22 майи соли равон дар Қароргоҳи Сарвари давлат дар шаҳри Хуҷанд маросими супоридани стипендияҳои Раиси вилоят ба донишҷӯён, магистрантон ва аспирантон баргузор гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронии худ дар ҳузури гирандагони стипендияи Раиси вилоят таъкид кард, ки таваҷҷўҳ ба фаъолияти ҷавонон ва татбиқи муваффақонаи сиёсати давлатии ҷавонон имрўз яке аз муҳимтарин самтҳои сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб ёфта, ба фаъолияти ҷавонон, бахусус донишҷўёну магистрантон ва аспирантон дар қаламрави кишвар эътибори бештар зоҳир гардида, иқтидор ва имкониятҳои онҳо барои пешрафти самтҳои идоракунии давлатӣ босамар истифода мегардад.

-Тайи солҳои охир ҷиҳати дастгирии ҳамаҷонибаи донишҷўёну магистрантон ва аспирантони фаъол ва мусоидат барои ташаккули фикриву эҷодии онҳо аҳамияти махсус зоҳир мегардад ва пайваста бо дарназардошти афзудани ҳаҷми музди меҳнати кормандони соҳаҳои таъминоти буҷавӣ, зиёд шудани ҳаҷми стипендияҳои донишҷўёну магистрантон ва аспирантон аз муҳимтарин тадбирҳои дастгирикунандаи давлат ва Ҳукумати кишвар нисбат ба донишҷўёни аълохон маҳсуб меёбад, - иброз дошт Раиси вилоят.

Таъкид гардид, ки аз 300 нафар довталабон 130 нафар донишҷўёну магистрантон ва аспирантони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят тавассути озмун ба гирифтани стипендияи Раиси вилоят мушарраф шуданд.

Раҷаббой Аҳмадзода бо ишора ба мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеаи кишвар баён дошт, ки ҷавонони фаъол бояд равандҳои таҳаввулоти ҷомеаи имрўзро дарк ва таҳлил намуда, корҳои таблиғотӣ ва маърифатию фаҳмондадиҳиро ҷиҳати пешгирии ифротгароӣ ва таассубу хурофот ҷоннок намоянд.

Раиси вилоят донишҷўёну магистрантон ва аспирантонро бахшида ба Рӯзи ҷавонон табрик гуфта, ба онҳо дар ҷодаи илму маърифат комёбиҳо таманно намуд. Самые доступные цены на проституток в Пензе у нас!

Сипас, ба 130 нафар донишҷўёну магистрантон ва аспирантони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят барои соли хониши 2017-2018 стипендияҳои Раиси вилоят супорида шуд.

Дар анҷоми чорабинӣ ҷавонони фаъоли вилоят бо сипосмандӣ аз дастгириҳои давлату Ҳукумати мамлакат ваъда доданд, ки бо баҳои аъло таҳсил намуда, дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзандаи худро мегузоранд.

 

Бахшида ба моҳвораи Рӯзи ҷавонон мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ  доир шуданд. Дар ин мусобиқаҳо донишҷӯёни донишкада фаъолона ширкат варзиданд. Донишҷӯи курси 4, гурӯҳи 70.02.01 тб Алимов Иброҳим дар риштаи гӯштини тарзи озод сазовори ҷойи дуюм гардид.  Хоналиева Зулола, донишҷӯи курси 1, ихтисоси 50.01.01 дар риштаи варзиши сабук дар ду намуд- давидан ба масофаи 100 метр ва 400 метр ва дар роҳгардии варзишӣ ба масофаи 5 км сазовори ҷойи якум гардид. Донишҷӯйи курси 3 ихтисоси 37.01.07 та Ҳусейнҷон Худойназаров дар риштаи давидан ба масофаи  5 км сазовори ҷойи 2 гардид. Хурсандиовар он аст, ки Ҳусейнҷон дар пойтахти кишвар дар мусобиқаи ниммарафонии байналмиллалӣ барои дарёфти мукофоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон ширкат варзиданд, мақоми 208- умро соҳиб шуд. Барои кулли ғолибон, иштирокдорони мусобиқаҳои варзишӣ, ки шарафи донишкадаро баланд бардоштанд, аз номи Раёсати донишкада изҳори сипос гуфта, барояшон дар ҷодаи ғолибият комёбиҳои нав таманно дорем dubaixdate.com

Қобил Маҷидов, устоди фанни тарбияи ҷисмонӣ

 

Раванди ҷаҳонишавии тамаддунҳо, бархӯрди абарқудратҳо боис шуда истодааст дар давлатҳое, ки  ҳуввияти миллӣ, ҳамдигарфаҳмӣ поянда нест, ҷангҳои шадид рух дода истодааст. Аз низоъву нофаҳмиҳои давлати Сурия панҷ сол сипарӣ мешавад. Вале то кунун сокинон дарк накардаанд, ки ба кадомин тараф бовар кунанд. Аз як тараф нерӯҳои опозитсионӣ аз ҷониби дигар нерӯҳои ҳукуматӣ ҳақ будани худро исбот карданӣ мешаванд. Дар натиҷа аҳолии осоишта ва иқтидору иқтисодиёти кишвар зарари калони маънавиву иқтисодӣ кашида истодаанд.

