Бахшида ба соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои миллӣ, инчунин, ба истиқболи ҷашни 73- солагии Иди Ғалаба дар факултети муҳандисӣ – иқтисодии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ мусобиқаи анъанавии варзишии шоҳмот байни устодони донишкада баргузор гардид.

Мусобиқаи шоҳмот  санаи 28 апрел доир шуда,  дар он 12 нафар ғолибони факултетҳои донишкада аз ҳисоби устодон ширкат варзида, маҳорати ҳушмандии худро дар бозии шоҳмот санҷиданд.

Мусобиқа аз тарафи аъзоёни ҳакамон Алиев К. ва Киреев  Н. назорат ва холгузорӣ карда шуд.  Даври бозии шоҳмот то ба 10 расида, ғолиби мусобиқа аз рӯи хол ва миқдори ғолибияти даври бозӣ муайян карда шуд.

Дар мусобиқа устодони донишкада Каримҷонов А., Бӯриев А., Ахмедов Р., Мавлонов, Усмонов Ш., Раҷабов, Ҳомидов Х., Пӯлотов М. ва дигарон фаъолона иштирок намуданд. Аз байни иштирокчиёни бозии шоҳмот бо ба даст овардани  9 хол  устод Бӯриев А. Ғолибият ба даст оварданд. Ғолиби мусобиқаи шоҳмот бо маблағи пулӣ ва ифтихорнома қадрдонӣ карда шуданд.

Дар рафти мусобиқа ҳамаи устодони донишкада маҳорати баланди шоҳмотбозии худро нишон дода, таассуроти хуб гирифтанд. Аз ҷониби устодон қайд карда шуд, ки чунин иқдом – гузаронидани мусобиқаҳои варзишӣ байни устодон хеле хуб буда, дар оянда бо иштироки фаъолонаи устодони донишкада бисёртар ташкил карда шавад.

Хиромон Пӯлодова, иҷрокунандаи вазифаи сармуҳаррири “Меҳвари дониш”

 

 

 

Тавре ки  қаблан иттилоъ дода будем, дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд аз санаи 30.04.2018 то 05.05.2018 ҳафтаи худидоракунӣ оғоз гардида, беҳтарин донишҷӯён дар вазифаҳои гуногун дониш ва малакаи роҳбариро омӯхта истодаанд.

Аз санаи 28 апрел шиносоии донишҷӯёни ба вазифаҳои таъингардида  ва кору фаъолияти шуъбаҳо оғоз гардид. Ҳамаи донишҷӯён бо сардорони шуъбаҳо, нақша ва самти асосии фаъолияти онҳо аз наздик шинос гардида, нақшаи якҳафтинаи худро ҳамчун сардорони шуъба таҳия намуданд.

Санаи 30.04.2018 ҳамаи донишҷӯён мувофиқи интизоми меҳнатӣ вазифаҳои худро ишғол намуда, фаъолияти худро оғоз намуданд, ки аз рафти он гузориш медиҳем.

Ба вазифаи директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ донишҷӯи курси 3, ихтисоси 69.01.01тА Садиров Рустам интихоб гардида буд. Зимни сӯҳбат Садиров Р. қайд намуд, ки вазифаи роҳбарикунанда барояш писанд омада, кӯшиш намуда истодааст, то масъалаҳои муҳими донишкадаро то ҳадди имкон бо ҳамроҳии директори донишкада Дилафрӯз Саидӣ баррасӣ намояд. Рӯзи шанбе тибқи муқаррарот дар рӯзи қабул Садиров Рустам ҳамчун директори донишкада донишҷӯён ва волидайни онҳоро ба ҳузур пазируфт.  Ҳамчунин, фаъолияти асосии Садиров Рустам дар давоми як ҳафта барои пешвози меҳмонони олиқадр равона карда шуда, аз болои корҳои сохтмонӣ ва чорабинии фарҳангӣ назорат бурда истодааст.

Вазифаи муовини директор оид ба таълимро донишҷӯи курси 4, ихтисоси 74.02.06т Муҳаммадҷонов Толибхон ба ӯҳда дорад. Муҳаммадҷонов Т. бо фаъолияти шуъбаи илм шинос гардида, ҳамзамон дар вохӯрии хатмкунандагон ва мудирони кафедраҳо, ки санаи 28 апрел  баргузор гардид, иштирок намуд. Дар ин ҷамъомад Низомномаи хатмкунандагони донишкада баррасӣ карда шуд.

Муовини директор оид ба илм ва инноватсия донишҷӯи курси 2, ихтисоси 40.01.02тА Сангинов Саидиқбол таъин гардидааст. Сангинов Саидиқбол аввалан бо Низомномаи шуъба, фаъолияти он шиносоӣ пайдо намуд. Сатми асосии фаъолияти  Сангинов С.  бо ҳамроҳии муовини  директор оид ба илм ва инноватсия Холматов Т.Ё. дар давоми ҳафта ба коркарди ташкили раванди таълим дар магистратура равона гардидааст.

Ба вазифаи сардори шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ  Мӯҳсинзода Фаризахон, донишҷӯи курси 2, ихтисоси 40.01.02рА таъин гардидааст. Айни ҳол дар шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ раванди дастраскунии маводҳои имтиҳони давлатӣ барои хатмкунандагон идома дорад. Зимни сӯҳбат, Мӯҳсинзода Ф. қайд намуд, ки бо нақша ва низомнома шуъба шинос гардид. Кору фаъолияти шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ  хеле хуб ба роҳ монда шуда, барояш писанд аст. Ӯ мекӯшад, то давоми ҳафта  раванди корро хуб аз худ намуда, барои иҷрои вазифа кӯшиш ба харҷ диҳад.

Сардори шуъбаи робитаҳои хориҷӣ ва идораи лоиҳаҳо Аминов Амир, донишҷӯи курси 3, ихтисоси 70.02.01тВ таъин гардидааст. Аминов А. қайд намуд, ки бо фаъолияти шуъба, тарзи тайёр намудани лоиҳаҳо аз рӯйи самтҳо шинос гардид. Фаъолияти асосии ӯ дар давоми ҳафта барои ҷустуҷӯи имкониятҳо барои донишҷӯён, барои таҳсил дар хориҷа равона мегардад. Зимни суҳбат Аминов А. қайд намуд, ки барои таҳсил дар хориҷа донишҷӯён бояд забонҳои хориҷиро хуб омӯхта, аз рӯйи ихтисоси худ дониши баландро доро бошанд.

Исроилова Фарзона, донишҷӯи курси 4, ихтисоси 25.01.04тБ вазифаи сардори шуъбаи маркази тестии донишкадаро соҳиб гардид. Айни ҳол Исроилова Фарзона бо Низомномаи маркази тестӣ шинос гардида, барои омодакунии имтиҳонҳои ниҳоӣ кӯшиш намуда истодааст. Самти асосии фаъолияти Исроилова Фарзона ҳамчун сардори шуъбаи маркази тестӣ ба саривақт дасраскунии маводҳои имтиҳони ниҳоӣ аз ҷониби омӯзгорон равона гардидааст.

Сардори шуъбаи идоракунии сифат ва банақшагирии стратегӣ донишҷӯи курси 3, ихтисоси 70.02.01 тБ Ҳалимов Абдуҳаким интихоб гардид. Аз рӯзи аввали фаъолият Ҳалимов А.  раванди таълимро назорат намуд. Ҳалимов А. ҳамаи гурӯҳҳоро аз рӯи мавҷудияти силлабус, журнали гурӯҳ, қайди давомот назорат намуд. Инчунин, аз болои тасдиқи супоришот ва силлабус аз рӯи фанҳо, қайди мавзуъҳо дар журнал, раванди дарс назорат  бурда шуд.

Сармуҳосиби донишкада Ҳайдарова Фарзона, донишҷӯи курси 4, ихтисоси 25.01.04тБ интихоб гардид. Рӯзи аввал Ҳайдарова Фарзона бо ҳамроҳии Середа Н. музди маоши кормандон ва андози онро  ҳисоб намуда,  ба Нозироти андоз фиристоданд. Инчунин, сметаи ягонаи даромад ва хароҷоти донишкада барои соли 2018 тартиб дода шуда истодааст.

Ба вазифаи декани факултети информатика ва энергетика донишҷӯи курси 3, ихтисоси 43.01.03тВ Холмуродов Шавкат таъин гардид. Холмуродов Ш. бо вазифаҳо ва ӯҳдадориҳои  декани факултети информатика ва энергетика  аз наздик шинос гардида, нақшаи якҳафтинаро тартиб додааст.

Сардори шуъбаи маркази идоракунии СИИД донишҷӯи курси 2, ихтисоси 40.01.02рА Дадобоев Абдулҳафиз интихоб гардид. Дадобоев А. аввалан бо кору фаъолият ва вазифаи асосии шуъба шинос гардид. Баъдан бо барномаҳои шуъба, тарзи идораи СИИД шинос гардида, вазифаҳои мушаххас гирифт.

Хиромон Пӯлодова, И.в. мудири шуъбаи робита бо ВАО, сармуҳаррири нашрияи “Меҳвари дониш”

 

 

 

 

Чуноне, ки ба ҳамагон маълум аст, собиқ ҳизби назҳати исломии Точикистон, ҳозира ташкилоти экстремисти-террористии ҲНИТ дар замони Иттиҳоди абарқудрати Шӯравӣ соли 1978 дар совхози «Туркманистон»-и ноҳияи Бохтар таъсис дода шуда буд. Созмони экстремистии «Ихвон-ал-муслимин», яъне бародарони мусулмон ба таври махфиёна амал мекард. Мақсади асосии ин созмон барпо намудани давлати Халифат дар Тоҷикистон буд.

Боиси шукр ва хушнудист, ки оид ба марому мақсади ҲНИТ ба мо тоҷикон сари вақт маълум гашт. Ин ҳизб худ як ҳизби террористӣ буда, бисёр фарзандони барӯманди миллатро бо роҳи террористӣ аз байн бурданд. Аз 26 октябри соли 1991 Анҷумани муассисони ҳизб ба таври расмӣ баргузор шуд ва солхои 1991-1993 ҳизби мазкур ошкоро амал намуда, фаъолияти террористии худро мебурд. Ҳизби мазкур баъд аз шикаст хӯрдан дар шахри Душанбе, Кофарниҳон ва Файзобод мохи декабри соли 1992-1993 ба ноҳияҳои минтақаҳои Ғарм ҷойгир шуданд. Дар ин минтақа мардумро бо рохи зӯровари ба худ ҷалб мекарданд. Гӯё ба ном тартиботи исломиро ҷорӣ мекарданд. Дар ин минтақа 14 феврали соли 1993 яке аз муболиғони низомии исломӣ домулло Саъдидин С.Т. Рустамовро роҳбари созмони навтаъсиси Шӯрои инқилобии исломии нохиявии Ғарм таъин намуданд. Роҳбарони ин гуруҳ онҳоро ба ҷиҳод-ба муқобили Ҳокимияти қонунӣ даъват намуданд.

Дар матбуот ва масчидхо баромад намуда, аҳолиро ба сарнагун намудани ҳокимияти конститутсионӣ ва барпо намудани Ҷумҳурии исломии Точикистон даъват менамуданд. Ин ҳизби террористӣ бисёр ҷиноятҳои вазнинро содир намуд. Роҳбарони созмони ин ҳизб, яъне ҲНИТ оқибат шикасти сахт хӯрда, ба Афғонистон фирор карданд. Моҳи июни соли 1993 Иттиҳоди мухолифини тоҷикро ташкил намуданд, ки ба хайати он намояндагони ҲНИТ шомил буданд. Аз солҳои 1992-1997 ХНИТ дар Афғонистон амал намуданд. Дар муддати ин солхо борҳо бо сарҳади Тоҷикистон ҳамлаи мусаллаҳона бурданд. Лекин бо ташаббуси марзбонони Ватани азизамон онҳоро нагузошт то ба мақсади нопоки худ бирасанд.

Баъди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулх ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон он ҳамчун ҳизби сиёсӣ аз нав ба қайд гирифта шуд. Раиси собиқи ҲНИТ М. Ҳимматзода мақсаду мароми ҳизбро чунин баён намудааст: «Кору амали мо асосан тавассути кутубу дастуроте, ки аз ҷониби хоҷагони хориҷӣ барои иҷрои вазифаҳо дастраси мо мешуданд, ба роҳ монда шудааст». Инчунин донишҷӯёни хоричӣ кӯмак мекарданд. ҲНИТ симои худашро тавассути узви фаъоли он Мулло - Абдураҳим Каримов ошкор гардонида буд. Яъне ҲНИТ аз фаъолияти пинҳони ба фаъолияти ошкоро гузашт. Мутаассифона бисёре аз аъзоён ва роҳбарони бахшҳои ҲНИТ, аз ҷумла дар бораи барномаи сиёсии пинҳонии ҲНИТ огаҳи надоштанд. Аслан ҳизб барои Ислом бегона аст. Бунёди кардани ҳизби исломӣ, ки 99 фисади аҳолии онро мусулмонон ташкил медиҳанд, худ тафриқа андохтан миёни мардум мебошад. Тамоми рӯҳониёни машҳури тоҷик ҲНИТ-ро қабул надоштанд, намепазируфтанд ва онро дастгоҳ ва манбаи идеологияи ваҳҳобӣ донистанд. Фаъолияташро номаъкул ҳисобиданд. Аммо ҲНИТ ба иродаи мардуми мусулмон ва руҳониёни мазҳаби нигоҳ намекард. Бо кӯмаки хоҷагони пасипардагии худ арзи вуҷуд намуд. Боз маротибаи дуюм хамчун ҳизби сиёсӣ ба кайд гирифта шудани ҲНИТ аъзоёни он бисёр ҷиноятҳо содир намуданд, ба амалҳои террористӣ даст мезаданд.

Хуллас, мақсади асосии ин ҳизб фақат иғвогарӣ, нотинҷӣ дар кишвар, тафриқаандозӣ байни мардум ва ғайра мебошад. Бояд таъкид намоем, ки мутоиқи моддаи 4-и Конуни ЧТ «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ», ки фаъолияти онхо ба терроризм, зӯроварӣ, тағйир додани сохти конститутсионӣ равона гардидааст ё маҳалгароӣ ва диниро ташвиқ менамоянд, манъ аст.

Роҳбари ҲНИТ ҳоло дар хориҷи кишвар мебошад. Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш хиёнат ба Ватан, хиёнат ба модар, хиёнат ба мазҳаби Ханафи, хиёнат ба дини мубини Ислом намуданд. Дини мубини Ислом пайравонашро ба Худопарастӣ, сулҳу ваҳдат ва ватандӯстӣ, дӯстиву рафоқат даъват менамояд. ҲНИТ ягон робитае бо дини мубини Ислом надорад, баръакс ҳамаи корхояшон мухолифи фармудахои китоби муқаддаси мусалмонон «Қуръон» аст. Намоз хондан  нахондан мухим нест, мухим он аст, ки аъзои ҳизб бошӣ шуд. Дар интихоботҳо номи Исломро хат назанед, ки кофир хоҳед шуд. Аз ин маълум мегардад, ки мақсад якто-мукобили Ҳукумати қонунии ҶТ.

29 сентябри соли 2015 аз ҷониби Суди Олии ҶТ аризаи Прокурори генералии ҶТ қонеъ гардонида шуда, ҲНИТ-ро ҳамчун ташкилоти ифротгароӣ эътироф намуда, фаъолияташ дар тамоми кишвари мо бархам дода шуд. То имрўз руҳониёни исломии асил ҲНИТ-ро қабул надоранд ва эътироф ҳам намекунанд.    

Солиева Мавлудахон, донишҷӯ

 

Варзиш яке аз самтҳои асосии солимии давлат ва ҷомеа буда, дар кишвари мо таваҷҷуҳи хосаеро ба худ ҷалб намудааст. Саломатии миллат сарвати бебаҳост, ки аз солимии ҳар як фарди кишвар вобаста мебошад.

Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят бахшида ба соли 2018 – Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои миллӣ санаҳои 19-20 апрели соли равон «Бозиҳои варзишии вилояти Суғд оид ба варзиши сабук» дар қаламрави вилоят доир гардид.

Боиси ифтихор ва сарбаландист, ки дар мусобиқаи мазкур донишҷӯёни Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд низ ширкат варзида, ҷойи намоёнро ишғол намуданд.

Умаров Саидвоҳид, донишҷӯи курси 1-и ихтисоси 40.01.01.тА аз факултети информатика ва энергетика дар «Бозиҳои варзишии вилояти Суғд оид ба варзиши сабук» дар партофтани диск ва гурз қувваозмоӣ намуда, дар ҳар ду намуд сазовори ҷойи аввал гардид.

Варзишгар Умаров Саидвохид дар ҳар ду намуди варзиш  қувваозмоӣ намуда, маҳорат ва таҷрибаи баланди варзишӣ нишон дод. Дар партофтани диск ба масофаи 35,12м  ва гурзпартоӣ 47,03мсазовори ҷойи аввал гардид.

Ғолибони «Бозиҳои варзишии вилояти Суғд оид ба варзиши сабук» бо диплом, медал ва тӯҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят қадрдонӣ карда шуданд. Аз ҷумла, Умаров Саидвоҳид соҳиби ду медал ва дипломҳои дараҷаи якум гардид. Casino Mostbet Azərbaycan

Саидвоҳидро бо ин ғолибият аз номи Раёсати Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Точикистон таҳният гуфта, барояш қуллахои баланди варзишро орзумандем. Бигзор дар оянда низ дар чунин мусобиқаҳои варзишӣ ширкат варзида, нуфузи донишкадаро баланд бардорад.

Хиромон Пӯлодова, иҷрокунандаи вазифаи сармуҳаррири нашрияи “Меҳвари дониш”

 

 

 

Баҳри иҷрои тадбирҳои пратаколи рақми 8 - и машварати назди Раиси шаҳри Хуҷанд оид ба пешгирии ҳодисаҳои номатлуби терроризму экстремизм ва даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи нақша - чорабинии якҷоягии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд, прокуратураи шаҳр, шуъбаи корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд силсилаи мулоқотҳо бо донишҷӯёни муассисаҳои олии касбии шаҳри Хуҷанд доир шуда истодааст.

Чунин мулоқоти судманд рӯзи гузашта дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техники Тоҷикистон бо иштироки  раиси кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар, ваколатдори калони оперативии Шуъбаи корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, капитани милитсия Ҷабборов Шарафҷон, иштирокчии барқароркунандаи сохти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонов Рустамҷон доир гардид.

Чорабиниро муовини директор оид ба тарбияи донишкада Фаррух Аминов ҳусни оғоз бахшида, таъкид дошт, ки дар ҷаҳони мутамаддин дар баробари пешравиҳои илму техника, ҳамчунин зуҳуроти хатарзои терроризму экстремизм рӯ ба афзоиш аст. Зеро паҳни иттилоъ ба дараҷае осон шудааст, ки ҳаракату ҳизбҳои мамнӯъ дар муддати хеле кӯтоҳ метавонанд, ҳадафҳои худро ба шуури аҳли ҷомеа, хосса ҷавонон расонанд. Махсусан терроризму экстремизмро ба дини мубини ислом вобаста кардани қувваҳо амсоли  ДИИШ, Салафия,  «Ҳамос», «Ҳизбуллоҳ», «Бародарони мусалмон», «Ҷамоати исломӣ», «Ал Фаҷр», «Ҳаракат ул-Ансор», «Артиши имом», «Танзим давлат ул Иршод», «Ҷомеаи исломӣ» ва ғайра тангназарону таасубгаронро бештар ба худ ҷалб кардааст. Ҳадафи мулоқоти имрӯза баланд бардоштани маърифати сиёсии ҷавонон маҳсуб меёбад.

Дар баромади Маликисломӣ Наим Мунаввар зикр шуд, ки ҳар яки мо – сокинони кишвар новобаста аз синну сол, фарқияти ҷинсиву вазъи иҷтимоӣ зарур аст, ки алайҳи терроризму экстремизм муборизаи ҳамҷоя барем. Нагузорем, ки ҷавонони мо ба гурӯҳу ҳаракатҳои гуногун шомил шаванд. Зеро ватани моро ба ҷуз худи мо каси дигар обод намекунад. Якпорчагии Тоҷикистони азиз, фазои осудаву ором ва рушди иқтисодиёташ боиси ҳаёти хурраму обод ва дастархони пурнозу неъмат мебошад. Номбурда аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд.

Ҷабборов Шарафҷон зимни маърӯза зикр дошт, ки дар ҳудуди вилоят даҳҳо оилаҳоро дучор омадан мумкин аст, ки фарзандҳояшон бинобар гумроҳӣ дар майдонҳои набарди Сурияву Ироқ фавтидаанд ё бе ному нишон гардидаанд. Зеро аксар аз надонистани оқибатҳои маргбори ин амал ба чунин гурӯҳҳо пайваст шудаанд. Номбурда омили асосии гаравидани ҷавононро дар фаъол будан дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ медонад. Дигар роҳи гароиш ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ паҳн гардидани адабиётҳои динӣ, ки аз ҷониби мубаллиғон ройгон дода мешавад, мебошад. Мавсуф аз таърихи пайдоиши ҳизбу ҳаракатҳои гуногун ба монанди «Ал- қоида», «Салафия»  гузориши муффасал дода, эҳтиёткор буданро бар манфиати кор донист.

Шогирдон муваззаф гардиданд, ки дӯстону ҳамсабақони худро ҳушдор диҳанд, то даст ба чунин амалҳои номатлуб назананд.

 

Дар доираи таҷлили даҳаи ҷавонон, ки ҳамасола моҳи май баргузор мегардад,  бо иқдоми директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техники Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри  Хуҷанд Саидӣ Дилафруз Раббизода  бахшида ба Рӯзи ҷавонон аз санаи 30 апрели соли равон то 7 май дар донишкада ҳафтаи худидоракунӣ миёни донишҷӯён эълон карда шуд.

Барои ҷалби донишҷӯён ба вазифаҳои Раёсати донишкада озмун дар ду давр баргузор гардид. Даври якуми озмун барои ишғоли вазифаҳои  Раёсати донишкада  санаи 20.04.2018 дар ҳамаи факултетхо гузаронида шуд.  Аъзоёни комиссия, ки деканони факултет ва мудирони кафедраҳо, муовини директор оид ба корҳои тарбия Аминов Ф. интихоб гашта буданд, бо донишҷӯён суҳбат гузаронида, ҳамчунин, аз дониши сиёсии онҳо бохабар гардиданд.

Аз 30 донишҷӯёне, ки дар даври якум ширкат варзида буданд, саволнома гирифта шуд, ки сифатхои лидериро инъикос намуд. Даври дуюми озмун санаи 27.04.2018 дар толори Шурои олимони донишкада бо иштироки бевоситаи директори донишкада Дилафрӯз Саидӣ, муовини директор оид ба таълим Мақсудов Х.Т., муовини директор оид ба корхои тарбия, Аминов Ф.А. баргузор гардид. Донишҷӯёни ба даври дуюм роҳхатёфта ба даври дуюми иштирок намуданд ва бо аъзоёни комиссия саволу ҷавоб намуданд.

Директори донишкада бо ҳар яке аз довталабон дар алоҳидагӣ суҳбат намуда, фикру ақида ва таклифу пешниҳоди онҳоро доир  ба фаъолияти донишкада қабул намуданд.

Санаи 28.04.2018 озмун ҷамъбаст гардид ва ба вазифаҳои сардорони шуъбаҳо ва деканҳо донишҷӯён аз факултетхои гуногун муайян гардиданд.

Донишҷӯёне, ки ба вазифаҳои сардорони шуъбаҳо ва декани факултетҳо таъин гардиданд, доир ба рафти ҳафтаи худидоракунӣ дар донишкада аз ҷониби донишҷӯён дар шумораи оянда маълумот хохем дод.

 

 Хиромон Пӯлодова, иҷрокунандаи вазифаи сармуҳаррири “Меҳвари дониш”

 

 

 

Зуҳури дини ислом, ки пасон сабаби ташкили давлати муттаҳидаи арабҳо, - Хилофати Араб (622-1258) гардид, дар такдиру сарнавишти бисёр халқҳои Шарқ, аз ҷумла тоҷикон накши муҳим бозид. Ислом, ки ба маънӣ-итоат, тавозӯъ, фармонбардорӣ аст, яке аз динҳои яктопарастии ҷаҳонӣ буда, дар асри VII дар нимҷазираи Арабистон дар муҳити қабилаҳои араб пайдо шудааст. Асосгузори он Муҳаммад ибни Абдуллоҳ (570-632), яъне Муҳаммад пайгамбар шуморида мешавад. Азбаски дар исломи ибтидой гояҳои иҷтимоии бародарӣ, баробарӣ, накӯкорӣ, адолатпарварӣ, шафқату эҳтиром ба якдигар таргибу талқин шуда, зулму тааддӣ, риёкорӣ, дурӯғгӯӣ, ришвахӯрӣ зери тозиёнаи танкид афтида буд, мардуми нимҷазираи Арабистон ва баъдтар қавмҳои эронй хам онро писандида қабул карданд. Манбаъҳои гоявии ислом, қабл аз ҳама дини яҳудй, масеҳй, динҳои қадимаи қабилаҳои араб, зардуштия ва монавия мебошад. Асоси таълимоти дини исломро китоби «Қуръон» ташкил медиҳад. «Қуръон» аз 114 сура (боб) иборат буда, барои мусулмонон китоби муқаддас маҳсуб шуда, пояи асосии дини ислом аст.

     Имрузхо дар зери ниқоби дини ислом хар гуна харакат ва равияхои ифротгаро ва хатто бо ном «давлати исломӣ» пайдо гардида истодааст, ки агар хубтар назар намоем, бо манбаъҳои ғоявии ислом ҳеҷ наздикӣ надоранд.

     Чунончи пайдоиши «Давлати исломии Ирок ва Лубнон» дар ибтидои асри ХХI ва аз моҳҳои июн ва июли соли 2013 аз чониби аксарият давлатҳои ҷаҳон маҳкум карда шуд. Забткориҳои босуръати ҳудудҳои Ироқ ва Сурия аз ҷониби давлати бо ном исломӣ, дар нимаи аввали соли 2014, ки он бо ваҳшоният ва вайрон кардани ҳама гуна ҳуқуқҳои башарии инсон гузаронида шуд, аз тарафи созмонҳои байналхалқӣ маҳкум карда шуд.

     Мо низ, халқи тоҷик, ки таърихи қадим ва ибратомӯз дорем, бояд нагузорем, ки ин гуна ҳаракатҳои террористӣ дар олам паҳн шуда, сабаби сар задани ҷанги нави ҷаҳонӣ шавад.

                                                                                                               

 

 

 

Бисту ҳафт сол аст, ки аз обу ҳавои Истиқлолият нафас мегирему ифтихорманд аз он ҳастем, ки  кишварамон рӯз аз рӯз ободу зебо мешавад. Мардуми ваҳдатшиори кишвар бо шукргузорӣ аз ин мулки озоду обод паи меҳнати созанда ҳастанд. Аммо миёни гул хор ҳам гуфтагӣ барин солҳои охир ба ин ободиву озодӣ, нашъунамои кишвари афсонавии мо хатари ҷаҳонӣ таҳдид менамояд. Терроризм, экстремизм бегонапарастӣ,  ифротгароӣ, гурӯҳҳои тундрав, қочоқи маводи мухаддир, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб, ҷудоиандозӣ, гумроҳшавӣ амалҳое ҳастанд, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишвари моро ба таҳлука овардааст. Аз нав зуҳур кардани «Ҷанги сард» миёни абрқудратон  боиси нигаронӣ аст. Ин ноамниҳоро истифода бурда, қувваҳои иртиҷои мекӯшанд, фазоро истифода баранд.

Аҳли башар бояд сайёраи Заминро чун гавҳараки чашм ҳифз намояд. Мо танҳо як Замин, як маъвои ҳастӣ ва як гаҳвораи ҳаёт дорем. Яке аз омилҳои асосие ки кафолати бехатарии шахсии одамон ҳуқуқу озодиҳоии онҳо,  тартиботу оромии ҷомеа ва амнияти давлатро халалдор месозад афзоиши сатҳи ҷинояткорӣ аз ҷумла ҷиноятҳои терроризми байналхалқӣ ва эстремизм мебошад. Аслан сарчашмаи терроризм ифротгароӣ аст. Эстремистон, яъне моҷароҷӯён бо ягон кас муросо кардан намехоҳанд, ақидаи дигарро таҳаммул намекунанд ва барои ба мақсад расидан терроро кор мебаранд.

Мо, устодон аз ҳарвақта дида масъулу ҳушёр ва зирак бояд бошем, то ки пеши роҳи ҷавонони гумроҳро гирем, онҳоро ба роҳи рост ва бунёдкорӣ ҳидоят намоем. Бояд тамоми воситаҳоро барои фаҳмонидани хатогиҳои онҳо истифода барем. Вазифаи аввалиндараҷаи омӯзгори имрӯза доимо зери назорат нигоҳ доштани шогирдони хеш мебошад. Бояд бо ҳаёти ҳар шогирди худ муносибати ҷиддӣ дошта бошад.

    Ҷомеаи меҳнатии ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд нисбати ин масъалаи доғи рӯз бетараф набуда, мунтазам дар муассиса оиди ин мавзӯъ соатҳои тарбиявӣ, вохӯриҳо бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ сӯҳбатҳо гузаронида, донишҷӯёнро дар руҳияи ватандӯстӣ, инсонпарварӣ, муттаҳидӣ, тарбия менамоянд. Ҳамаи моро дозим аст, ки дастаҷамъона ба муқобили ин «вабои аср» мубориза барем ва нагузорем, то даст нопоки бадхоҳон ба кишвари биҳиштосои мо низ дароз шавад, зеро бадхоҳон ҳеҷ гоҳ ба мақсад намерасанд.

 

 

 

 

Дар охири қарни XX ва ибтидои қарни XXI инсоният ба хатари ҷиддие мисли ифродгароӣ ва терроризм рӯ ба рӯ шуд,ки ба бақои оламу одам таҳдид мекунад. Имрӯзҳо хатари терроризм ва ифродгароӣ дар  авҷи болоравист ва ин аҳли ҷомеаи солими тамоми сайёра,аз он ҷумла Тоҷикистону тоҷикистониёнро низ бартараф гузошта наметавонад. Боиси таасссуф аст, ки ҷавонон имрӯзҳо аз сабаби дониши мукаммал ва  саводи кофӣ надоштан худро ба коми терроризм ва ифродгароӣ андохта истодаанд. Ин амали онҳо сабабҳои зеринро дорост:

1.Надоштани маълумот оиди ифродгароӣ ва терроризм.

2.Ҳисси молу сарват (пул)

3.Надоштани ҳисси ватандустӣ ва инсондӯстӣ дар ниҳоди худ.

  1. Надоштани ҳисси эҳтиром ва дустдорӣ нисбати оила ва наздикони худ. Албатта онҳое,ки мегӯянд, ифродгароӣ ва терроризм падидаҳое мебошанд, ки инсониятро дар тамоми тӯли таърих ҳамроҳӣ намудаанд, беасос нест.Решаҳои онҳо хеле чуқур мебошанд. Ҳоло касе гуфта наметавонад,ки якумин амалиёти террористӣ кай,дар куҷо ва бок адом мақсад сар задааст.

    Дар аҳди қадим,асрҳои миёна ва давраи нав ҳам одамони алоҳида ва ҳам гурӯҳҳои муташаккили сиёсию мазҳабие буданд,ки ба воситаи тарсонидану даҳшатофарини мехестанд мақсадҳои худро ба дигарон бор кунанд,зимни ин одамони бегуноҳ қурбон мешуданд.

    Зуҳури ифродгароии сиёсӣ,қавмӣ, мазҳабӣ ва ғайра падидаҳои бисёр ҷиддӣ ва дар айни замон нигароникунанда барои давлат ва тамоми ҷомеа мебошад.

    Дар охири асри гузашта ва ибтидои ҳазораи нав амалҳои ифродгароӣ ва террористӣ бештар характерӣ сиёсӣ гирифтанд,доираи фаъолияти террористон хеле васеъ гардид

     Бо инкишофи техника ва технологияи нав шаклу намудҳои нави террористӣ ба вуҷуд омаданд,ки аз рӯи иқтидорӣ харобиовариашон ба амалиёти калони ҷанги шабоҳат доранд.

    Имрӯзҳо ин масоили доғи рӯз миёни ҷавонону наврасони шаҳру ноҳияи мо мисли зарпечак байни шаҳрвандон реша давонда истодааст. Рӯз аз рӯз шумораи гумроҳшудагон ва даст ба ҳар гуна корҳои ношоям зада истодани ҷавонону наврасон аҳли ҷомеаро ба ташвиш дода истодааст. Ҷавонон ҳоло меҳнат кардан намехоҳанд,роҳи осони пулёбиро ҷустуҷӯ мекунанд. Аз ин рӯ онҳоро гумроҳ кардану ба гурӯҳҳои ифродгарою террористӣ шомил намудан осон аст.

    Ҷавонон набояд фирефтаи суханҳои пучу бемағз ва пулу сарвати «хӯҷаинҳои аҷнабӣ» гарданд.

    Зарур аст,ки аҳли ҷамоатчигӣ аҳли маорифу фарҳанг,  волидон, муассисаҳои таълимию касбӣ бо ҷавонон ҳама вақт дар робита бошанд. Ба онҳо моҳият, сабабҳои авҷгирии терроризм ва ифродгароиро  фаҳмонанд. Онҳоро ба маҳфилҳои касбомӯзӣ ҷалб намоянд. Ҷавонон вақтҳои холигии худро ба варзиш сарф намоянд. Ҳунарҳои гуногунро омӯзанд ва барои пешрафт ва ободии Ватани хеш саҳмгузор бошанд.

Дар охири қарни XX ва ибтидои қарни XXI инсоният ба хатари ҷиддие мисли ифродгароӣ ва терроризм рӯ ба рӯ шуд,ки ба бақои оламу одам таҳдид мекунад. Имрӯзҳо хатари терроризм ва ифродгароӣ дар  авҷи болоравист ва ин аҳли ҷомеаи солими тамоми сайёра,аз он ҷумла Тоҷикистону тоҷикистониёнро низ бартараф гузошта наметавонад. Боиси таасссуф аст, ки ҷавонон имрӯзҳо аз сабаби дониши мукаммал ва  саводи кофӣ надоштан худро ба коми терроризм ва ифродгароӣ андохта истодаанд. Ин амали онҳо сабабҳои зеринро дорост:

1.Надоштани маълумот оиди ифродгароӣ ва терроризм.

2.Ҳисси молу сарват (пул)

3.Надоштани ҳисси ватандустӣ ва инсондӯстӣ дар ниҳоди худ.

  1. Надоштани ҳисси эҳтиром ва дустдорӣ нисбати оила ва наздикони худ. Албатта онҳое,ки мегӯянд, ифродгароӣ ва терроризм падидаҳое мебошанд, ки инсониятро дар тамоми тӯли таърих ҳамроҳӣ намудаанд, беасос нест.Решаҳои онҳо хеле чуқур мебошанд. Ҳоло касе гуфта наметавонад,ки якумин амалиёти террористӣ кай,дар куҷо ва бок адом мақсад сар задааст.

    Дар аҳди қадим,асрҳои миёна ва давраи нав ҳам одамони алоҳида ва ҳам гурӯҳҳои муташаккили сиёсию мазҳабие буданд,ки ба воситаи тарсонидану даҳшатофарини мехестанд мақсадҳои худро ба дигарон бор кунанд,зимни ин одамони бегуноҳ қурбон мешуданд.

    Зуҳури ифродгароии сиёсӣ,қавмӣ, мазҳабӣ ва ғайра падидаҳои бисёр ҷиддӣ ва дар айни замон нигароникунанда барои давлат ва тамоми ҷомеа мебошад.

    Дар охири асри гузашта ва ибтидои ҳазораи нав амалҳои ифродгароӣ ва террористӣ бештар характерӣ сиёсӣ гирифтанд,доираи фаъолияти террористон хеле васеъ гардид

     Бо инкишофи техника ва технологияи нав шаклу намудҳои нави террористӣ ба вуҷуд омаданд,ки аз рӯи иқтидорӣ харобиовариашон ба амалиёти калони ҷанги шабоҳат доранд.

    Имрӯзҳо ин масоили доғи рӯз миёни ҷавонону наврасони шаҳру ноҳияи мо мисли зарпечак байни шаҳрвандон реша давонда истодааст. Рӯз аз рӯз шумораи гумроҳшудагон ва даст ба ҳар гуна корҳои ношоям зада истодани ҷавонону наврасон аҳли ҷомеаро ба ташвиш дода истодааст. Ҷавонон ҳоло меҳнат кардан намехоҳанд,роҳи осони пулёбиро ҷустуҷӯ мекунанд. Аз ин рӯ онҳоро гумроҳ кардану ба гурӯҳҳои ифродгарою террористӣ шомил намудан осон аст.

    Ҷавонон набояд фирефтаи суханҳои пучу бемағз ва пулу сарвати «хӯҷаинҳои аҷнабӣ» гарданд.

    Зарур аст,ки аҳли ҷамоатчигӣ аҳли маорифу фарҳанг,  волидон, муассисаҳои таълимию касбӣ бо ҷавонон ҳама вақт дар робита бошанд. Ба онҳо моҳият, сабабҳои авҷгирии терроризм ва ифродгароиро  фаҳмонанд. Онҳоро ба маҳфилҳои касбомӯзӣ ҷалб намоянд. Ҷавонон вақтҳои холигии худро ба варзиш сарф намоянд. Ҳунарҳои гуногунро омӯзанд ва барои пешрафт ва ободии Ватани хеш саҳмгузор бошанд.

 

Дини мубини ислом барои ҳар мусалмон азиз аст ва ҳар шахси муъмин мехоҳад, ки тибқи фармудаҳои Худованду Расулуллоҳ амал намояд. Дар ин замина пайдо мешуданд одамоне, ки барои тоати Парвардигору итоати Расули Худо ба ҲНИТ аъзо гардида, фаъолият баранд. Муқарраран, онҳо баъди аъзогӣ ба ҳизб таълимоти динӣ гирифтанд, каму беш аз сиёсат огоҳ гардиданд ва гумон карданд, ки танҳо сиёсати ҳизбашон ҳақ асту дигарҳо гумроҳу гунаҳкоранд.

Гуруҳе аз пайравони ҲНИТ баъди он, ки фаъолияти он дар Тоҷикистон мамнўъ гашт, ба кишварҳои хориҷӣ, ба Эрон, Туркия, кишварҳои Аврупоӣ рафта, тавассути сомонаҳои Паём. нет ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ  мардумро ба худ ҷалб карданӣ мешаванд.

Раҳбарони ҲНИТ аксар вақт камбудиҳои ҷузъиро аз будаш зиёд нишон дода, таъкид медоранд, ки  ҳукумати кишвар намехоҳад, ки ин масъалаҳоро ҳал намояд.

Роҳбарони мухолифин иддао доранд, ки иқтисодиёти Тоҷикистон дар сатҳи паст қарор дорад. Аммо ин масъала ҳам дар кишварамон рўз аз рўз ҳалли худро ёфта истодааст. Шоҳид гашта истодаем, ки корхонаҳои нав ба нав ба истифода дода мешаванд. Таъмини мардум бо ҷойи кор чандин маротиба беҳтар гаштааст. Ҳақиқатро бояд дид ва ба ҳар гуна ҳарзаву ҳазён фирефта набояд гашт.

Аз ин рў, ба пайравони ҲНИТ, ки имрӯз дар ҳудуди кишвару берун аз он ҳастанд,  таъкидан мегўем, ки аз раъйшан баргарданд . Зеро зиндагии ростинро  давлат ва Ҳукумат кафолат додааст.

 

 

Дар Тоҷикистон сулҳу ваҳдат, оромию осудагӣ танинандоз аст.    Истиқлолияти комиле, ки ба мо ато шудааст бояд шукрона кунему ба шахсиятҳои ношукр бифаҳмонем, то солҳои даргирии ватани азиз, ки аз чунин нофаҳмиҳову дасисабозиҳо рӯи кор омада, тамоми халқи кишварро ба таҳлука оварда буд.

Ҷанги бародаркуши солҳои навадум ба хотири кӣ ва чӣ буд, кӣ бурд ва чӣ бохт? Охир вақте бародар бо бародар меҷангад оё ғолибу мағлуб буда метавонад, ин ҳама бедодгариҳо бемазмун, беасос, бемантиқ буда, ягон рукни дини мубини ислом он ҷо мавҷуд набуд. Оташи он ҷанг бо мушкилии зиёде хомӯш гашт, ҷигарҳо пурхун, қалбҳо харошида ҷовидона монданд, вале чаро боз онро аз сари нав эҳё намоем?

Мо рушанфикрон,    ки   дар  хавои  софу  беолоиши  Тоҷикистони   сохибистиқлол  нафас   мекашем,    кулли  ҷавонони  Тоҷикистон   танҳо  ва  танҳо  як  нияти  холис  дорем,   он  ҳам  бошад  талаби  илм,  маърифат ,   дарси  одаму  одамият. 

Ҷавононе, ки гумроҳи чунин роҳҳо гаштаанд, умедворем, ки аз райъи худ баргашта ба ватани азизи худ оянд, то ки бо таҳсил ё меҳнати худ шуғл варзанд. Чунки миллати мо дар ҳама давру замонҳо фазлу хирад, озодандешӣ, донишандӯзӣ ва зиндагии беолоишро пеша карда кардааст. Барои миллати мо на ҷангу зӯроварӣ, балки фарҳангдӯстиву сулҳпарварӣ, одобу ахлоқи ҳамида, шарҳрдорию бунёдкорӣ, меҳмоннавозию инсондустӣ хос аст. Зеро фардо фурсат ба ҳар яки мо имкон намедиҳад, ки пас аз хулосаҳои зиндагӣ аз сари нав ҷавон шавему ҳаёти босамар барем.

Ҷавонони замони истиқлолият, парвардаи истиқлолият хоҳиш ва орзуву ормон доранд, ки давлатамон рушд намояд ва намегузорем, ки нохалафе чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи кишвар ба амнияти истиқлолияти мо таҳдид ворид созад.

Ҳамчун устоди донишкада аз худшиносиву худогоҳии милливу сиёсӣ ва динии донишҷӯёнамон  ифтихор мекунам ва аз чунин андешаварзӣ, фикри солиму равшани ҷавонони донишҷӯ истиқболи ҳамаҷониба менамоям.

  Бинобар он нохалафони дохилӣ ва берунии кишварро  маҳкум карда, гуфтанием, ки онҳо ҳамчун зархаридони хоҷаҳои хориҷӣ (бегона) намуда, ба муқобили Ватани маҳбуби мо корҳои ношоистаро раво набинанд.

 Ин тоифа шахсиятҳо ба дуои модарони тоҷик гирифтор нашаванд.

 Ва ёддрас менамоем, ки то ҳол  оби дидаи модарони азиз аз ҷабри солҳои наваддуми бародаркуши хушк нашудааст.

 Ба онҳо тавфиқ мехоҳем, ки онҳо фикри фарзандони худ, модарону ҳамсар ва авлоди хешро дар назди мардум лаънаткарда қарор надиҳанд.

Тибқи моддаи якуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6-уми ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шудааст, Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Тағйирнопазирии тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии Тоҷикистонро моддаи 100-ум кафолат медиҳад.

Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эътирофу эътиқоди шаҳрванд нисбат ба дину мазҳаб садде гузошта намешавад. Давлати дунявӣ ва демократӣ ифодагари манфиату талаботҳои тамоми мардуми кишвар мебошад. Ин аст, ки баъди истиқлолияти Тоҷикитон, аксари мардуми тоҷик ба дини ислом ҳамчун манбаи ростӣ, покизагӣ, накӯкорӣ, меҳнатдӯстӣ, инсондӯстӣ, ҳидоятгари роҳи рост рӯй оварданд. Ҳамаи ин бе дахолати беруна, дар асоси таъмини озодии интихоби эътиқод буд.

Аммо ҲНИТ ин шароиту имкониятро бо мақсадҳои ғаразона истифода бурд. Натиҷаи амалҳои хоинонаи онҳо буд, ки имрӯз ҳамчун гуреза дар хориҷи кишвар зиндагӣ доранд ва ҳар лаҳзаву соат мехоҳанд барои амнияти кишвар халал ворид созанд. Мақолаҳои баҳсбарагез ва муғризонаро дар шабакаҳои иҷтимоӣ интишор намуда, умедвории онро доранд, ки халқ бар дифояшон мехезанд. Аммо ҳадафашон пояи воқеият надорад. Зеро халқи яктану якмроми миллати тоҷик бар зидди оинони ғаддори худ якҷоя бо давлат ва Ҳукумати кишвар мубориза мебарад. Зеро мо метавонем.

 М. Темирова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд