҳатто пас аз ба имзо расидани созишномаи сулҳ идома ёфтаанд. Ҳамаи ин баёнгари он аст, ки ин ҳизби экстремистию террористӣ, ки айни ДИИШ аст, бо фаъолиятҳои зиддиинсонии худ ҳазорон хонадони тоҷикро аз  сарбони оилаву аз ҷигарбандон маҳрум намудааст. Амалҳои террористии ин гурӯҳ, ки боиси аз байн бурдани ҷони 150 ҳазор сокини осоиштаи  Тоҷикистон гардид, бузургтарин хиёнат ва ҷафоест, ки аз тарафи онҳо содир шудааст.

Имрӯз мо шукрона аз сулҳу суботи бебозгашти механ менамоем, аммо фирориёни ҲНИ дар хориҷи кишвар паноҳ бурда, худро афроди мутамаддин вонамуд мекунанду пиндореро дар зеҳни худ мепарваранд, ки гӯё бо гузашти вақт аъмоли ғайриинсонии онҳо фаромӯш шуда бошад. Вале бехабар аз онанд, ки дар саҳифаҳои таърих ва зеҳни ин миллат даҳшатафканию қатли наҳзатиҳо абадан нақш бастааст. Ҳанӯз ҳам зиёдаравии мазҳабии онҳо маҳфуз буда, дар сурати имкон ёфтан бо шеваҳои дигар мисли истифодаи нақлиёт, истифодаи теғ ва мисли онҳо аъмоли касифонаи хешро анҷом медиҳанд. Имрӯзҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо роҳи дурӯғпардозиҳо худро уламо нишон дода, тавассути он мағшӯӣ кардани ҷавонони ноогоҳ ва роҳнамуд кардани онҳо ба самти муғризонаи зиддиинсонӣ идомаи хиёнатҳои қаблии хешро дар баробари ҳаммеҳанони худ ба роҳ мондаанд. Ғайр  аз ин рафтори ноҷавонмандонаи наҳзатиҳо буд, ки  ҳазорон ҳамватанони мо, ки аз миллатҳои ғайр буданд, ё эътиқодии рӯҳонии дигарро доштанд, вале ҳамчун мутахассисони чашмикордон дар ободии кишварамон саҳми босазо доштанд, фирор намуданд. Кабирӣ баринҳо имрӯз дар кишварҳои хориҷӣ бо роҳи шиорфурӯшӣ мехоҳанд, ҷомеаи ҷаҳониро фиреб диҳанд, ки гӯё инҳо воқеан демократанд ва барояшон ҳуқуқи инсон, озодии виҷдон арзишманд аст. Вале ин нидоҳо танҳо баҳонаеанд, то худро аз ҳошияи террористӣ орӣ нишон диҳанд ва аз масъулият дар назди Ватан озод шаванд, лекин шеваи адолат ин нест.

Зокиров Р.Ш.,  устоди ДПДТТ ба номи ак. М.С.Осимӣ

 

 

 

ИЗҲОРОТИ ҷомеаи меҳнатии факултети информатика  ва энергетикаи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба «Роҳбарияти олии ҳизби террористиву экстремистии наҳзати Исломи Тоҷикистон»

   Қатлу куштор ва хунрезиҳое, ки қариб ҳамарӯза аз ҷониби қувваҳои ифротгаро бо супориши ҳоҷагони хориҷии онҳо дар Покистон, Ироқ, Шом, Сурия, Яман содир карда мешавад ба ягон аҳкому ахлоқи исломӣ  мувофиқат намекунад.  Ин ҳама бедодгариҳоро   насли калонсоли Тоҷикистон дар солҳои ҷанги таҳмилии солҳои 90-уми қарни ХХ, ки дар асл ин фоҷиаи миллӣ ҳам буд дар мағзу устухонҳои худ санҷидаанд. Дар солҳои 90-ум қарни гузашта ифротгароён  ба мақсади нопоки худ расидан тамоми усулу воситаҳои тундрав, радикализм,  зурӣ, аз он ҷумла терроризмро истифода бурда фарзандони беҳтарини миллати тоҷик-прокурори кулли ҷумҳурӣ Нурулло Ҳувайдуллоев, академик М.Осимӣ, депутатҳои Шӯрои Олй Муродали Шерализода, Моёншоҳ Назаршоев, олимони машҳури соҳаи тиб Юсуфҷон Исоқӣ, Минҳоҷ Ғуломов, хабарнигори барҷаста Муҳиддин Олимпур ва дигаронро ба қатл расонданд.

