Дар шаҳри Венаи Австрия як гурӯҳи манқуртони ба номи тоҷику аммо «лаббайгӯякон»-и охундҳои давлати исломӣ бо таъсиси «форуми озодандешон» мехоҳанд тарафдорони худро зиёд намоянд, то ба наҳзатиҳои мағлубшуда чун қаноти рост кӯмакрасон бошад. Ба гуфти онҳо ин гурӯҳ замоне таъсис ёфтааст, ки дар кишвари мо сатҳи ришваву фақр баланд шуда, ҷомеаи демократӣ ва дунявиат аз ҷониби давлат ва Ҳукумат риоя намешавад.

Мо, аъзоёни кафедраи агротехнологияи Донишкадаи политехники Донишгоҳи техники Тоҷикистон вақте ин муроҷиати онҳоро мутоила кардем, ангушти ҳайрат газидем. Зеро суханҳои пояи воқеи надошта, мардум, хосса ҷавононро ба гумроҳӣ мебарад.

Мо бо ифтихор мегӯем, ки дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар ҳадафҳои давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурӣ танҳо барои ободии диёр, беҳбудии вазъи иҷтимоӣ, таҳкими равандҳои демократӣ равона карда шудааст.

Новобаста аз он, ки бенизомиҳо сиёсӣ, бӯҳрони амиқи молиявӣ ҷаҳонро зери таъсири худ мегирад, ҳамоно давлати мо дар роҳи рушди устувор, озоди афкору баён қарор дорад. Бинобар ин ҳар як ибора ва ҷумлае, ки «озодандешон» навиштаанд, дурӯғи маҳз аст.  

Мо намефаҳмем, ки онҳо бо кадом роҳ сатҳи иҷтимоиёти мардумро боло мебардоранд. Дар ҳоле, ки худ дар хориҷи кишвар ба қавле «гӯшти якдигарро» мехӯранд. Ҳамзамон онҳо бо боврии том қайд кардаанд, ки бо ҳизбу ҳаракатҳои амалмекардаи кишвар робитаи хубро ба роҳ мемонад, то якҷоя камбудиҳои ҷомеро ислоҳ намоянд. То ҷое иттилоъ дорем, ягон ҳизб ва ҳаракатҳои дар қаламрави Тоҷикистон буда аз мавҷудияти чунин анҷуман изҳори бехабар намуда, гузашта аз ин муроҷиати онҳоро маҳкум намуда истодаанд.

Эълон шудани сиёсати дарҳои кушод дар давлати мо имконияти хубе фароҳам овардааст, то чунин таҷриба аз ҷониби афроди дилхоҳ хубтару амиқтар омӯхта шавад. Зеро Тоҷикистон ва мардуми шарафманди он на танҳо оромию осоиштагии худ, балки сулҳу оромии сартосариро дар миқёси ҷаҳон хостгоранд.

Пас, имрӯз моро зарур аст, ки чунин армуғонро ҳифз намоем. Зеро мо масъул ҳастем ваҳдату ягонагии миллатамонро барои ҳамешагӣ таъмин намуда, дар баробари ин онро ба наслҳои оянда мерос гузорем. Аз бузургтарин дастовардҳои кунунии кишварамон на бепарвоёнаву бетарафона, балки огоҳонаву бедордилона бархӯрдор бошем, то бидонем, ки салоҳи кор дар кучост?

Мо яктану як руҳем ва шикастнопазирем.

Гурӯҳи устодони кафедраи агротехнология