Мо ин таҷрибаи талхро солҳои навадум аз сар гузаронида, шукрона, ки бо оромиву тинҷӣ расидем. Маҳз ҳамдигрфаҳмӣ боис шуд, ки рӯзи саодату нишотбахш насибамон гардид. Кишвари мо 21- сол инҷониб аз насими рӯҳбахши ваҳдату истиқлол озодона нафас мекашад. Аммо ҳанӯз ҳам қувваву нерӯе ҳаст, ки ин ҳама ободиву ҳамдигарфаҳмиро дидан намехоҳанд. Ба ин нафарони зархарид номуназзами нотифоқии миллати тоҷик бештар манфиат меорад. Зеро онҳо медонанд, ки пояи давлатдориро танҳо метавон аз дарун заиф сохт. Ба ин хотир аслиҳаи асосии онҳо ин ҷанги иттилоотӣ мебошад. Мо тавассути сомонаҳои ҳангомаҷӯй ҳамарӯза «ибтикорот»-и  гурӯҳҳои ба ном 24, ҲНИ ва дигар майдагурӯҳҳоро мебинем, ки танҳо рисолаташон сари компютер нишастану тӯҳмате ба сари кишвар бор кардан аст. Суоле ба миён меояд, ки ин нафарон аз кадомин ҳисоб соҳиби хонаву дар, шароити хубу созгор барои «интиқомҷӯӣ» меёфта бошанд. Худ маълум аст, ки онҳо солҳои сол пулҳои дуздидаашонро сарфи ин «шуғли» амри виҷдон мекунанд. Бар замми ин онҳо пулҳои ҳангуфти хоҷагони худро доранд, ки беҳадду канор аст. Пас онҳо дигар шуғле надоранд. Ба ҷузъ «аз таги нохун чиркковӣ». Худи Кабирӣ дар ҳар мусоҳибаи худ гаштаю баргашта аз камбудиҳои давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон сухан мегӯяд, аммо ҳамаи гуфтаҳояш пояи воқеӣ надоранд.

Ӯ чун роҳбари як ҳизби ба қавли худ «муқтадир» бояд дар дохили Тоҷикистон исбот мекард, ки барномаву оинномаҳояш барои беҳбудии халқ равона аст. Агар ӯ ба парлумони кишвар дар интихоботи навбатӣ роҳ меёфт, боз ҳам бо Ҳукумат мусолиҳа мекард. Яъне, ӯ ҳамеша манфиатҳои худро аз зердастонаш боло мегузошту мегузорад. Худ ноамниҳоро дар кори кӯшиши табаддулоти давлатӣ ташкил карда,  бо аҳли оилааш ба хориҷи кишвар фирор намуд ва гоҳу ногоҳ бо ҳар баҳонае ҳамчун «коршинос» ҷумҳурии мо ва ниҳодҳои марбутаи онро мавриди танқид қарор медиҳад, ки онҳо аслан бунёде надоранд. Ӯ пайваста дар мусоҳибаҳои сохтакоронаи худ таъкид медорад, ки  намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар аз собиқ аъзоёни ин ҳизб бо ҳар баҳона гӯё маблағ меситонанд. Аммо асли воқеа ин аст, ки ҳанӯз пеш аз кӯшиши табаддулоти давлатӣ аксари аъзоёни ин ҳизб дар минтақаҳо ихтиёран ариза навишта аз ин ҳизб рафта буданд ва он дар аксарияти шаҳру ноҳияҳо бе аъзо монда буд. Эҳтимол яке аз сабаби асосии кӯшиши табаддулоти давлатӣ бо тарҳрезӣ ва пуштибонии хоҷагони хориҷии онҳо аз ҷониби роҳбарони ин ҳизб пеш аз ҳама ҷилавгирӣ аз камнуфуз гардидани ин ҳизб дар миёни қишрҳои мухталифи ҷомеаи кишвар бошад.

Чун ҷониби ғарб, минҷумла Ҷумҳурии исломии Эрон пуштибони аслии Кабирӣ ва дигар гурӯҳҳо ҳастанд, мардуми азиятдида, ҷавонони бо нангу ор зимни як тазоҳурот дар назди сафоратхонаи Ҷумҳурии исломии Эрон аз роҳбарияти ин кишвар тақозо карданд, ки Кабирӣ ва ёронашро ба кишвари мо баргардонад, то дар доираи қонуни кишвар барои гумроҳии ҷавонон, тӯҳмату бӯҳтоне, ки нисбати давлат ва Ҳукумати кишвар кардаанд, ҷавоб гӯянд. Аммо ин тазоҳурот бо мақсади аланга нагирифтану доман паҳн накардан, аз ҷониби мақомоти қудратӣ пароканда карда шуд. Аммо ҷониби мухолифин ба эҳсосоти мардум бозӣ карда, ин тазоҳуротро сенарияи ҳукуматӣ номидаанд, ки комилан хатост. Аз чеҳраҳои сокинон маълум буд, ки онҳо бо чи андоза нафрату ғирев барои ситонидани ҳаққи худ ба тазоҳурот омада буданд.  

Яке аз поягузорони адабиёти тоҷик дар охири қарни 20 ва аввали асри 21 шодравон академик Муҳаммадҷон Шакурӣ дар яке аз нигоштаҳои худ овардаанд, ки ба атроф нуру зиёи маърифату одамият пошидан, бо андешаи расо мардуми гирду пешро ба роҳи ҳақиқат ҳидоят намуда, аз фалокати гумроҳӣ наҷот додан рисолати зиёиву равшангари ҳақиқист. Маҳз ҳамин шева шиори давлат ва Ҳукумати кишвар аст. Боварии комил дорем, ки халқи заршиноси тоҷик дар атрофии идеяи миллӣ сарҷамъ омада, бар зидди ҳамагуна зуҳуротҳо муборизаи беамон мебаранд.

Абдусабури Абдуваҳҳоб, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

 

Таърих гувоҳ аст, ки мардуми меҳнатдӯсту ободкори тоҷик аз қадимулайём баҳри рӯзгори тинҷу осоишта ва шукуфоии миллати хеш ҷаҳду талош меварзиданд. Сад афсӯс, ки солҳои охир фаъолияти террористиву экстремистии созмонҳо ва ҳизбу ҳаркатҳои гуногун ба некӯаҳволӣ ва зиндагии ободу осоиштаи мардуми тоҷик, вазъияти иҷтимоию сиёсии Тоҷикистони азизу ободамон таъсири манфии худро мерасонад.

Мувофиқи маълумотҳои коршиносон имрӯз дар ҷаҳон тақрибан 500 созмонҳои террористии пинҳонкор амал менамоянд ва ҳамасола дар мамлакатҳои Аврупо, Амрико, Африқо ва давлатҳои Осиёи Марказӣ амалҳои даҳшатноки террористӣ ба вуқӯъ мепайванданд.

Тарбияи фарзанд, мафкураҳои диниву ахлоқии вай аз оила сарчашма гирифта, минбаъд дар мактабу ҷомеа рушду нумӯъ меёбад. Дар ниҳоди фарзанд ҷой додани ғояҳои ахлоқӣ – маънавӣ, хештаншиносиву худогоҳии миллӣ, ватандӯстиву инсонгароӣ ба оила вобаста аст ва ҳар як оила, ҳар як иштирокчии раванди тарбия метавонад дар ин ҷода роҳу равиши хос, низоми махсуси худро дошта бошад.

  Сиёсати кунунии давлатро имрӯз ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ошкоркунӣ, пешгирӣ ва роҳ надодан ба амалҳои террористиву экстремистӣ ташкил медиҳад. Дар ин радиф мо ҷавонон набояд, ки нисбати ҳамагуна ҳамлаҳои мафкуравию пасипардагӣ бетараф бошем, балки барои равнақу ривоҷи тамоми соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт, илму фарҳанг, адабу маърифат чун табақаи нерӯманди ҷомеа, баҳри ободиву шукуфоии миллати абарқудрати  тоҷик  ҷонбозию талош варзем.

Имрӯз, ки Тоҷикистони азизамон дар айни шукуфоист, нагузорем, ки зиндагии тинҷу осудаи мардумро амалҳои ношоистаи террористону экстремистон вайрон созаду, ояндаи фарзандонамон зери хатар бимонад.

 

 

 

Айни замон равия салафия аз гурӯҳҳои паҳншудатарини ифротӣ дониста мешавад, ки аъзоёни он кӯшиш доранд,  тавассути фазои динӣ дар Ҷумҳурии Точикистон низ мавқеъ пайдо намоян. Рӯшанфикрон равияи салафияро  ҳамчун як бидъати зараровар мешуморанд. Зарари асосии он пеш аз ҳама дар эчоди инфоку бадбинӣ миёни мусулмонон ва барҳам задани ягонагии онҳо маънидод менамоянд.

Салафия аз маъмултарин равияи ифротӣ ба ҳисоб рафта, шохахои нокоми он торафт густариш меёбанд. Афзоиши пайравони салафия  ва ташкил кардани гурӯҳҳои ҷангӣ аз мақсадҳо ва ҳадафҳои нопоки аъзоёни ин равия мебошад. тавассути паҳн намудани  ихтилофоти мазҳабӣ, ноором намудани вазъи сиёсии минтақа аз рисолати мугризонаи ин гурӯҳ аст.  Пайравони ин ҷараёни ифротӣ дунболи онҳое ҳастанд, ки дар асл хилофи арзишҳои дини мубини ислом ва мазҳаби ҳанфия мебошанд.

Имрӯзҳо дар манотиқи гуногуни дунё бо ҳар роҳу васила рехтани хуни ноҳақ маҳз тарғиби акидаи носолими салафия дониста мешавад. Бинобар иллилои расмӣ танҳо аз вилояти Суғд 88 нафар ҷавонон бо ҷурми ҷонибдорӣ ба равияи иртиҷоии салафия  боздошт карда шуда, 48 нафар аз озодӣ маҳрум гардидаанд. Муттассифона ҳадди аксари аъзоёни ин ҷараёни ифротиро  насли наврас ва ҷавонони ташкил медиҳанд.

Таҷрибаҳо собитгари онанд, ки махз ҷахонбинии тарги сиёсӣ ва ба таври кофӣ надоштани дониши илмӣ сабаби ба гурӯҳҳои ифротӣ ва иртиҷоӣ пайвастани махсусан ҷавоно гардида истодааст.

Дар такя ба ломори коршиносон теъдоди ташкилотҳои терроритииро 150 адад арзёбй мекунанд, ки аз ин миқдор 40-тои онҳо хамчун ташкилоти байналхалқии тундгаро эътироф шудаанд. Имрӯз мо дар холе зиндагӣ менамоем, ки қариб хар рӯз амалҳои террористӣ дар ин ё он минтақа ба вуқӯъ меояд.

Мубориза алайҳи терроризм дар ҳама кунҷу канорир сайёра баррасӣ карда, чораву тадбирҳои мушаххас тарҳрезӣ мешаванд. Кишвари азизи мо аз шумули пешсафони мубориз алайҳи  ин падидаи нангин мебошад.

Дар  марҳилаҳои гуногуни таърихи ҷаҳон террористон дар тамоми кишварҳо фаъолият доштанд ва ҳар гоҳ бо содир намудани  амалиётҳои пурдаҳшат ва кирдорҳои ношоиста  чеҳраи манфури худро нишон додаанд. Онҳо ба куштори аҳолии бегуноҳ махсусан кӯдакону занон даст зада, бо ин шева сиёсати манфури худро миёни ҷомеа тавсеа доданӣ ҳастанд.  Дар барорари рушди илму технология ва тараққиёти ҷомеа шеваи мубарозаи онҳо чун бӯқаламун рангу ҷилои дигарро ба худ касб менамочд.

Рисолати ҷоҳилонаи онҳо бо роҳи зӯроварӣ ғасби ҳокимият, ба итоати худ даровардани аҳолӣ,истисмори онҳо, монеа ба рушди илму фанноварӣ ва ин қабил зуҳуроти манфию хатарзо ба ҳисоб меравад.  Кишвари азизи мо дар рақобат ба ин зуҳуроти нангини аср муқовимати шадид нишон медиҳад, ки яке аз сабабҳои он мавқеъ гирифтани қисме  аз марзи давлатиамон бо Афғонистони ҷангзада мебошад. аз рӯи тахълилҳои оморӣ танхо дар моҳи январи соли 2017 зиёда аз 150 амалиётҳои террористӣ дар ин кишвар ба вуқӯъ пайвастааст.

 Дар мубориза зидди ин зуҳуроти номатлуб ҳар як шаҳрванди баору номуси кишвар, махсусан чавонони худогоҳро мебояд фаъол буда, суботи бо мушкилиҳо ба даст омадаи миллиро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем.

 

 

Баъд аз истиқлолиятро ба даст даровардани Тоҷикистон ҳудуди онро ҷанги шаҳрванди фаро гирифта, бештари олимону  мутахассисон, муаллимону муҳандисон ва кормандони дигар муассисаю корхонаҳо тарки кишвар намуданд. Бо рафтани бисёри аз онҳо фазои илмию фарҳангӣ мамалакат холӣ монд. Ва ҳамон солҳо нафаре ё гурӯҳе аз рӯшанфикрону озодаандешони Тоҷикистони натавонистанд фарҳанги миллии худро эҳё ва муҳофизат намоянд. Бинобар ин фарҳанги арабӣ ва мафкураи  исломӣ мисли асри VII аз нав хурӯҷ карда ба оташи ҷанг равған рехт. Ҳаминро бояд ба инобат гирифт, ки гуногунақидагӣ дар масъалаи дину этиқод ба нофаҳмиҳо пайдоиши ҳар гунна ҳаракатҳову ҳизбҳое оварда мерасрнад, ки метавонад боиси халалдории оромиву суботи давлату ҷомеъа гарданд. Бояд қайд кард, ки аллакай ин падидаҳо дар ҷомеъаи мо зуҳур ёфта истодааст. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди соҳибмарифати Тоҷикистони азизамон бояд дарк кунад, ки дин аз сиёсат ҷудо аст, вале давлат дар сиёсати худ дин ва масъалаҳои диниро аз мадди назараш дур  намемонад. Истифодаи дин, эҳсос ва этиқодии динии мардум дар сиёсат раво нест. Барои он, ки аз номи дину худо манипулятсия накунанд. Барои ба ин мақсад расидан бояд калимаи ислом аз номи ҳизби наҳзати ислом бардошта шавад.

Аз қабили чунин қувваҳо, ки бо эҳсоси мардум ба қавле бозӣ мекунанд ин ҳизби террористиву экстремистии наҳзат мебошад. Намояндагони ин ҳизб сар аз роҳбари «оқил»-и худ  мехостанд бо роҳи давлатро дар назари мардуми одди сиёҳ созанду барои ҳизбаш имтиёзоти сиёсӣ ба даст орад. Он мушкилотеро мегӯянд, ки мардум худаш медонад. Суханпардозиҳояшонро хизмат ба ҷомеъа меҳисобанд. Аммо дар бораи он ки ҳизби наҳзати ислом аҳри ҳаёти орому осудаи мардум, пешрафти иқтисодии онҳо чи корҳоеро анҷом додаст, хомуш аст. Зеро амали воқеиро дар тӯли мавҷудияти ҳизб анҷом надодааст. Фарқиятгузори ин ё он гурӯҳҳо дар масоили дини метавонад байни ин гурӯҳҳо ҳисси бадбини ва тафриқаро ба миён оварад. Аз ин лиҳоз тарафдорони ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон имрӯз дар кишвар намондааст, зеро онҳо чеҳраи аслии худро нишон дод.

 

 

 

Ташаккули хатарҳои ҷиддӣ мисли терроризм ва экстремизм  ба маъмулии ин мафҳумҳо диққати хосаи ҷомеаро асос гузоштааст. Агар каблан унсури ғасби ҳокимият тавассути  силоҳ ва тиру туфанг буд, имрӯз баробари дигаргуншавии ҷаҳонӣ ин омил таъғири шакл намудааст. Расидан ба аҳдофи муғризона бо истифода аз мафкура имрӯз осонтарин ва дастрастарин ҷодаи мубориза гардидааст.

Ҳолати  имрӯзаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки тавассути дигаргун намудани шуури ҷомеа дигаргун намудани он саҳл аст. Имрӯз айёми душвору пуртазодеро мемонад, ки дар он масъалаи муҳим  таъмини амнияти шахс ва давлату ҷомеа маҳсуб меёбад. Бинобар гуфтаи Сарвари давлатамон  мухтарам Эмомалӣ Рахмон « вақтҳои охир  дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои  марҳалаи нави «ҷанги сард» боиси нигаронӣ гардидааст». Яқин аст, ки  моварои нооромиҳо  торафт васеъ ва фарох гардида, хатарро  ба амнияти ҷомеаи ҷаҳон торафт бештар намуда истодааст. Бешубҳа идомаи ин раванд таҳдид ва хатарҳои мавҷударо дучанд месозад. Зеро терроризм ва экстремизм «вабо»-еро мемонанд, ки новобаста аз мубориза ва вокуниши шадиди башарият ҳамоно бо ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳдидро меафзояд. Табиист, ки дар ҷомеаи мутамаддини демократӣ ғояҳо гуногун буда, дар шаклҳои мухталиф арзи вуҷуд доранд. Гурӯҳҳои ифротӣ, ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистӣ зери ғояҳои тарҳрезишудаи гурӯҳҳои манофеъ фаъолият менамоянд. Ҷараёнхои ифротӣ ва терроризм зуҳуроти тоза набуда, ҳазорсолаҳо муқаддам дар таърихи инсоният буд ва арзи вуҷуд дорад. Фарқият танҳо дар он аст, ки чуноне мубориза барои қудрат низ шакл дигар мекунад «вабо»-е бо номи терроризм низ бо шаклҳои гуногун арзи ҳастӣ дорад. Шароити кунунӣ тақозо менамояд, то ҷомеаи ҷахонӣ ин зуҳуротро пурра омӯзад ва чуноне бо дигаргунсозии шуури инсонӣ сафи муқаррибони ин зуҳуроти номатлуб рӯ ба афзоиш дорад, ҳамон тавр бо воситаи таъсир ба мафкураи инсоният бо истифода аз фаҳмонидани хадафи он ҷомеаи башариро аз ин хатар наҷот диҳад.

Ҳифзи сулҳу субот ва осоиш дар меҳвари асосии мубориза алайҳи терроризм  ва экстремизм карор дорад. Ҳолати воқеӣ нишон медиҳад, ки барои таъини сулҳ ва дастоварди он муборизаи сатҳӣ ва руякӣ ба кор намеояд. Вазъи хассоси ҷаҳони муосир низ айнан мисли ин раванд барои таъмин ва ҳифзи сулҳу осоиш маҳз ҳамин қадар заҳмату мубориза ва ҷоннисориро тақозо менамояд.

Вазъи имрӯза хатари ҷиддӣ аз омезиши дину мазҳабҳо ва аланга задан миёни онҳо дониста мешавад, ки ба василаи муҳими мубориза мубаддал гаштааст. Аз ҷумлаи чунин хатарҳо радикализм мебошад, ки ҷанбаи пурқуввати мафкуравиро ба худ касб намудааст ва новобаста аз муборизаи шадид ҳамоно доман паҳн менамояд.

Мафҳуми  «радикал» ба ислом рабте надошта, дар таъриху тамаддуни ин дини ноб ва ҳатто адёни дигар мавҷуд нест. Мусаллам аст, ки дини мубини ислом ниёз ба ҳизбу ҳаракатхои расмиву иртиҷоӣ ва ифротӣ надорад. Айни замон созмон ва ҷараёнҳои иртиҷоию ифротӣ дар чаҳорчӯбаи аҳдофи ташкилоти террористӣ ва ё давлатҳои алоҳидаи абарқудрат таъсис ёфтаанд ва маҳз ҳадафҳои нопоки худро дар ниқоби дини ислом рӯи кор мегиранд.

Имрӯз вақти он расидааст, ки инсоният ба хотири таъмини суботи сартосарӣ ва раҳоӣ ёфтан аз зуҳуроти терроризм донишҳои сиёсии худро такмил диҳад. Зеро омезиш ва ихтилофи дину мазҳаб паёмади нек надорад ва раванди мазкур дар сурати идома ёфтан метавонад пешомадҳои хатарзоро ба бор орад. Аз ин лиҳоз аҳли ҷомеа махсусан ҷавононро  мебояд бо донишхои созандаи муосир мусаллаҳ гардида, дар ҳифзи суботу осоиштагии комили кишварамон сипари боэътимод бошанд ва ба ҳар ситезаи душманони миллату давлатамон посухҳои оҷилии қотеъ ва раднопазир бигардонанд.

 

Имрӯзҳо сар то сари олам дар ҳамаи минтақаҳое, ки мардуми мусулмон кор ва зиндагӣ мекунанд, мудом хархаша, бадгӯйӣ кардан, ҳамдигарро сарзаниш кардан ва ҳатто барои қатли якдигар омодагӣ мегиранд. Суоле пайдо мешавад, ки чаро маҳз дар давлатҳои мусулмонӣ мудом ҷангу куштору террори мардум рӯй ба инкишоф аст!? Ба фикри мо яке аз сабабҳои асосии он иборат аз он аст, ки аксари мардуми худро мусулмон муаррифӣ мекарда аз арзишҳои баланди дини мубини ислом хабар надоранд ва аксарияташон, ки саводи нокифояи мазҳабӣ доранд, тез ба доми фиреби ҷосусони хориҷӣ гирифтор гашта, ба хоҷагони худашон, ки ба ном «сарсупурдагони исломанд», ҳамчун манқуртҳо хизмат менамояд. Дини мубини ислом ҳеҷ гоҳ ҷонибдори он нест, ки хуни бандаи муъмин ноҳақ рехта бошад. Амалҳои мудҳиш ва ноҷавонмардонае, ки дар Сурия, Ироқ, Яман ва дигар давлатҳои исломӣ ба вуқӯъ меоянд, шаҳодат аз он медиҳанд, ки дар ҳамаи давлатҳои номбурда дар паси иҷрои амалҳои мудҳиш ва қатли одамони бегуноҳ рӯсиёҳони пулпарасти хориҷие меистанд, ки ғарази эшон фақат барангехтани даҳшат ва куштор буда, бо ин восита пур кардани ҳамёнҳои бетаги худашон мебошад. Шумо дӯстони азиз, як маротиба жарфтар андеша карда бинед, ки қатли оммавӣ, террорҳои мудҳиштарин, бесарусомониҳои ногуфтанӣ ҳеҷ гоҳ дар Америка, Англия ва дигар давлатҳои абарқудрат рӯй намедиҳанд ва фақат ин амалҳо дар давлатҳои кӯчак ва алалхусус дар давлатҳои мусулмонӣ роҳандозӣ мешаванд. Мо хуб медонем, ки агар қавм ва ё фарду ҷомеаи ин дорои савдои казоӣ набошад, ин қавм ва ин ҷомеаро метавон бо роҳи фиреб ба доми ҳаргуна амалҳои мудҳиш равона кард. Мо ҳамаи амалҳои нангини хоҷагони хориҷиро бо тамоми ҳастии хеш маҳкум менамоям ва бори дигар ба мардуми шариф ва азизи худ муроҷиат намуда гирифтанием, ки мудом дӯстдори ватан, модар об, хок ва ин сарзамини зебои худ бошанду аз найранг, дурӯғ ва фиреби сиёсиву мазҳабии хориҷиён бохабар шаванд ва чи хеле ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон мефармояд: «Ҳушёрии сиёсӣ ва зиракии аҷдодиро аз худ дур насохта, дар атрофи сарвари давлат боз ҳам қавитар муттаҳид гашта, ба ҳар гуна нотавонбинӣ зарбаи ҳалокатовари забонӣ занем».

 

 

 

Кишвари мо имрӯз дар пояи таҳкими арзишҳои олии миллӣ қадамҳои устуворро мегузорад. Мусаллам аст, ки рӯз аз рӯз дар ҳамаи ҷабҳаҳо Тоҷикистони азизи мо бо ибтикори тоза мушарраф гардида, ба пеш меравад. Таҳкими равобити бисёрҷониба бо кишварҳои олам дар ҳошияи дарҳои кушод, тақвият ва рушди истеҳсолоти Ватанӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ, ба монанди истиқлолият энергетикӣ, ифтитоҳу ободонии шабакаҳои роҳу нақлиёт, бунёди инфрасохтори иҷтимоӣ, эътибори беандоза ба таълиму тарбия ва пажуҳиш дар бахши илмҳои бунёдӣ аз таваҷҷӯҳи хосаи давлат ва Ҳукумат мебошад.

Дар пояи расидан ба ин ҳадафҳои олӣ мо соҳибватанон, махсусан ҷавонон муваззафанд, ки ҳарчӣ бештар омӯзанд. Дар ҷодаи таҳқиқи илмӣ, ихтироот ва навоварӣ, иктишоф ва коркарди захираҳои миллӣ, рушди фарҳанг ва санъат, эҳтироми арзишҳои волои башарӣ намунаи ибрат бошанд. Маҳз мутахассиси асил ва соҳибтахссус матавонад дар пешрафти самтҳои стратегии рушди кишварамон , ки аз ҳидоятхои Паёми Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд саҳми босазо гузоранд.

Вазъи сиёсии муосир тақозо менамояд, ки ҷавонон дар баробари омӯзиши илму ҳунар аз падидаҳои номатлуби равади ҷаҳони имрӯза огоҳ буда, волоияти қонун ва манфиатҳои миллии кишварамонро ҳимоя намоянд. Зеро мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ҳанӯз ҳам ҷараёни номатлуби «фирори мағзҳо», ки аз нобасомониҳои дохилии ибтидои солҳои 90-ми қарни гузашта оғоз гардида буд, идома дорад. Новобаста аз баъзе ноҷуриҳои муваққатии иҷтимоии мавҷуда ҳар як мутахассиси кордонро мебояд дар эъмори давлати мутамаддини хеш ҳиссагузор бошад. Зеро ба ҷуз мо каси дигар Ватани моро обод карда наметавонад.

Бинобар такя ба омори мақомоти дохилии кишвар айни замон теъдоди муайяни шаҳрвандон(ҷавонон)-и кишвари мо аз гумроҳию ғафлатзадагӣ,  бо ҳар роҳу восита ба сарзамини ҷангзадаи Шом интиқол ёфтаанд. Қисме аз онҳо дар задухӯрдҳо ҳалок ва қисме овораю сарсон ва дур аз Ватану пайвандонанд. Шояд яке аз сабабҳое, ки ин ҷавононро ба кӯи ноумедихо бурд муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад. Лекин дар кишварамон имрӯз ба фаъолияти меҳнатӣ ҷалб шудан имкониятҳо хело фаровонанд. Садҳо корхонаю муасисаҳо муҳтоҷи мутахассисони чашмикордонанд. Ба ин танҳо донишу заковат ва ибтикору малакаи касбӣ зарур аст. Дар ҷодаи омода намудани мутахассисони баркамол дар кишварамон қариб 40 муассисаҳои олии касбӣ ва аз ин миқдор бештар муассисаҳои касбӣ амал менамоянд, ки Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Точикистон ба номи академик Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд аз зумраи онҳост, ки соли чорӣ дар рақобати сатҳу сифати таълиму тарбия миёни муассисаҳои олии кишвар зинаи чорумро мушарраф шуд, ки боиси сарфарозист. Дар ин муваффақияти калон самараи захмати аҳли муассиса, пояи моддӣ-техникӣ ва кӯшишу ғайрати муҳассилин таҷассум гардидааст. Танҳо дар сурати расидан ба рушди зеҳнӣ ба баланд намудани сатҳи арзандаи зиндагии шоиста ноил гардидан имконпазир аст.

Имрӯз онҳое, ки парвардаи обу хоки муқаддаси Точикистони азиз буда, фирефтаи ифротиёни бо ном ҳизби мамнуъи исломӣ гардида, тавассути расонаҳо аз хориҷи кишвар тинҷию осоиши диёрамон ва сиёсати сулҳҷуёнаи давлатамонро нодида мегиранд, натанҳо хоин, балки бешарафу беномусонеанд, ки ниқоби ғайриинсонӣ ба сар намуда, мехоҳанд мулки озоду ободамонро гирифтор гардонанд. Лекин фаромӯш месозанд, ки тоҷику тоҷикистонӣ аз имтиҳони ин таҳрибкорон гузаштааст. Қалби ӯ, ҷисми ӯ баҳри ҳифзи музаффариятҳои Ватан бедор аст. Ҷанги тахмилии кишварамон, ки тавассути ёварони хориҷии бо ном «пуштибонҳои ислом» собит намуд, ки иғвогарон якпорчагию мустақилияти комили кишвари моро намехостанд ва маҳз ин нияти нопок онҳоро дар сар буд, ки тирашон хок хӯрд.  

Хушбахтона дар фазои озодии дину имон дар кишварамон  имрӯз ҳазорон масҷид  баҳри ибодат ва тарбияи ахлоқии шахрвандон, дар огоҳии мардум аз мӯҳтавои исломи ноб фаъоланд. Танҳо моро зарур аст, ки дар самти нагаравидан ба мазҳабҳои бегона, ҳифзи суннатҳои ҳанафӣ, роҳ надонад ба ихтилофи мазҳабҳо, ки боиси низоъҳои ҷаҳони Шарқ гардидааст, ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надода, сулҳу суботи бебозгашти кишварамонро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем.

Зокиров Р.Ш. омӯзгори калони кафедраи дизайн ва меъмории ДПДТТ ба номи ак. М.Осимӣ

 

Шинохти арзишҳои ҷомеаи башарӣ, алалхусус, имрӯз дар раванди ҷаҳонишавии босуръат аҳамияти бештар касб мекунад. Воқеан ҳам агар мо аз таъриху тамаддун, вазъи сиёсии кишвари худ огоҳ набошем, пас қувваҳое ин заифии моро мақсаднок истифода мебаранд.  Афроде, ки чанде пеш дар назди сафоратхонаи Эрон даст ба тазоҳурот заданд, нидои қалби онҳоест, ки доираи андешаю тафаккур ва ҷаҳонбинии фарох доранд  ва аллакай ба қавле сараро аз носара, сафедро аз сиёҳ фарқ карда метавонанд, шиори зиндагиашон ватандӯстию ватандорӣ ва хештаншиносист. Талаб ва мақсуди ин тазоҳуроткунандагон садоқатманд пойдории сулҳу оромӣ дар саросари ҷаҳон ва пешгирии ҳама гуна ҳодисаҳои даҳшатангези қатлу куштор, терроризм аст. Танҳо ин модарони муштипар аз Кабириву ҷами ёронаш хостгори он ҳастанд, ки фарзанҳояшонро гумроҳ накунанд.

Агар мо имрӯз қадру манзалати Ватан,  миллат ва забони худро дарк насозем, зарурати густариши худшиносиву худогоҳӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва пояҳои Истиқлолиятро таъкид накунем, амнияти миллӣ ва рушди иқтисодиву фарҳангиро таъмин карда наметавонем.

         Аз ин, рӯ моро зарур аст, ки ба ҷомеа фаҳмонем, ки чи нақшаҳои «бориз» доранд душманони миллати мо. Танҳо якдиливу сарҷамъи моро ғолиб мегардонад.  

 

Шуруъ аз солҳои навадуми кишвар ман ёд надоштам, ки дар кишвари офтобии мо минг ё ба истилоҳоти имрӯза тазоҳуроте шуда бошад. Чунки барои тазоҳурот асосе ҳам набуд. Зеро сокинони кишвар аз минтингбозиҳои солҳои навадуми қарни  гузашта, ки кишвари моро ба ду қисмат майдонҳои «Озодӣ» ва «Шаҳидон» ҷудо намуда буданд, хаста шуда буданд. Маҳз тавассути хиради азалӣ,  мардумсолориву пурсабрии сокинон таҳти роҳнамоии Сарвари давлат ба ин гуна нофаҳмихо хотима бахшида шуда, ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ ба саҳифаи таърих рафт.

Хабари тазоҳуроти дирӯзаро, ки дар назди сафоратхонаи Эрон як гурӯҳ сокинон ташкил кардаанд, ба хотирам ноамниҳои солҳои навадум омад. Ба дил гуфтам, ки Худо накунад ин ангезаи тазоҳурот доман паҳн накунад. Чун аз моҳияти аслии тазоҳуроткунандагон огаҳӣ ёфтам, ростӣ ошуфтахотир ҳам шудам ва як андоза ин нафаронро тарафгирӣ ҳам мекунам. Охир чаро накунанд, дар ҳоле, ки аксаран бо дарди ботинии худ маҷбур шудан даст ба тазоҳурот зананд. Чун имрӯз ба авзои сиёсии ҷаҳон менигарем, чандин давлатҳо  бозичаи дасти абарқудратҳо ва ҳизбу гурӯҳҳои мухталиф шуда истодаанд. Он ободию пешрафти кишвари мо мусаллам аст, ки барои нафарони сияҳдил амсоли гурӯҳҳои 24, «Озодандешон» ва ҳизби ифротию террористи ҳизби наҳзати ислом писанд нест. Ва ин нафарон ҳамвора аз «таги нохун чирк кофта», ҷомеаи ҷаҳониро ҳушдор медиҳанд, ки Тоҷикистон барои рақибонаш имконият намедиҳад. Дар «Паёми рамазони»-и худ Кабирӣ худро мусичаи бегуноҳ ҳисобид ва ин суханони ӯро ҳамсӯҳбаташ Алим Шерзамонов ислоҳ намуд. Ба гуфти Кабирӣ «Шаҳидоннишастагон» аъзои ҲНИ набуданд, аммо воқеияти ҳол, гузашти таърих ва худи майдоннишинҳои «Шаҳидон» иқрор шудаанд, ки онҳо фаъоли ин майдон буданд ва ҳадафшон бунёди ҷомеаи фундаменталии динӣ буд.

Акнун меоем ба сари тазоҳуроткунандагон онҳо маҳз баҳри он дар назди сафоратхонаи Эрон сарҷамъ шуданд, ки ҷониби Эрон Кабирӣ ва ёрони ӯро дигар дастгирӣ накунанд. Зеро онҳо тухми низову нифоқро миёни мардум кишта истодаанд. Маҳз таблиғгарони ҲНИ ва дигар ба қавле «шайка» - ҳои онҳо аст, ки имрӯз ҷавонон ба таассуб гирифтор шуда, роҳ ҷониби Сурияву Ироқ ниҳодаанд. Маҳз таблиғоти нодурусти онҳост, ки ҷавонони гумроҳ бар ивази чанд динори хоҷагони беруна имрӯз дар давлатҳои Аврупо бар зидии миллати худ шиорпартоӣ мекунанд. Маҳз Кабириву ёронаш аст, ки имрӯз робитаи ҳасанаи ду давлати ҳамзабону ҳамҷавор чандон мисли солҳои пешин қавӣ нест.    

Маро ҳолати падарону модарони даст ба тазоҳуротзада ба риққат овард. Онҳо ҳақ доранд, ки сабабгорони асосии гумроҳии фарзандонашон дар назди қонун ҷавоб гӯянд. Бояд Кабирӣ ва он гурезаҳо таҳти диктовкаи хоҷагони худ нагардида, мардона ба гуноҳҳояшон иқрор шаванд.   

 Қайд кардан лозим аст, ки ҷомеа аз таърихи начандон дури ҷанги бародаркуш бохабар аст ва  баҳри такрор наёфтани ин ҳодиса кӯшишу ғайрат мекунанд ва ҳеҷ гоҳ пойбанди мафкураҳои берунӣ  барои вайрон кардани ҷомеа ва давлат нахоҳад шуд. Баръакс, баҳри осудаҳолӣ, тинҷиву амонии кишвар кӯшишу ғайрати хешро дареғ намедорад.    

Абдусабури Абдуваҳҳоб, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд