Ҳолати кунунии сиёсии ҷаҳонӣ тамоми мардуми ҷаҳонро ба ташвиш ва изтироб овардааст, баръало вазъияти «ҷанги сард» боз сайёраи моро фаро гирифтааст.  Аввалан, зиддияти давлатҳои абарқудрати  ҷаҳон торафт  пурихтилоф  ва  пурқувват шуда истодааст. Аз тарафи дигар, минтақаҳои ноороме, ки фарогири ҷангу набард гардидаанд, дар тамоми гӯшаву канори ҷаҳон беш аз пеш афзуда истодаанд. Инчунин, терроризм ва экстремизми байналхалқӣ торафт бештар қувват мегирад. Масалан, танҳо дар се моҳи охир дар Афғонистони ба мо ҳамсарҳад, даҳҳо амалиёти террористӣ доир гардида, дар натиҷа садҳо ашхоси бегуноҳ ҳалок ва захмӣ гардидаанд.

   Чунин ба назар мерасад, ки роҳбарон ва мардуми ҳама кишварҳои олам ба  амалҳои террористӣ ва экстремистӣ муқобил мебошанд. Сарварони давлатҳо муқобили ифротгароён эътироз менамоянд, амалҳои зиддиинсонии онҳоро маҳкум мекунанд ва баҳри маҳфи ин ҳаракати номатлуб чораҳо меандешанд. Дар асл баъзе давлатҳо (Россия, ИДМ, СҲШ ва ғайра) воқеан ва сидқан зидди ҳизбҳо, гурӯҳҳо ва ҳаракатҳои ифротӣ бо гуфтор ва кирдорӣ худ муқобил баромада, барои решакан намудани онҳо мубориза мебаранд. Бархе кишварҳо (ИМА, баъзе давлатҳои Аврупо, Араб ва ғайра), аз як тараф фаъолияти  ин гурӯҳҳоро маҳкум намоянд, аз тарафи дигар баъзе гурӯҳҳои ифротгароёнро ҳам маънавӣ ва ҳам моддӣ пинҳонӣ ва ошкоро дастгирӣ менамоянд. Ва яке аз сабабҳои пурра нест карда натавонистани ҳаракатҳои террористон низ дар ҳамин аст. Зеро ки баъзе давлатҳо роҳбарон ва аъзоёни ҳизбҳо ва ҳаракатҳои экстремистиро дастгирӣ менамоянд, ба онҳо кӯмак мерасонанд ва ба онҳо сарпаноҳ медиҳанд. Чунин муносибати бетарафона ва хайрхоҳонаи баъзе давлатҳо фаъолият ва ҳаракати ифротиёнро беш аз пеш пурқувват намуда, барои афзудани сафҳояшон шароити мусоид фароҳам меоварад. Аз ин лиҳоз, ҷалби ашхоси гумроҳ ба сафҳои худ ва пурзӯр намудани таблиғу ташвиқот байни нафарони нобалад мунтазам идома ёфта истодааст. Сабаби аз тарафи сарварон ва ташвиқгарони гурӯҳҳои ифротиён ба сафҳои худ бештар ҷалб кардани ҷавонон дар чист? Аввалан, барои идомаи ҷангҳои бемаънои худ бештар нафарони ҷавону пурқувват лозиманд. Дигар ин ки алҳол, бештари ҷавонон таҷрибаи кофии зиндагӣ надоранд ва онҳоро бо фиребу найранг ба доми худ кашидан осонтар мебошад. Инчунин, азбаски баъзе ҷавонон мафкураи паст ва ҷаҳонбинии нокифоя доранд, дар зиндагӣ мавқеи худ ва кори дилхоҳ наёфтаанд, чунин  нафаронро  бо ваъдаҳои бардурӯғ  ва гӯшношунид ба худ ҷалб кардан қулайтар мебошад. Билохира, таблиғгарони ифротӣ аз номи дини  Ислом  баромад карда, мардумро зидди миллатҳои ғайримусулмон бархезониданӣ  мешаванд, ки чунин кор баръакс бар муқобили мусолмунон равона карда шудааст.

     Мутаассифона, баъзе ҷавонони гумроҳ ба фиребу дурӯғ ва ваъдаҳои пурдабдабаи ифротгарон бовар карда, ба сафҳои онҳо шомил мегарданд. Дар ин «амали хайр» саҳми наҳзатиёни кишвари хеле калон аст. Онҳо дар саҳифаҳои иҷтимоии худ гурӯҳҳои худро боз намуда, тариқи «мавизаҳо»- бӯҳтонангези худ ҷавононро ба доми тазвир мекашанд. Ё тариқи радиои «Зелло» бо «суханони хуш» ҷавононро ба гирдоби бало мекашанд. Оқибати ин ҳама бераҳмиву нотавонбинӣ буд, ки як зумра падарону модарони ранҷдида, рӯзи гузашта дар назди бинои сафоратхонаи Ҷумҳурии Исломии Эрон тазоҳурот барпо намуданд. Тазоҳурот ба хотири амнияту сулҳу суббот аз ҷониби мақомотҳои қудратӣ вайрон карда шуд.

Аз рӯйи маълумоти воситаҳои ахбори омма ва нақли худи ашхоси аз ифротгарон халос шуда, зиндагӣ ва хизмати тоқатфарсо, даҳшат ва зулмот, шиканҷа ва таъқиби онҳо, инчунин пушаймониву  таассуфи ҷавонони гумроҳ баръало аён аст, ки ҳама аз кирдор ва гуфтори ҳомиёнашон норозианд. Барои нишон додани симои воқеии ифротгарон бояд чораҳои мушаххас андешида шаванд. Пеш аз ҳама, самаранок ва бештар истифода бурдани  рӯзномаву маҷалла ва радиову телевизион, алалхусус интернет барои шинос намудани мақсаду ниятҳо ва оқибати фоҷиабори фаъолияти ифротгарон. Инчунин, шиносоии мардум бо ҳаёт ва тақдири нафарони аз доми иротгароён халосшуда, тавассути воситаҳо ахбори омма ва дар мулоқоти бевосита бо ашхос, алалхусус бо ҷавонон, дар таълимгоҳҳо, ташкилоту муассисаҳо ва маҳалҳо. Бешубҳа, чунин ташвиқот, намоиш ва вохӯриҳо натиҷаҳои дилхоҳ  дар мубориза муқобили ифротгарон хоҳанд овард.                  

  Абдумалик Раҳмонов, устоди ДПДТТ