Дар ҷомеаи мо тайи солиёни охир бинобар талқини амалҳои хурофоту фарҳанги бегона иддае аз шаҳрвандон имонро аз таассуб ҷудо карда наметавонистанд. Ҳамсояеро медиданд, ки намозхон шудаасту барои ба қавле хату саводро гирифтан фарзандашро пеши «домулло»-и маҳалла мефиристад, ӯ ҳам дар пайравӣ бо ӯ масҷидро ҷойи худ дида, барои илмомӯзӣ баназди домулло мефиристад. Албатта ин амали волидон аз як ҷиҳат хуб аст, ки нисбати худу фарзандашон корхои шоистаеро мекунанд. Аммо мантиқи гуфтаҳои болоӣ он аст, ки то кадом андоза доммуллои маҳалла хату савод дорад ва то куҷое намозхонии ӯ барои пок гуфтану пок рафтори ӯ  мусоидат мекунад. Мутаассифона ба таассуб ба масҷид рафтану фарзандҳоямонро бовар карда назди домулло бурдан ба он оварда расонд, ки ҷавонон ифротгапроиву ба қавле «фонат»-и равияҳои бадхоҳ гарданд.     Таассуб ва ифротгароӣ яке аз падидаҳои номатлуби ҷаҳони муосир ба ҳисоб рафта, хатари умумиинсониро дар сайёра ба бор овардааст. Мусаллам аст, ки аҳдофи ҳар гунна гурӯх ё ташкилоти ифротгаро бо роҳи зӯриву истибдод ва ғайриқонунӣ  бесуботу ноором намудани ҷомеа ва сарнагунсозии ҳокимияту давлат мебошад. Заминаҳои зуҳури тассубу ифротгароӣ мухталиф буда, бар ҷаҳолату авомфиребӣ, баҳрамандиҳои молиявӣ, дастрасӣ ба сармоягузориҳои ғайриқонунии  манфиатҷӯёни хориҷӣ асос меёбад. Чунин падидаи номатлуб ҳамчун василаи фишор ва амалисозии манофеъ ва хоҳиши давлатҳои абарқудрат дар ҷомеаҳои ҳассосияти баланди динидошта, ки аксари бошандагон мусалмонон мебошанд бештар ба назар расида истодааст. Мисоли равшани онро метавон дар ҳодисаҳои ҳузнангези Ироқ, Либия, Сурия, Афғонистон ва Покистон  ба осонӣ мушоҳида намуд. 

Шукри сулҳу субот ва ободиву шукуфоии Ватани азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлолро бояд намоем, ки аз замони ба имзо расидани санади тақдирсози Оштии миллӣ то ба имрӯз ба василаи ҳидояту раҳнамоиҳои хирадмандона ва иқдомҳои ваҳдатгароёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ _ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон осоиштагиву амният ва суботи комили кишвар таъмин гашта, мамлактамон ҳамвора қадами устувор рӯ ба рушд ниҳода истодааст.

Вале назар ба иттилои расонаҳои хабарӣ то ҳанӯз будаанд он нафароне, ки дучори таассуботу нодонӣ гашта, ба файзу нусрат ва ҳаёти гулафшони Ватани маҳбубамон назари бад зоҳир менамоянд. Дар ин раванд яке аз масъалаҳои доғи рӯз шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгарову тундрав ва ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ буда, боиси ташвиш ва таассуфи аҳли ҷомеа гардидааст.

Маҳз бо заҳмату талошҳои пайгиронаи Сарвари давлатамон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садҳо ҷавонони кишвар, ки дар муассисаҳои динии ғайриқонунии мамолики хориҷа таҳсили илм доштанд, ба Ватан баргардонида шуда, барояшон имконоти мусоиди таҳсил ва кору зиндагиро фароҳам оварда шудаанд. 

Бояд гуфт, ки иллати асосии гироиши ҷавононро ба ин равияҳои маҷароҷӯву исёнкор дар надоштани донишҳои сиёсиву ҷаҳонбинии илмӣ, ҳамчунин гирифтори таассубу хурофот гардидани онҳо дониста, ҳамаҷиҳата баҳри рафъи ин камбудиҳо бо таблиғи ғояҳои олии сулҳу ваҳдат ва ватандӯстиву инсонгароӣ корҳои фаҳмондадиҳро ҷоннок намудаанд. Бо маърифати ғамхориву пуштибонии давлату Ҳукумат омӯзишу парвариши насли наврасу ҷавонро дар мадди аввал гузошта, барои боло бурдани маънавиёту фарҳангии кӯдакону наврасон ҷаҳди доимӣ ба харҷ медиҳанд.

Дар замони пешрафту тараққиёти илму техникаи муосир ҷавонони моро зарур аст, ки пойбанди расму оинҳои хурофотӣ набошанд ва кӯшиш намоянд, ки ҳамқадами замон бошанду аз дастовардҳои илмию техникӣ огоҳманд гардида, ҷаҳонбинии хешро такмил бахшанд.

       Дар чунин вазъият масъулияти азими таърихӣ ва рисолати шаҳрвандии мо аз он иборат аст, ки давлати ҷавони миллӣ, истиқлолияти он ва ҷомеаи худро аз чунин паёмадҳои манфӣ эмин дорем.

 

                          

                          Назира Бобоҷонова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд