Дар мусоҳибаи охирини худ Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари ҳизби экстремистиву террористии ҲНИТ бо хабарнигорон дар сомонаи “Паём нет” қайд кардааст, ки Ҳукумати кунунии кишвар барои фаъолияти ҳизб монеаҳо эҷод карда, роҳбарон ва тарафдорони онро бегуноҳ ба маҳкама шинондаанд. Ин “олими саршинос” дар посух ба саволҳои хабарнигор дар мавриди хомушӣ ба изҳороти тезу тунди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон сухане гуфта натавонист. Балки бо суханбозиву ҳарфи “муҳаббат” ба обу хоки диёри кишвар хизматҳои худро замони дар Парлумони кишвар буданаш ёдовар шуд.

Ин ман – маниҳои абёти зеринро ба хотир меоварад:

Воизон к-ин ҷилва бар болои меҳробу минбар мекунанд,

Чун ба хилват мераванд, он кори дигар мекунанд

ҲНИТ воқеан ҳам аз замони зуҳур карданаш то ҳозир маблағҳои ҳангуфти хоҷагони хориҷиашонро сарф мекунанд. Агар солҳои пешин бо баҳонаи ҷалби аъзо ва пайравон ин маблағҳоро мегирифтанду онро  сарфи хонаву дар, моншинҳои гаронарзиш ва маишати худ намуда, халқи бечораро бо азёди чанд пора аз оятҳои “Қуръон”-ӣ тарсонда, ба сафи худ ворид мекарданд. Дар асл ҷавҳари ин нафарон танҳо аз разолату кина пур буд. Ин нафарон мехостанд дар кишварамон табаддулотро барпо намуда, ҳокимияти кунуниро сарнагун созанд. Ягона касб ва ҳунари онҳо гуфтани сухани хуб ва ҳукуматро дар ҳама ҳолат мавриди танқид қарор додан  буд.

Дар сӯҳбатҳои мардуми оддӣ мепурсем, ки барояш чӣ чиз аз ҳама қимматар аст? Онҳо мегӯянд. Хотири ҷамъу дили шод. Магар ҳамин неъматро давлат ва ҳукумат таъмин накард. Магар мо  зиндагии талхи мардуми Афғонро аз ёд фаромӯш кардем. Дар ин кишвар низ мардум ба “суханҳои волои” 4 нафар саладорон ворид шуда, имрӯз зиндагонии вазнинро паси сар намуда истодаанд. Маҳз ҳодисаи моҳи сентябри соли 2015  парда аз рӯи мақсад ва ҳадафҳои ҲНИТ бардошта шуд. Давлат ва Ҳукумати кишвар 24 сол ба ин ҳизб имконият дод, то бо идеяҳои милливу созандаи худ кишварамонро пеш барад. Аммо ҳамон “устодон” ва “донишмандони илми динӣ” барои пешравии миллат чӣ кор карданд? Мо мегӯем ягон кор. Магар ин нафарон набуданд, ки ба сафи ҳизби худ муллоҳои кӯрсаводро ҷамъ намуда, бо дамсозию дамбозӣ ба иффати занону модарони мо дастдарозӣ намуданд. Магар ин саркардагон набуданд, ки ҷавонони гумроҳи мо ба хотири бунёди давлати исломӣ бо мақсади “шаҳид” шудану ба “ҷаннат” рафтан ҷони ҷавони худро дар майдонҳои давлати Сурия ва Ироқ қурбон намуданд. Магар ҳамин “падарони руҳони”-и мо набуданд, ки масҷидро  ба ҷойи ибодат ба макони таблиғоти зиддиҳукуматӣ табдил доданд. Магар ҳамин “роҳбарони олимақом” набуданд, ки ба мактаб рафтани духтарони беҳиҷобро куфр дониста, ҷои талабагонро дар масҷидҳо дидан мехостанд. Мо агар аз рӯи гуфти ин нафарон кор мекардем ҷомеаи мо аз як мутаассибхона беш намешуд.

Мо бо азмияти том гуфтем ва мегӯем, ки дигар мардум мардуми солҳои навадум нест. Ва сияҳро аз сафед ҷудо карда метавонад. Бале мо бояд иқрор шавем. Дар ҷомеа камбудиҳо ҳастанд, ҳанӯз вазъи иқтисодӣ на ба он сатҳ ҳаст, ки мо мехоҳем. Вале инро танҳо давлат ва ҳукумат бартараф намекунад. Мо бояд дар атрофи Сарвари муаззами худ сарҷамъ оем. Идеяи миллии худро дошта бошем, то тавонем ба сӯи ояндаи дурахшон қадам ниҳем.

Хайринисо Темирова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд