Шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро, аз қабили терроризм ва экстремизм ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Ин ҳолат аз сатҳи пасти тарбияи баъзе наврасону ҷавонони айём дарак медиҳад. Сабабҳои шомилшавии ҷавонон, агар аз як тараф қонеъ набудан аз шароити иқтисодии оила бошад, аз тарафи дигар, беэътибории падару модарон дар таълиму тарбияи онҳост.

    Мутаассифона, ҳамарӯза шоҳиди нооромиҳо ва даргириҳои зиёде дар як қатор кишварҳои дунё ҳастем. Садҳо фарзандони фирефта қурбони дасисаҳои ин гурӯҳҳо гаштаанд. Бинобар ин гуфтаниам: зиракии сиёсиро аз даст надода, барои татбиқи  амалии гардонидани сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон камари ҳиммат баста, Ватани азизамонро обод ва ором нигоҳ дорем.

  Дар ҷараёни машғулиятҳои таълимӣ ва тарбиявӣ шогирдон оид ба терроризм, экстремизм, ҳизбу ҳаракатҳои ғаӣриқонунӣ, сабаби майл намудани бархе аз ҷавонон ба ин равияҳо пурсон  мешаванд. Дар такя ба маводҳои матбуоти давр ва маълумоти мавҷуда ба онҳо мефаҳмонам, ки терроризм - ин содир намудани таркиш, сӯхтор, кушторҳои бемаънӣ ва халалдор кардани амнияти сиёсӣ мебошад. Дар олами муосир терроризм ба яке аз масъалаи ҷаҳонӣ ва таҳдидкунанда  ба бехатариву оромӣ табдил ёфтааст. Зиддиятҳои динӣ, этникӣ ва иҷтимоӣ, ки асоси ҷоннокшавии терроризм гардидаанд, торафт авҷ гирифта истодаанд. Дар сарҳадҳои Афғонистон ва Покистон пойгоҳҳои тайёркунии террористони байналхалқӣ,  ки бо онҳо ташкилоти террористии «Ал - қоида», «Толибон», «Ҳаракати исломии +збекистон» якҷоя амал мекунанд, мавҷуданд. Онҳо аз паст будани маърифати исломии аҳолӣ ва аз муаммоҳои иҷтимоии онҳо хеле моҳирона истифода бурда, ин табақаи ҷамъиятро бештар ба тарафи худ мекашанд.

    Экстремизм – зидди ҳукумати қонунӣ баромадани гурӯҳҳое мебошад, ки мамлакатро ноором гардонида, мехоҳад ба ҳокимият соҳиб шавад. Аз рӯйи  маълумотҳо, ҳоло дар дунё қариб 500 гурӯҳи гуногуни самти динӣ-экстремистидошта амал мекунанд. Дар солҳои охир аз тарафи онҳо қариб 10 ҳазор ҳаракати террористӣ, ба амал омад, ки дар натиҷаҳо ҳазорҳо одамон фавтидаанд. Бо баробари ин, пурзӯршавии фаъолияти ҳизбӣ-динӣ ва экстремистии «Ҳизб - ут - таҳрир», ки фаъолияти зиддиконститутсионӣ дошта, бо роҳи осоишта мақсади барпо кардани «Хилофат» -и исломиро касб менамояд, мушоҳида мегардад.

   Дар чунин вазъият ҷавононро ҳушёрии сиёсӣ, маърифатнокии баланд, худшиносии миллӣ зарур аст. Ҳизбу ҳаракатҳои  ғайриқонунӣ: Салафия, Ансоруллоҳ, Ҳизб – ут - таҳрир, Ал-Қоида, Ҳаракати исломии +збекистон, Ваҳҳобиён ва ғайра мебошанд, ки мақсади онҳо  барпо  кардани  давлати исломӣ мебошад.

  Салафиён ва Ваҳҳобиён ташкилотҳои диние мебошанд, ки аз тарафи ходими  динии  араб Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб таъсис карда  шудаанд. Асосҳои назариявии ин таълимотро олими соҳаи дин Ибни Таймӣ дар асри XIV пешниҳод намудааст. Асоси ғоявии Салафияро муборизаи яроқноқ бар зидди «кофирон» ташкил медиҳад.

  « Ҳизб – ут- таҳрир » фаъолияти  зиддиқонунӣ дошта, бо ҳар роҳ тавонистааст бисёр ҷавононро ба тарафи худ ҷалб  намояд. Набояд ҷавонон  ба ин ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ шомил гарданд.

     Имрӯзҳо дар Осиёи Миёна гурӯҳу ташкилотҳои гуногуни террористӣ, ба монанди Ҳаракати исломии +збекистон, Ҳаракати исломии Туркистон ва ғайра, ки ба ташкилоти байналмилалии террористии «Ал - Қоида» ҳамкорӣ доранд, бештар фаъол мебошанд. Тавре аз гуфтаҳои боло маълум гашт, ташкилоти террористии «Ал-Қоида» бо «Толибон», «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон» якҷоя амал мекунанд ва пешвоёни онҳо барои тайёр намудани ҷанговаронашон аз таълимоти Ибни Таймӣ истифода мебаранд. Аксарияти ҷавонони имрӯза бештар бо роҳи  осони зиндагиро фикр мекунанд. Меҳнат кардан намехоҳанд, ҳар роҳе мехоҳанд соҳиби маблағи зиёд гарданд.

    Ҷавонон аз каммаърифатӣ, саводу дониши пасти динӣ, надоштани ягон касбу ҳунар ба ҳар гуна кору амалҳои нозарур даст мезананд. Шахсе, ки соҳибмаърифат аст, метавонад мустақилона амал намуда, роҳи  дурусти  зиндагиро  интихоб намояд. Оре, шахсе, ки соҳибмаърифат аст, метавонад мустақилона амал намуда, роҳи дурусти зиндагиро интихоб созад. Роҳи дурусти ҳаётро бояд ҳар як шахс аз даври мактабӣ интихоб намояд. Бетарафӣ ва бепарвоии як ҷумла падару модарон нисбати таълиму тарбияи фарзанд аст, ки иддае аз ҷавонон ба ҷинояткорӣ даст зада, баъзе аз онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои бегона шомил мешаванд.Чунин кирдорҳои номатлуби  ин гуна  ҷавонон боиси нигаронии аҳли ҷомеа гаштааст.

                                                                                                                 

                                                                                                                

        С. САНГИНОВА,

А.АЗИЗОВ, омӯзгорон