Зуҳуроти номатлуби ҷомеа- ифротгароиву терроризм рӯз то рӯз дар ақсои олам доман паҳн намуда, ҳадафи ин гурӯҳҳои манфиатхоҳ барпо кардани як мамлакати воҳиди фундаметалӣ ва хилофат мебошад. Бадбахтона, қувваҳои  алоҳидаи  сиёсӣ, душманони  миллат  бо  ном   ҳизбу  ҳизббозӣ   бо  ҳисси  нозуки  диндории  сокинон  таъсир  расонида, худро  ҳомии  дини  муқаддас  муаррифӣ   менамоянд  ва  бо  ин  роҳ  халқи  гумроҳ  ва  зудбоварро  ба  манфиатҳои  ғаразноки  сиёсии  худ  истифода  мебаранд. Ин  хатари  заҳматовару  марговар  мардуми  сулҳхоҳи  дунёро ба  ташвиш  овардааст. Мутаассифона,   ҳамарӯза  дар  як  қатор  кишварҳои  дунё, ки  дар  онҳо  ноамонӣ   ҳукмрон  аст, бар  асри  таркишу  содир кардани  амалҳои  террористӣ   садҳо  нафар  аз  аҳолии  осоишта  ҷони  худро  аз  даст  медиҳанд  ва  ё  захмиву  маъюб  мегарданд.

 Бинобар  аз  сабаби  паст  будани  донишу  маърифат,   сустии  таълиму  тарбия  ва  беназоратии  волидон  дар  оила  бархе  аз  ҷавонон  таҳти  таъсири  андешаву  ақидаҳои  гурӯҳҳои  ифротгаро  қарор гирифта, ҳаёти  худро  зери  хатар  мегузоранд.

Солҳои  охир   садҳо  аъзои  гурӯҳҳои  террористиву  экстремисти  ошкору  муайян ва  даҳҳо  нафари  дигар  бо  гуноҳи  содир  кардани  ҷиноят  дастгир  шудаанд.

Биёед ба як омори расмӣ диққат андозед. Соли 2004 дар сар то сари олам ҳамагӣ 40 сомонаҳои таблиғи терроизми экстремизм амал мекарда бошад, пас ин рақам имрӯз ба 10 ҳазор адад расидааст. Ҳар яке аз ин сомонаҳо мубалиғони касбии худро доранд, ки аз ҷониби махсус гурӯҳҳо маблағгузорӣ карда мешаванд. Ҳадафи онҳо паҳни иттилоот тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ, барангехтани кинаву адовати динӣ, мавриди танқид гирифтани шакли давлаториҳои мамлакатҳои осоишта бо истифода аз камбудиҳои ҷузъӣ, ки дар ҳаёти ҳаррӯза вомехӯрад, мебошад.

Хеле  риққатовар  аст, ки  солҳои  охир  баъзе  аз  шаҳрвандони  Тоҷикистон  ба  доми  фиреби  гурӯҳҳои  ҷиноятпеша  афтода  бо  баҳонаи  ҷиҳод  кардану  соҳиби  сарвату  мол  гардидан,  рӯзгори  осудаву  ором, Ватани  ободу  зебо, волидайн  ва  ҳамсару  фарзандони  худро  тарк  намуда, ба  кишварҳои  бегона  рафта  дар  шароити  вазнину  ғайриинсонӣ   ва  хорию  зорӣ   алайҳи  дигарон  меҷанганд. Фарҷоми чунин амалҳо анггуштгазиданҳои волидону пайвандон аст. Мо борҳо шоҳид шудаем, ки ҷавонони гумроҳшуда бо кадом роҳ ба мамлакатҳои ҷангзада рафтаанду ба онҳо дар ин мулки ғайр чи гуна рафтор кардаанд.

Чӣ бояд кард, ки пеши роҳи ин вабои аср гирифта шавад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат борҳо дар баромадҳои худ зимни иштирок дар  ҳамоишҳои байналмилалӣ зикр медоранд, ки терроризм ва ифротгароӣ Ватан, дин мазҳаб  надорад. Танҳо муборизаи дастҷамъона, дониши баланди сиёсиву динӣ метавонад пеши роҳи ин хатари оламшумулро гирад. Мусаллам аст, ки бо вуҷуди ҳазорҳо масҷид доштану ҷавононамон дар мадрасаҳо таҳсили динӣ доштан, ҳанӯз ҷавҳари дини мубини ислом, ки покизагиву  эҳтироми якдигарро талқин мекунад, дуруст омӯзонида намешавад. Агар чунин мебуд, аксари парвардаҳои мактабҳои олии динии бонуфузи давлатҳои арабӣ имрӯз террорист намешуданд. Бунёди Донишгоҳи муосири исломӣ, ки таҳкурсиаш дирӯз аз ҷониби Сарвари давлат гузошта шуд, фикр мекунам барои баланд бардоштани дониши динӣ, завқи диндӯстӣ ва ниҳоят талқини дини воқеан ҳам инсонпарастӣ мусоидат мекунад. Имрӯз дарди ҷавононро ҷавонон медонанд. Бояд ҳамрози онҳо бошем. Ба оне, ки имрӯз роҳ сӯи мамлакатҳои ҷангзада ихтиёр кард, мо аҳли ҷомеа гунаҳкорем. Барояш шароити дуруст муҳайё накардем. Имконият надодем, ки истеъдодаш такмил ёбад. Нафаҳмондем, ки давлат ва Ҳукумати кишвар хайрхоҳи ҷавонон аст. Мо,  ҷавонони фаъоли ҷомеа, қишри ояндасоз, насли хушбахти замон бояд аз ҳар вақта дида бомасъул бошем.

Бояд дар ояндаи наздик мактаби ровиёни ҷавон таъсис диҳем, ки ин мактаб тавонад дар бедории шуури ҷомеа таъсиррасон бошад. Зеро аз мушоҳидаҳо аён мегардад, ки маҳз маҳорати сухангустарӣ, ҷалб карда тавонистани аудитория, истифодаи ҳар гуна адабиётҳои ифротӣ ба душманони миллати мо даст дод, ки тарафдорони худро пайдо намояд. Сониян фаъол будан дар сомонаҳои иҷтимоӣ ҷавоби сареҳ додан ба навиштаҳои иғвоангез натанҳо обрӯи миллати мо, балки нақши ҷавононро дар ҳаёти сиёсии кишвар боз ҳам таъсиргузор мегардонад.

Мураккаб шудани вазъи геополитикии минтақаву ҷаҳон ва осебпазир гардидани истиқлолияти давлатҳои миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ масъалаи ҳифзи давлатдориро боз ҳам ҳассостар ва муҳимтар гардонидааст.  Ҷавонони огоҳ ва дорои маърифати баланди сиёсиву ҳуқуқиро ҳеҷ нерӯи ғаразнок фирефта наметавонад ва огоҳии мардум худ ба яке аз пояҳои асосии амнияти миллии кишвар табдил меёбад. Аз ин рӯ, яке аз муҳимтарин ҳадафҳои давлати мо дар оянда фарогирии кулли ҷомеа бо маърифату ҷаҳонбинӣ ва илму донишҳои муосир хоҳад буд. 

 Амиртемур Ваҳҳобов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд