Пешгирии экстремизм ва терроризм на танҳо вазифаи давлат, балки вазифаи намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ низ мебошад. Ин кор ба мавқеи равшани ҳизбҳои сиёсй, иттиходияҳои чамъиятию динӣ ва шаҳрвандон вобаста аст. Пешгирии зуҳуроти ифротгароиро ҳамчун воситаи муттаҳид намудани ҷидду ҷаҳди шаҳрвандҳо дар роҳи мустаҳкам намудани иқтидори иктисодию сиёсӣ ҳисоб кардан лозим аст.

Вазъияти байналмиллалӣ, афзоиши таҳдидҳои террористиву ифротгароӣ тақозо мекунад, ки ҷиҳати ҳифзи субот дар ҷомеа ва муқовимат ба зуҳуроти терроризму ифротгароӣ чораҳои иловагӣ андешида шаванд. Терроризм бо тамоми шаклу зуҳуроташ ва бо миқёс ва шиддати худ  бо ғайриинсонӣ ва бераҳмонаи худ имрӯз ба яке аз мушкилоти тезутунд ва актуалии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Ҳама зуҳуроти терроризм боиси талафоти зиёди одамон гардида, тамоми арзишҳои маънавӣ, моддӣ ва фарҳангиро нобуд месозад, ки дар тӯли асрҳо дубора эҳё карда намешаванд. Аз ин рӯ, барои мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ тамоми маҷмӯи чораҳоро андешидан зарур аст.

Баҳри пешгирии  падидаҳои номатлуб волидайн, атрофиён масъулони шаҳраку ҷамоатҳо ва қишрҳои гуногуни ҷомеа таваҷҷўҳ зоҳир намуда, баҳри аз байн бурдани он кўшиш намоем.

 Аз нигоҳи коршиносон, мутаассифона, имрўз фаъолияти таблиғотии чунин гурўҳҳои мусалмоннишин доман густурда то марзи  Тоҷикистон низ расидааст. Бархе  аз ҷавонони гумроҳро  бо ҳар баҳона ва ҳавасмандии бардурўғ ҳаммаслакони падидаҳои номатлуб ба сафҳои худ ҷалб кардааст, ки ҷони худро қурбони ормонҳои бегонаву муғризона мекунанд.  Аз гуфтаҳо бармеояд, ҳамаи қишри ҷомеа бояд масъулият ҳис намоянд ва баҳри пешгирии чунин ҳодисаҳои номатлуб ба монанди шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ саҳми худро гузоранд. Мо шањрвандон бояд зиракии сиёсии худро аз даст надода барои пеш рафтани љомеаи њуќуќбунёду дуниявии Тољикистони азизамон тамоми кўшишњоямонро ба харљ дињем, ва нагузорем, ки ѓояњои бегона ба руњияи мо таъсири худро гузораду ба њаёти осоиштаи мо халалдор гардад.

 

Исмоилова С.К., ассистенти кафедраи МО ва ФДПДТТХ ба номи М.С.Осимӣ.