Дар баробари рушди тараққиёти илму техника тарбияи маънавии наврасону ҷавонон низ дар даврони соҳибистиқлолии кишвар боло рафта истодааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои насли наврасу ҷавонон, ҳамчун ояндаи миллати тоҷик таваҷҷӯҳи хосае зоҳир менамоянд. Зеро қисми бештари аҳолии кишварро ҷавонон ташкил мекунад. Бояд қайд кард, ки ҷавонони имрӯза аз ҷаҳони иттилооту технологияи муосир тасаввуроти бештар  доранд ва ба навовариҳо қадами устувор мегузоранд. Ин албатта, шоистаи дастгирист. Зеро бе рушди тафаккури техникӣ миллатро побарҷо боқӣ гузоштан номумкин аст.  Дар ин ҷода Сарвари давлат дар яке аз баромадҳояшон қайд карда буданд: «…агар мо хоҳем, ки давлатамон пешрафтаву нерӯманд ва ҷомеаи кишварамон осудаву мутамаддин бошад, коре кунем, ки фарзандонамон босаводу донишманд бошанд, дастовардҳои навини илму технологияҳои инноватсиониро азхуд намоянд, ду забони хориҷӣ, бахусус русӣ ва англисиро ба мисли забони модарӣ донанд ва ҳамқадами замон бошанд…»

Таҷрибаи ҳосилнамудаи беш аз 50 солаи кор дар самти омӯзгорӣ ва рӯзгордорӣ собит намуд, ки тарбияи ҷавонон кори саҳлу осон нест. Махсусан дар замони имрӯз, ки иттиллоти фаврӣ ҷойгоҳи махсусе дар ҳаёти мо дорад.

Мутаассифона, иддае аз ҷавонони мо иттолотҳоеро, ба худ қабул мекунанд, ки барои костагии мафкура оварда мерасонад. Шабакаҳои паҳншудаи «Одноклассники», «Фейсбук», «Твиттер», «Инстаграмм»,  ҳамарӯза даҳҳо ахброту наворҳои видеоиро паҳн мекунанд, ки  аксаран характери ифротӣ доранд. Ин гуна наворҳоро ҷавонони радикалӣ паҳн сохта, барои ҷалби ҷавонони гумроҳ маблағҳои зиёдеро низ мегиранд.

Маҳз ҳамин таблиғи аз номи дини мубини ислом навишта боис шуда, ки ҳудуди 300 нафар ҷавонони вилоят имрӯз дар Сурияву Ироқ ба гуфти худашон  барои «ҷиҳод» ҷангида истодаанд.

Дар кишвари мо низ таблиғгарони равияҳои тундгароёна кам нестанд. Онҳо ҳамагӣ аъзои ҲНИТ буда, чун имрӯз ин ҳизб дигар рисолати ошкоро таблиғи ҳадафҳояшонро надоранд, бо дасти дигарон ба ташвиқу таблиғи ҳадафҳои ифротӣ равона шудаанд.  Чаро ҷавонони мо зуд ба чунин даъватҳои сарсарӣ розӣ мешаванд. Чунки дониши сиёсии ва динии баланд надоранд. Аз «хушгӯиҳо»-и таблиғгарони ифротӣ ба мисоли Муҳиддин Кабирӣ шефта мешаванд. Ин нафарон дар ҳозири ҷавонон ва ҷомеа чизи дигар мегӯянду дар ғоиб кори дигар мекунанд. Онҳо имрӯз дар паноҳи хоҷагони худ дар Аврупо шоҳона зиндагӣ доранду аъзо ва пайравони содиқи онҳо дар маҳкама қарор доранд. Агар Кабирӣ ва дигар болонишинони ӯ бегуноҳ мебуданд, омада зердастони худро ҳимоя мекарданд. Гуноҳҳо кардаи онҳоро ба гардани худ мегирифтанд. Чӣ бояд кард, ки ҷавонони мо ба чунин роҳ нараванд. Тарбияро аз оила бояд шуруъ кард. Ин мисраҳоро навишта хотироти даврони ҷавониам пеши назарам омад. Раҳмати модари меҳрубонам мегуфтанд, ки «Вақте, ки ба падарат дар муошират мешавӣ, чашматро ба замин нигоҳ карда гапзанон кун», ки ин эҳтиром нисбат ба падар аст. Боз таъкид мекарданд, ки дар «вақти суханронӣ бо падарат калимаҳои дағалонаро истифода набар!». Ин суханҳо як ҷаҳон маънии калон дорад, ки дар амал ҷорӣ кардан ин гуфтор барои баодоб шудани фарзанд саҳми арзандаро мегузорад.

Дар ҷавониам, раҳматӣ падари бузургворам моро ба инсондӯстиву хоксорӣ ва меҳнатдӯстию гирифтани савоб аз хизмати калонсолон тарбия мекарданд. Он кас мегуфтанд, ки «Вақте, ки калонсолон ягон бор мебардоранд ва дар роҳравӣ азият мекашанд, ба онҳо дасти ёри дароз намо, яъне даррав рафта бори онҳоро то ҷои лозимӣ бурда деҳ ё зери дасташон қаппида то хонаашон бурда мон». Ин сухану маслиҳатомезӣ калонсолон, албатта ҷоизи қайд аст ва имруз ин хел маслиҳатҳо бояд ҳамчун қоида дар майнаи ҷавонон ҷой гирад.

Меҳнатдӯстӣ ва усулҳои сарфакориро донистан яке аз роҳҳои тарбиявии иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи масъулиятнокии ҷавонон мебошад. Мисол: донишҷӯ барои дар макотиб хондан, ба таври шартномавӣ, ба ҳама ҷиҳатҳои хониш тавҷҷӯҳи зиёде бояд зоҳир намояд, то, ки маблағи супоридааш самара диҳад ва капитали инсонии ӯ пурқувват шавад. Аммо, афсӯс, ки аксарияти донишҷӯён ба ин принсипи иқтисодию иҷтимои ҷавобгӯ нестанд, ки ин ҳам ба худи онҳо, оилаҳо ва корхонаву ташкилотҳо зарари иқтисодию, моддию маънавӣ меорад. Имрӯз дар шароити иқтисодиёти бозоргонӣ ҳар як корхона ба донишу тафаккури мутахассисони ҷавон талаботи баланд доранд. Бинобар ин ҳар як донишҷӯ бояд нағз хонад, сарфакории молиявии худро баланд бардорад ва ба мутахассиси замонавӣ ҷавобгӯ бошад.

Хулоса, дар тарбияи ахлоқию маънавии насли наврасу ҷавонон ҳар як падару модар ва устод аҳамияти ҷидди диҳад. 

Абдушукур Назаров, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор