Солҳои охир аз хориҷи кишвар бар зидди мамлакати мо бадхоҳон, мухолифин ва ифротгарони гурӯҳҳои мухталиф, алалхусус ҲНИ тарғиботро пурқувват менамоянд. Зеро ки мухолифин бо ҳамин фаъолияти зиддидавлатии худ нишон доданианд, ки кор мекунанд ва фаъоланд. Бо чунин муносибат аз ҳомиёни худ барои зиндагӣ ва иғвогариҳои навбатӣ маблағ рӯёнида, маишати худро таъмин намуданианд. Ҳар як маълумоти бардурӯғ ва танқиди зиндагии тоҷикистониён аз тарафи ҳомиёни хориҷӣ маблағгузорӣ мешавад. Аз ин лиҳоз, мухолифин бар он мекӯшанд, ки бо ҳар роҳу восита мақола ё вокунише таълиф намуда, ҳаёти осоиштаи кишварамонро ноором карда, танқид кунанд ва камбудии ночизе ҳам бошад, онро бо дабдаба ва муболиға ба норасоии гӯшношуниде табдил намоянд. Сабаби пурқувват шудани таблиғоти мухолифин бар зидди Тоҷикистон  дар чист? Сиёсати пешгирифтаи хориҷии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҶТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар борҳо дурандешӣ ва бохирадии муносибати бурунмарзиро нишон дод. Аз ҳамин лиҳоз, обрӯву мақоми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон торафт афзуда истодааст. Сарварони бисёр далатҳои дунё ташаббус  ва пешниҳодҳои хирадмандонаи Пешвои миллатамонро мудом эътироф ва қадр менамоянд. Зеро онҳо ҳамеша барои манфиат ва пешрафти тамоми мардуми ҷаҳон равона карда шудаанд. Баробари ин зиндагии тоҷикистониён маротибҳо беҳтар ва ободтар шуда истодааст. Чанде пеш ба вилояти Суғд меҳмонон аз водии Фарғонаи Ӯзбекистон ташриф оварда буданд. Онҳо бо ҳаёти вилоят шинос шуда, бо ихлос, ҳайрат ва хурсандӣ оид ба зебогӣ, шукуфоӣ ва рушди вилояти ҳамсоя суханҳои самимӣ ва воқеӣ баён намуданд. Меҳмонон аз он ба ҳайрат омаданд, ки мардуми тоҷик бо Сарвари оқилу дурандеш дар як муддати кӯтоҳ тавонист ба як кишвари ободу пешрафтаи ҷаҳон  мубаддал гардад. Ана ҳамин рушди босуръати кишварамон бадхоҳон, душманон ва мухолифонро ба ташвиш овардааст, аз ҳамин сабаб танҳо камбудӣ ва норасоии ҶТ мекобанд ва «аз пашша фил сохта» ба тамоми ҷаҳон ҷор мезананд, ки зиндагии тоҷикон бад аст.

Бо вуҷуди он ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандии харобоварро аз сар гузаронид ва мисли дигар давлатҳо дучори буҳрони шаддиди иқтисодӣ гардид, вале мардуми меҳнатдӯст ва пуртоқати он ҳама душвориҳоро паси сар карда, бо қадамҳои устувор ба сӯйи ояндаи дурахшон пеш меравад. Ана ҳамин рушди босуръат ва бебозгашт бадхоҳон ва мухолифини тоҷиконро ба ташвиш ва изтироб меоварад. Зеро ки мақсади асосӣ аз он иборат аст, ки онҳо  бояд ба ҳомиёни хориҷии худ нишон диҳанд, ки бе иштирок ва дахолати онҳо ба ҳаёти кишвар Тоҷикистон имконияти пешрафтанро надорад. Ва танҳо мухолифин метавонанд давлати демократӣ, обод ва тараққикардаро ташкил намоянд. Мардуми тоҷик  ҳамин гуна сафсата ва суханбозиҳои бардурӯғи мухолифинро пештар борҳо шунида буданд ва оқибати фалокатбори онро чашидаанд. Аз ин рӯ, тоҷикистониён сиёҳро аз сафед ва бадро аз хуб дуруст фарқ карда метавонанд бо вазъи сиёсии ҷаҳонӣ ба хуби балад ҳастанд ва намемонанд, ки ҳам бадхоҳони дохилӣ  ва ҳам душманони хориҷӣ онҳоро гумроҳ намоянд ва ба нооромӣ ва душвориҳои нав дучор намоянд. Дигар даъвои беасоси мухолифин ва душманони кишвар дар он аст, ки гӯё зиндагии мардуми тоҷик қашшоқтарин ва бадтарин дар ҷаҳон мебошад. Аввалан, то ҳол ягон тоҷик аз гуруснагӣ ва қашшоқӣ, вафот накардааст, вале чунин шароити вазнину ногувор мардуми даҳҳо далатҳои Африқо ва Осиёро фаро гирифтааст. Дигар ин ки бо сабаби беҳтар шудани зиндагии мардуми Тоҷикистон Созмоноҳо ва ташкилоти байналхалқӣ кайҳо кӯмаки моддӣ, алалхусус озуқавориро ба кишвар бас кардаанд. Ниҳоят, мо худ шоҳиди бевоситаи рӯз аз рӯз беҳтар шудани некуаҳволи мардуми тоҷик ҳастем, аз ҷумла биноҳои барҳавову зебо, мошинҳои бешумор, бозору мағозаҳои фаровон, маърака, ҷашну чорабиниҳои бошукӯҳ, таълимгоҳҳо ва беморхонаҳои нави муҷаҳҳаз, роҳҳои обод, корхонаҳои нави муосир ва ғайраву ҳоказо ҳама аз беҳбудии мардуми сарбаланду меҳнатдӯсти тоҷик дарак медиҳанд.      

 

    З. Раҳмонов, устоди ДПДТТ ба номи М.Осимӣ