     Ифратгароӣ дар зери ниқоби дин сабабгори бенизомию бетартибии ҷомеа, бадандешӣ, кинаю адовати байни одамон гардида барои рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, устувории вазъи сиёсати ҷомеа монеаҳои зиёда эҷод мекунад. Сади роҳи ташаккули ҳисси ватандустӣ, ифтихори миллӣ, худогоҳи ва худшиносии миллӣ мегардад.  Дар шуури мардум нисбати давлат ва низоми сиёсии ҷомеа ҳисси бегонагӣ, бетарафӣ  ва бадбинӣ ҷойгирӣ мекунад.

Имрӯз бо гузашти 20- сол мардум фаҳмиданд, ки саркардаҳои чунин бедодагариҳо маҳз аъзо ва пайравони ҲНИТ будаанд. Онҳо тавассути хоҷагони зархариди хеш мехостанд зиёиёни миллати моро несту нобуд намуда, фарҳанг ва оини бегонаро бар сари мо таҳмил намоянд.

Аммо ин миллати тамаддунофар дар тӯли асрҳои зиёд тавонист аз ғиреви душманон раҳо шавад, ин бор низ бо руҳияи шикастнопазир ғалаба ба даст овард.

Мо, ҷомеаи устодон эътимод бар он дорем, ки ягон қувва садди роҳи пешрафти мамлакат нахоҳад шуд.

 

Устодону шогирдони факултети информатика ва энергетика

 

 

Имрӯз дар ҷаҳони ислом як қатор ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ дар заминаи эътиқодоти динӣ амалкунанда арзи ҳастӣ доранд, ки аз ҷониби қудратҳои ҷаҳонию минтақавӣ бо мақсади амалӣ сохтани манофеи геополитикиашон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистони соҳибистиқлол интиқол ёфта, имконияти дар оянда вайрон кардани мувозинати динию мазҳабӣ, вазъи сиёсию идеологӣ ва субботу амнияти ҷомеаро доранд.

Мутаассифона, доираҳои муайяне дар ҷаҳони муосир мавҷуданд, ки дар ноором сохтани вазъи сиёсии кишварҳо даст дошта, бо ин роҳ мехоҳанд, ҳадафҳои иқтисодии худро пиёда созанд. Ин гурӯҳҳо маҳз аз заифии дониши дунявию динии мардум истифода намуда, зери шиори «ҷиҳод» сохтори мавҷудаи кишварҳоро фалаҷ карда истодаанд, ки аз ин вабои идеологӣ ягон давлат эмин буда наметавонад. Зеро технологияи муосир пайвандгари ин равандҳо мебошад. Дар натиҷаи чунин амалиётҳои ифротгароӣ бо номи исломиён шумораи зиёди аҳолии бегуноҳ ба ҳалокат расида, нисбат ба дини мубини ислом ҳисси бадбинии мардуми ғайримусулмонро ба вуҷуд меорад.

Бо мақсади пешгирии фаъолияти экстремистӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсису бақайдгирӣ ва амалкардани ташкилотҳои экстремистӣ  ё  созмонҳое,  ки  ба  экстремизм мусоидатмекунанд,  тарғиби  экстремизм  ва паҳн кардани маводи экстремистӣ манъ аст.

Мутобиқи моддаи  8-и  Конститутсияи мамлакат дар Тоҷикистон ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси ҷараёнҳои гуногуни сиёсӣ ва идеологӣ инкишоф меёбад. Ягон идеология, аз  ҷумла динӣ,  наметавонад идеологияи давлатӣ бошад. Ташкилотҳои динӣ,  ки  аз давлат ҷудоанд,  ба корҳои давлатӣ дахолат  карда  наметавонанд.  Ин  чунин маъно дорад,  ки  дар давлати дуняви ё чун Тоҷикистон муассисаҳои динӣ аз  давлат ҷудо  карда  шудаанд ва онҳо имконият надоранд,  ки  ба фаъолияти мақомоти давлатӣ таъсир расонанд. Ва мувофиқи моддаи 28 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «ҳар кас ҳуқуқ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд…»

Дар шароити кунунӣ вазифаи ҳар як фарди ватандӯсту ватанпарвар, миллатдӯсту хештаншинос, алалхусус ҷавонон, ки ҳамчун нерӯи асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд, аз он иборатаст, ки аз таълимоти гурӯҳҳои манфиатҷӯе, ки дини мубини исломро бо терроризму экстремизм айният медиҳанд ва тундгароиро омили ҳифзи ислом муаррифӣ мекунанд, худдорӣ намоянд, зеро дар натиҷаи гароиш ба ин гунна ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу экстремистӣ ҳам ҷони худро аз даст медиҳанд ва ҳам сабаби аз байн бурдани ҷони ҳазорон нафарони дигар мегарданд. Бояд ҳар як шаҳрванд, ҳар як фарди ин ҷомеа барои ҳифзи истиқлолият ва якпорчагии кишвар талош варзад. Зеро ояндаи халқу миллати тоҷикро бе мавҷудияти давлати миллии тоҷикон тасаввур кардан ғайриимконаст.

 

 

 

Фарҳанг яке аз рукнҳои асосии миллат ба ҳисоб рафта, арҷгузорӣ ба он ва пос доштани анъанаҳои гузаштагон вазифаи муққадаси ҳар як шаҳрванди ҷомеа аст. Махазҳои таърихӣ нишон медиҳад, ки миллати тоҷик таърихи қадима дошта, бо фарҳанги ғании хеш дар байни миллатҳои дигар маъруф аст. Бостоншиносон исбот кардаанд, ки пӯшидани ҳиҷоб дар суннатҳои қадимаи миллии миллати тоҷик вуҷуд надошт, зеро дар ангораҳои аз давраҳои қадим ёфтшуда бонуи тоҷик бо сатр тасвир нашудааст. Аммо зани тоҷик чун олиҳаи ҳусну зебои ва боиффатию порсои шинохта шуда буд. Занони кӯҳистон ҳамеша рӯймоли калон ба сар мекарданд., ки дар мавридҳои зарури чеҳраи худро аз ҳамсуҳбати ношинос паноҳ мекарданд. Бонувони тоҷик то ба имрӯз либоси миллии худро тарзе мупӯшиданд, ки худ роҳад буданд ва мухолифи шариати ислом набуд. Занони бо маърифат дар баробари риояи аркони ислом баробари мардон дар ҳама соҳаҳо фаъолият менамуданд.

Аз рӯи аҳкоми шариат пӯшонидани мавзеъҳои бадан аз назари шахсони бегона ва номаҳрам сатри аврат аст, вале бархе аз бонувони тоҷик имрӯз ба тақлидкори роҳ дода, сатру ҳиҷоб ба бар мекунанд, ҳол он ки либоси миллии тоҷикӣ мухолифи аҳкоми шариат нест. Як гуруҳ  духтарони ҷавон ва бонувон ҳиҷоб ба бар мекунанд, ки ин ҳам аз байн хоҳад рафт.

Либоси миллӣ як ҷузъи фарҳанги миллӣ ба ҳисоб мервад ва мо, ки дар замони муракаби ҷаҳонишавӣ умр ба сар мебарем, бояд ин ҷузъи муҳими фарҳанги ниёгонамонро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем ва ба ҷаҳониён фарҳанги волои либоспӯшии тоҷикиро муаррифӣ кунем ва бояд чуноне, ки аз гузаштагонамон ба мо расидааст ба ояндагон мерос гузорем.

 

 

 

 

 

Мо, коллективи устодони кафедраи молия ва қарз  фаъолияти ғайриқонунии ҳизби террористиву экстремистии ҲНИТ-ро хориҷ аз кишвар маҳкум намуда, гуфтанием, ки ягон қувва ва нерӯи марказгурез наметавонад, оромии ҷомеаи имрӯзаи кишварро халалдор созад. Зеро шаҳрвандони кишварамон, хосса ҷавонон дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон осудаҳолона пайи таълиму тарбия ва ҳунаромӯзӣ буда, дар иҷрои ҳадафҳои стратегии кишвар саъй меварзанд.

Имрӯз ин ҳизб бо фирориёни худ бо сарвари Муҳиддин Кабирӣ мехоҳад бо ҳамдастии хоҷагони берунаи худ ба амнияти миллии мо халал ворид кунад. Ва гуфтаҳои «Ин бор бо музаффарият хоҳем баргашт» воқаен ҳам даъват ба ҷанг аст. Тавре дар боло гуфтем вақте миллат сарҷамъ аст, сорбони он оқилу хирадманд ва муҳимтар аз ҳама ҷасуру бебок аст, моро ягон қувва ноором нахоҳад кард. Зеро мо як муштем.

Мо қатъиян аз Шумо ва ҳаммаслаконатон талаб дорем, ки таҳрибкориро бас кунед, обрӯи миллати тоҷдори моро дар арсаи ҷаҳонӣ нарезонед. Ба навиштаҳои муғризонаи худ хотима бахшед. Баръакс, нафарони ҳамсафу кӯрдили худро ҳушдор диҳед, ки халқи шарифи кишвар дигар гумроҳиро ба гӯшаи фаромӯшӣ бурдаанд. Мо якдил ва яктанем ва барои ободиву тинҷии мамлакатамон тифоқона кор мебарем. Ягон душман ҳақ надорад, ки бо қиммати ҷони ҳазорон-ҳазор ҷавонон, оҳу зори модарони дилфигор ва заҳматҳои шабонарӯзи Сарвари давлат  сулҳи ба дастовардаро ба норомӣ бадал кунад. 

Устодони кафедра

 

 

Сулҳу осоиштагӣ, фазои софу беғубор, хандаҳои беғаши кӯдакон, таҳсили бемамониаи наврасону ҷавонон, озодии кулл дар ҷомеа беҳтарин неъмат барои насли одамӣ маҳсуб меёбад.  

Танҳо ҳамдиливу муросо метавонад миллатро ба сӯи шукуфоӣ раҳнамун намояд.   

Ба андешаи Сарвари давлат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Давлат ҳам мисли падару модар аст. Насли калонсоли имрӯз тамоми зиндагӣ ва фаъолияти худро дар талошу мубориза барои рафъи буҳрону мушкилот ва бунёдкориву созандагӣ гузаронида истодааст

Насли калонсоли имрӯз бо ҳамаи камбудиву мушкилоте, ки дошт, давлатро аз нестиву миллатро аз парокандагӣ наҷот дод, дар кишвар сулҳу суботи пойдор ва ваҳдати миллиро таъмин намуд ва пояҳои давлатдории миллиро устувор гардонид.

Акнун насли калонсол, яъне падару модарон фақат як орзу доранд, ки фардои Тоҷикистонро боз ҳам ободу пешрафта, марзу буми ин давлатро орому осуда ва ҳар фарди миллатро хушбахт бинанд. Шумо таҷрибаи дӯст доштани Ватан, обод намудани он ва ҳифзи манфиатҳои миллиро аз насли калонсол омӯзед.

Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт, гул-гул шукуфт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандист, ваҳдату сулҳ падидор аст.

Аммо, мутаассифона, ҳанӯз ҳам дар ҷомеаи мо ҳастанд қувваҳое, ки пешрафти мамлакатамонро нодида мегиранд. Мехоҳанд бо ҳар баҳона камбудиҳои ҷузъии ҷомеаро бузург нишон дода, ҷомеаро ба гирдоби нобасомониҳо кашанд. Ин амалкардҳо дар ҳоле рух медиҳанд, ки зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифтааст. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд.

Идомаи минбаъдаи ин ҳолат метавонад боиси амиқ гардидани таҳдиду хатарҳои сиёсиву иқтисодӣ, амниятӣ ва башариву фарҳангӣ дар минтақаҳои гуногуни олам гардад.

Тоҷикистони азизи мо дар арсаи байналмилалӣ бояд мақом ва мавқеи устувор дошта бошад. Аммо фаъолияти бархе аз гурӯҳҳову ҳизбҳои фаъолияташон мамнӯъ дар кишвар боиси коста гаштани обрӯи кишвар мегардад. ҲНИТ аз ҷумлаи чунин ҳизбу гурӯҳҳои ифротгаро ба ҳисоб рафта, имрӯзҳо дар арсаи сиёсиву байналмилалӣ на танҳо мақому манзали худро аз даст дод, балки пайваста ба номи халқу миллат ва давлати Тоҷикистон тӯҳмату бӯҳтонҳои беасос изҳор менамояд.

Мо, устодони факултети сохтмон ва нақлиёт  амалҳои номатлуб ва иғвоангезонаи ҲНИТ-ро сахт маҳкум намуда, ҷонибдори сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва оромиву суботи Тоҷикистони азиз мебошем.

Мо ҷавононро талқин мекунем, ки танҳо илм омӯзанд ва роҳи ростинро пеша созанд.

Гурӯҳе аз устодони факултети сохтмон ва нақлиёт