(ё посух ба мақолаи дар Бадахшон чӣ мегузарад ва чаро мардум аз амалиёти низомӣ ҳарф мезанад?)

Сафари кори панҷрӯзаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва натиҷагирӣ аз фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят миёни аҳолӣ, хосса аз ҷониби «душманони миллат» вокунишҳои гуногуне ба бор овард.  Мо медонем, ки «рақибони сиёси»-и давлат ба ҳар оин ба фаъолияти Пешвои муаззами миллат нуктагирӣ мекунанд. Президент агар зимни сафар аз дастовардҳои ин ё он минтақа зикр намоянд, ҳатман душманон бо чашми ҳасуду нодидагирӣ мегӯянд, ки президент аз камбудиҳо чашм пӯшид. Аммо чун камбудиҳоро фошофош гуфтанд, гӯиё Сарвари давлат ба он минтақа ба таъбири халқи «ганда» шуданд. Аммо ин бор Сарвари давлат дилсӯзона аз камбудиҳои мақомотҳои қудратӣ сухан гуфтанд. Баръакс, ҳар ҳарфу ҳиҷои Сарвари давлатро бо хушнудӣ пазируфтанд. Бале, минтақаи Бадахшон аз дурдасттарин гӯшаи диёр аст. Сатҳи иҷтимоиёти мардум дар қиёс ба дигар мавзеҳои кишвар шояд беҳтар набошад. Аммо таъсиси корхонаи ордбарорӣ, бунёди даҳҳо мактабу марказҳои саломатӣ бозгӯи онанд, ки давлат ва Ҳукумат, шахсан Президент ба ин гӯшаи зебои диёр диду назари хайрхоҳона доранд. Ва эроди Сарвари давлат дар мавриди фармонфаромоии иддае аз ба ном «рекетҳои» шаҳри Хоруғ дуруст аст. Модоме, ки  ин вилоят потенсиали калони рушди сайёҳӣ дорад, чаро мақомоти иҷроияи вилоятӣ, шаҳру навоҳии он андешаи чи тавр рушд додани ин соҳаи кадидиро намеандешанд. Чаро худро аз мардуми оддӣ дур мегиранд. Лоақл камбудиҳояшонро ҳал намекунанд, арзи дили онҳоро намешунаванд.Ин ҳама ба қавле «дастак» мешавад ба душманони миллат. Нодидагирон ва кӯрдилон дар нишоштаашон хостанд, ки шоҳзода Карим Оғохони IV- роб о кишвари мо ҷанг андозанд. Наомадани Шоҳзодаро ба гардани давлат ва Ҳукумат андохтанӣ шуданд. Аммо сабаби наомадани шоҳзода куллан дигар аст.  Дар мақола ҳамчунин зикр шудааст, ки Президент эътироф кардаанд, ки давоми 8 сол бори нахуст ба ноҳияи Мурғоб омадаанд ва зиндагии мардум дар ҳоли қашшоқист. Магар гӯши суханшунав кар буд, ки Сарвари давлат зикр сохтанд, ки мо барои беҳдошти зиндагии сокинони баландкӯҳи Бадахшон корхонаи ордбарориро сохта, мавриди истифода қарор додем, то дар фасли сармо онҳо аз гуруснагӣ азият накашанд. Дар мавриди таъминот бо барқ ҳамин нукта кофист, ки замоне дар кишвар интиқоли нерӯи барқ маҳдуд буд, сокинони вилоят бо барқи доимӣ таъмин буданд.  

Шикваи Президент аз уламои вилоят низ дуруст буд. Зеро дар қатори мақомотҳои қудративу иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бояд диндорон, онҳое, ки миёни омма обрӯ ва манзалат доранд, дар бораи оқибатҳои нашъаву нашъамандӣ сухан мекарданд. Бале омори расмӣ нишон медиҳад, ки дар ин минтақаи кӯҳсори кишвар дар қиёс ба дигар минтақаҳо шумораи нашъамандон зиёд буда, мутаассифона, шумораи фавтидагон аз ҳисоби  ҷавонон зиёд аст.

Ва ахиран эҳсос мешавад, ки ба ин минтақа бештар ба рушди соҳаи мудофиа ва пурқувват кардани сарҳадот кӯшишҳои давлат равона мегардад. Зеро то андозае минтақа минтақаи ҳасос аст. Зеро Бадахшон бо Ҷумҳурии Афғонистон сарҳади тӯлонӣ дошта, коҷоқи маводи мухаддиру аслиҳаҳо аз он ҷо ба кишвар ворид мешавад. Бинобар ин Сарвари давлат аз буду боши қисмҳои ҳарбии дар вилоят буда  дидан намуда, барои беҳдошти қисмҳои ҳарбӣ аз тамоми воситаву имконот истифода мебаранд.

Бо як ҷумла имрӯз Бадахшон қисми ҷудонашаванди кишварамон буда, ободии он ободи Тоҷикистони азиз аст. Мо боварӣ дорем, ки мардуми шарифу бонангу орӣ Бадахшони кӯҳӣ дастгириҳои рӯзафзуни Сарвари давлатро сармашқи кори худ медонанд.

Абдусабури Абдуваҳҳоб,

сармуҳаррири нашрияи «Меҳвари дониш»