Дар ин чанд соли охир дар ақсои олам номи исломро бадбинони онҳо доғдор кард. Наход мусулмон мусулмонро бераҳмона кушад. Ё дар масҷид ҳангоми гузаронидани намоз тарконад. Пас ин мусулмонӣ нест. Ин бадтар аст аз ҳама расвоиҳои олам.

Ҳизби наҳзати исломи ҳарчанд ба гуфти аъзояш чанде пеш 40 сола шуд, ҳанӯз ҳам дар дили сокинони меҳру муҳаббати худро нисбаташ бедор накардааст, чунки кореро дар самти худшиносии миллат анҷом надодааст. Истифодаи калимаи ислом барои онҳо аз чанд ҷиҳат манфиатовар аст, зеро маҳз ҳамин вожа, ки дар худ ҷаҳонеро ғунҷондааст, аъзо ва пайравонашро зиёд намудааст. Аммо тавре аз мушоҳидаҳо аён мегардад, зумрае аз наҳзатиён ба ҷои он ки мардумро ба ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ даъват намояд, баръакс тафриқандозиву мунофиқаро миёни омма бармеангезад.

Кабирӣ дар парлумон вакилони қавӣ ва фраксияҳои рақобатпазирро умед мекунад. Гӯиё парлумони беш аз 15 солаи дупалата ягон кореро дар эҷоди қонун накарда бошанд. Ҳама аз хурду бузург медонанд, ки то рақобати солим набошад, кор пеш намеравад, вале рақобати ҲНИТ солим нест.

Ба андешаи роҳбарияти ҲНИ аз камбудиҳоро нагуфтан гуфтан беҳтар аст. Онҳо бо камтарин баҳона мехоҳанд, мушкилиҳои ҷомеаро ба Президенту ҳизби ҳоким рабт диҳанд. Модоме ки чунин аст, пас чаро худи ҲНИ кӯшиш накард, ки дар ҳалли камбудиҳо ширкати фаъолона намояд.

Ҷаноби Кабирӣ бояд хафа нашавад. Дар сафҳои ӯ кам ҳастанд шахсони воқеан ҳам донишманду дилаш ба ин миллату меҳан месӯхта. Аксаран ба хотири таассуб ба ин ҳизб шомил шуданд ва имрӯз аз ин амалкарди хеш пушаймонанд.

Ҳамагуна зуҳоротро яктарафа баҳо додан ягон вақт шахсеро ва ё ниҳодеро соҳибобрӯ гардонида наметавонад. Ҳукумат низ иқрор мешавад, ки дар ҷомеа камбуиҳо зиёд аст ва худ тавре шоҳид ҳастед рӯзи гузашта Президенти кишвар чӣ тавр мӯйшикофона ба кори кормандони мақомоти қудратӣ баҳо дод.

 Зиндагӣ яксон намемонад. Роҳбарияти кишвар дар мавриди ҳизбу ҳаракатҳо таҳлили худро дорад. Ва сиёсати давлатии Тоҷикистон тавре роҳандозӣ гардидааст, ки мардумро ба сӯи нури зиё раҳнмамун месозад.

Ҳоло наҳзатиён иддао доранд, ки чаро маҳз ҲНИ мавриди танқиди шадид қарор мегирад. Ин сабаб дорад. Зеро фаъолияти ҲНИ бо он сиёсате ки имрӯз дорад, ба ҷомеа хафи бештар дорад. Иқрори гуноҳҳои хеш аз ҷониби Саид Қиёмиддини Ғозӣ худ далолати гуфтаҳои болоиянд.

Мо намехоҳем, ки мамлакатамон мисли кишвари ҷангзадаи Афғонистон бошад. Имрӯз мардум дилшод аз онанд, ки тинҷиву оромӣ ҳукмфармост. Ватанро нафарони сарсупурда ҳимоя мекунад. Қувваҳои мусаллаҳамон дигар он зарфиятро надорад. Онҳо ҳамвора пурқувват шудаанд. Дар баробари ин мардум низ мардум бедор аст. Сиёҳро аз сафед фарқ карда метавонад.

Абдусабури Абдуваҳҳоб, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд