Асри 21 дар баробари таҳаввулоти илмиву техникӣ,  ҳамзамон пешорӯи инсоният хатари терроризму экстремизимро ба вуҷуд овард. Имрӯз дар аксари гӯшаҳои олам ҷангу ҷидол ва нофаҳмиҳо рух дода истодаанд. Мавриди зикр аст, ки омили асосии ин хунрезиҳо манифат бардоштани давлатҳои абарқудрат аз фурӯши яроқҳои худ ва ҳамчунин ба даст овардани нафту дигар сӯзишвориҳо мебошад. Бузургтарин нуқтаи гарми олам ин давлати Сурия аст. Зеро ин кишвар интиқолдиҳанда ё ба таври дигар гӯем коридори нафтрасонӣ аз шарқи наздик ба Аврупову дигар минтақаҳо мебошад. Ба ин хотир тарафҳои манфиатгир бо дасти ифротиён мехоҳанд, ки ҳамин ҳудуд зери тасарруфашон қарор гирад. Бадбахтӣ он аст, ки дар меҳвари асосии ҷангиён дини мубини ислом аст. Мо борҳо тариқи навор дидаем, ки ҷавонони аз ҷанги Сурия баргашта зимни мусоҳиба гуфтанд, ки ба дасти мо яроқ дода, мардуми мусулмонро ҳамчун кофир ба қатл расонанд. Чун ба хонадони ҳамон “кофир” ворид мешавем, мебинем, ки дар хона ҷойнамоз ва китоби муқаддаси “Қуръон” истодааст, пас мо чӣ гуна мусулмонро куффор гуфта ба қатл расонем.    

Мутаассифона, маҳз ҳамин таблиғи бегонапарастӣ, исломситезӣ амали носавобу ношоиста нисбати мардуми бегуноҳ, кӯдакони маъсум, пирони барно нигаронида шудааст, ки боиси ташвиши ҷаҳониён гардидааст.

Террорист Ватан, миллат ва дин надорад. Террористон ниятҳои разилонаи худро бо рехтани хуни мардуми бегуноҳи дар Афғонистону Покистон, Сурияву Ироқ, чӣ Либияву Миср бо мақсади тарсондани аҳли башар амалӣ намуда истодаанд,  вале инсоният ҳеҷ гоҳ аз ин гунна амалиётҳои ваҳшиёна  ба ҳарос намеафтад, балки чунин рафторҳои ғайри инсонӣ сабаби боз хам муттаҳид шудани аҳли башар зидди қатлу куштор, муборизаи дастҷамъонаи мардуми инсонпарвар зидди чунин падида мегардад.

Боиси ташвиш аст, ки риштаҳои терорризму экстремизм дар кишвари мо тавассути аъзо ва пайравони ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон паҳн мешавад. Мисоли барҷастаи он аз ҷониби  кормандони амнияти кишвар дастгирӣ шудани чанде аз размандагони ин ҳизб мебошад, ки дирӯз тавассути телевизон “асрори шӯриш” кушода шуд.  

Имрӯз кишвари мо новобаста аз дигаргуниҳои муносибатҳои ҷаҳонӣ, новобаста аз чунин амалу кирдори ғайриинсонии бархе аз гурӯҳҳо рӯ ба таррақӣ ниҳодааст, истиқлолият дорад, тинҷию оромӣ ҳукмфармо аст. Ҳамаи ин дастовардҳо ва омилҳо дар он вақт устувор ва абадӣ мегарданд, ки агар аксарият ба он эҳтиром гузоранд, дарк кунанд ва аз ҳар гуна қувваҳои бегона кишварро ҳифз намоянд. Имрӯз падидаҳои шомилшавӣ ва ифротгароӣ, худкушӣ, ҷинояткорӣ, бетарафию фориғболии як гурӯҳ ҷавонон ба мо маълуманд. Аз расонаҳои дохиливу хориҷӣ огаҳӣ дорем, ки ҷавононро  аз Ҷумҳурии Тоҷикистон низ гумроҳ намуда, барои тайёр кардан ҳамчун террорист ба мамлакатҳои хориҷа сафарбар намудаанд. Ҳолатҳои террористӣ, экстремистӣ, ифротгароӣ, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ҷинояткорӣ, хариду фурӯши инсон ва ғайра, ҳаёти ҷамъиятиро халалдор карда, ба амнияти миллию давлатӣ таҳдид мекунад. Аз ин лиҳоз, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯтӣ, меҳанпарастӣ, худшиносиву худогоҳӣ вазифаи муқаддас аст. Ҷавононро бояд чунин тарбия намуд, ки дар муқобили хавфу хатарҳои террористӣ муттаҳид шуда, бо зиракӣ ва ҳушёрии ватандӯстона барои пойдории давлат, таҳкими сулҳу ваҳдат ва рушди ҷомеъа пайваста кӯшиш намоянд.

 Нагузорем, ки ҷонибдорони ҳама гуна ихтилофу тафриқа, ба кадом маънову мазмуну ранг набошад, пешравии босуботи ҷомеъаи осоиштаи маро халалдор гардонанд. Нагузорем, ки дигар гурӯҳи ифротгаре иродаи худро зӯран ба гардани халқи мо бор намуда, мардуми шарифи моро гирифтори балову кулфат намоянд.

Муаттара Раҳматова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд