Инак, нишасти солонаи САҲА, ки дар ду сол як маротиба дар шаҳри Варшаваи  давлати Полша доир мегардад, ба анҷом расид. Ҳар он кас, ки ин нишастро пайгирӣ намуд, ба худ хулосаи даркорӣ баровард. Шахсан ман бори дигар бовар ҳосил кардам, ки нерӯҳои мухолифини кишвар то кадом андоза ҳасудхӯранд ва пешравии кишварамонро дидан намехоҳанд.

Аслан дастаҷамъона паймон бубастани чор гӯрӯҳи аз як реша об мехӯрда -  ҲНИ,     Ҷумбиши Ислоҳот ва рушд дар Тоҷикистон, Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ ва Анҷумани озодандешони Тоҷикистон худ далолати заифии онҳоро нишон медиҳанд. Зеро роҳбарони ин чор ниҳод ҳамонҳое ҳастанд, ки аз «баракоти ҲНИ» рӯи об баромадаанд. Ҳам Алим Шерзамонов, ҳам Шарофиддин Гадоев ва ҳам Илҳом Ёқубов дастпарварони мактаби «сиёси»-ии Кабирӣ ҳастанд ва онҳо маънавану руҳан ва аз лиҳози моддӣ низ пойбанди Кабирӣ ва ғуломи ҳалқабардӯшаш ҳастанд. Зеро Кабирӣ чун миёнарав ба онҳо то имрӯз маблағҳои калони хоҷагонашонро тақсим мекунанд. Ин нафарони худро «роҳбартарошида» бошанд, қисмати ками даромадҳои худро ба зердастони худ медиҳанд.

Муҳим ин нест, муҳим он аст, ки мавзӯи моҳҳову солҳо омода кардаи ин нафарон дархӯри рӯз набуд, ки роҳбарияи САҲА баромади онҳоро қобили қабул надонист.  Масалан Кабирӣ дар баромадаш зикр сохт, ки ҷониби Тоҷикистон бо баҳонаи паст  кардани шиддати терроризму экстремизм дар кишвар ва минтақа чандин роҳбарони сиёсиро ба зиндон кашиданд. Ин амалашон баръакс ифротгароиро вусъат мебахшад. Ин гуфтаҳои Кабирӣ асоси воқеӣ надорад, зеро Тоҷикистон чун ташаббускори сулҳу оромӣ дар ҷаҳон борҳо аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват намуда истодааст, ки танҳо якдиливу тифоқӣ метавонад пеши роҳи терроризму ифротгароиро бигирад. Чунончи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистои  таъкид намуданд: “Дар марҳалаи кунунӣ кишвари мо бо мақсади вокуниши саривақтӣ ба таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ дар раванди ташаккули иқтидори муносиби дохилӣ ва хориҷӣ тадбирҳои муассир меандешад. Дар ин раванд, барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамгироии бештар бо ҷомеаи ҷаҳон ва минтақа, сохторҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин, ба роҳ мондани ҳамкориҳои фарогир муҳим мебошад. Мо ҷонибдори низоми ҷаҳонии одилона, бидуни ҷангу низоъ, густариши ҳамкориву шарикии баробар ва судманди ҳамаи кишварҳои олам, таъмини амнияти ҷаҳониву минтақавӣ бо роҳи созишу муколамаи созанда бар асоси Ойинномаи Созмони Милали Муттаҳид мебошем”. Воқеан ҳам давоми беш аз ҳашт моҳ кишвари мо минбари баргузории якчанд конфронсҳои сатҳи байналмилалӣ дар мавзӯи мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ гардид. Ва худи Пешвои муаззами миллат дар суханронии худ дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез”  бо мисолҳои воқеӣ фарҷоми ин амалҳои номатлубро мушахассан таҳлил намуда буданд.

Кабирӣ медонад, ки нақшаҳои кашидааш иҷронашавандаанд, бо истифода аз ин минбари баланд, хост ба «муаммояш» гиреҳкушо ёбад, аммо хато кард. Зеро ҳама медонад, ки фаъолияти ҲНИ хавфи ҷиддие ба минтақа хоҳад буд, чун ин ҳизб амалҳои террористиро дар ҳамҷоягӣ бо ДИИШ анҷом медиҳаду он як шохаи «Ҳизбуллоҳ»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон аст.

Шарофиддин Гадоев интихоботе, ки худи САҲА онро бевосита назорат мекард, интихоботи шаффоф ҳисоб намекунад ва таъкид ҳам кардааст, ки дар кишвар институтҳои мустақил боқӣ намондаанд. Дар ин пешбарии мавзӯъ Шарофиддин Гадоев низ хато кардааст, зеро интихоботҳо ҳама дар чорчӯбаи қонун баргузор гардида, он ба он хотир  барои наҳзтиён ношаффоф ҳаст, ки ягон номзади пешбарикардаи онҳо пирӯз нашуд.

Ҳамин тавр мавзӯи интихобкардаи рақибони сиёсӣ шикастпазир будани онҳоро нишон дод.

Абдусабур Абдуваҳҳобов,

сармуҳаррири нашрияи «Меҳвари дониш»