Дӯстиву ҳамкории малакатҳо аз азал барои рушду такомул ёфтани ҳар ду ҷониб  заминаи мусоид мегузорад. Имрӯз халқу миллати тоҷикро бо шарофати сиёсати хирадмандонаи ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳадати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми кишварҳои рӯи олам бо наслу наҷоди ориёӣ будану соҳиби тамаддуни бойу ғанӣ буданашон мешиносанду сулҳу субот, амнияти миллӣ, ваҳдату ягонагӣ ва қабл аз ҳама истиқлолияти моро эътироф сохтаанд. Ин буд, ки таърихи 3 то 5 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо чанде аз намояндагони кумитаҳо ва вазирон ба кишвари афсонавии бо миллати тоҷик дӯсту бародар Ҷопон сафари корӣ анҷом доданд.

         Ёдовар бояд шуд, ки зимни ин сафар барои натиҷаи басамар ва сафари мақсаднок барои ҳамкории ҳамаҷониба ҳафт санади муҳим ба имзо расид, ки он метавонад дар ояндаи ду кишвар риштаи дӯстиро мустаҳкам намоянд ва робитаҳои ҳамкорӣ қавитар гардад.  Асосгузори сулҳу ваҳдати милли - Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамроҳонашро дар фурудгохҳи Ҷопон шахсан воломақоми Ҷопон бо намояндагии дипломатияхо хуш пазируфта, барои сарвари давлат ва намояндагон аз кишвари мо ба хотири эҳтиром меҳмондории боҳашамате оростанд. Аммо аз ин пешравию рушди миллати мо хуши ҷониби мухолифон наомадааст, ки ин кадар булбулвор сароидаанд. Чи тавре хоҳанд, росту дуруғ сухан гуфтаанд.

         Акнун кори ин нафарони хиёнаткору ватанфурӯш ҳамин, дигар зӯрашон ба корҳои дуруст ва ба андешахои дуруст расидагӣ намекунад, ки доим пайгири миллати мо гаштаанд. Бобати миллати тоҷик чиҳое гуфта истодаанд, худ намедонанд. Агар медонистанд чунин намегуфтанд, зеро худ шаҳрванди Тоҷикистонанд, нону обашро хурда аз ношукри по ба ин неъматхо зада истодаанд.

         Аз кай  боз ин нохалафон фикри буҷаву фонди Тоҷикистонро барои беҳбудии миллат меандешидагӣ шудаанд, ки идао намуда истодаанд. Гуиё сарвари давлат аз буҷети давлати сафар намуда, ба он зарар ворид сохтааст.

         Ин ҳама дастовардҳо дар масъалаи дӯстиву ҳамкории давлатҳо бо Тоҷикистон буд, ки дарвозаи тамоми мамолики рӯи олам барои тоҷику Тоҷикистониён боз аст, ҳам барои сайёҳон ва ҳам барои соҳибкорон. Натиҷаи чунин ҳамкорӣ байни ду кишварҳо буд, ки Тоҷикистон баъдии солҳои зиёд бо давлати Ӯзбекистон, ки аслашон як аст ба мувофиқа расида, ҳамаи сарҳадҳоро барои раводиди ҳар ду ҷониб кушоду озод қарор доданд.

         Шумо сиёҳдилони хиёнаткор бояд донед, ки хамаи ин агар барои як Сарвари давлат лозим мебуд, хеҷ гоҳ аз худпарастӣ ин корро намекунад, инро ҳамаи шумо хело хуб медонед. Агар ин худнамоӣ мебуд ва кишвари Ҷопон моро чун меросбарони аҷдодони номдор намешинохт, пас он вақт ин сафарро бенатиҷа номидан мумкин буд. Боиси сарфарозӣ фахри мост, ки ба тамоми олам тавассути расонахои ахбороти маълум гардид, ки Пешвои миллати тоҷиконро чи гуна пешвоз гирифтанд. Ин эҳтироми воло шуморо ба ғазаб овардааст, ки аз ҳасад ин суханонро гуфтаед. Хушбахтона, ба рағми ин душманон дар Ҷопон Пешвои миллат бо ҳамроҳонашон ҳафт санади муҳими ҳамкории Тоҷикистону Ҷопонро имзо намуданд.

         Бо итминони комил гуфта метавонам, ки ҳамаи ин пешравии Тоҷикистон ба ҷониби мухолифон зарбае зада истодааст, ки руҳи онҳоро ба ҳоли ҳалокатбор овардааст. Вагарна чаро ба буҷети давлатву робитаҳои Тоҷикистон бо дигар давлатҳо чашми ҳасуд дӯхтаанд. Дур нест он руз, ки натиҷаи ин санадҳо ба хамагон маълум мегардад ва бори дигар душманони миллатро аз ин гуфтаҳои пучу бемаънояш миёни омма шарманда месозад.

Усмонҷон Ахмедов,

номзади илмҳои иқтисодӣ,

устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд