Дар олами муосир хатари гурӯҳҳои ифротгароӣ яке аз масъалаҳои мубрами илмҳои сиёсӣ буда, омилҳо, хусусиятҳо, харобаҳои он аз ҷониби илмҳои гуногуни ҷомеашиносӣ мавриди омӯзиш ва тадқиқи илмӣ қарор гирифтааст. Агар одамон ба масъалаҳои экстремизм ва муборизаи зидди он бевосита пайваст набошанд ҳам, тавассути чизи дигаре ва ё субъекти дигаре бо масъалаҳои экстремизм (ифротгароӣ) ва шаклҳои дигари ифротгароии сиёсӣ алоқаманд гашта, мавқеи худро муайян менамоянд.

Тундгароӣ, ифротгароӣ ва терроризм падидаҳои манфӣбуда, бо ҳам робитаҳои сабабӣ доранд, чунки тундгароӣ омили пайдоиши ифротгароӣ буда, дар навбати худ сабаби пайдоиши тазоҳуроти террористӣ мебошад.

Махсусан дар ин бора Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз паёмҳои худ ба Маҷлиси Олӣ иброз доштанд, ки масъалаи «мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, хурофотпарастиву ифротгароӣ» ва ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти идеологии муассисаҳои илмӣ ва сохтори марбутаи давлати дунявӣ дониста мешавад.

Имрӯз дар ҷаҳони ислом як қатор ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ дар заминаи эътиқодоти динӣ амалкунанда арзи ҳастӣ доранд, ки аз ҷониби қудратҳои ҷаҳонию минтақавӣ бо мақсади амалӣ сохтани манофеи геополитикиашон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистони соҳибистиқлол интиқол ёфта, имконияти дар оянда вайрон кардани мувозинати динию мазҳабӣ, вазъи сиёсию идеологӣ ва субботу амнияти ҷомеаро доранд.

Мутаассифона, доираҳои муайяне дар ҷаҳони муосир мавҷуданд, ки дар ноором сохтани вазъи сиёсии кишварҳо даст дошта, бо ин роҳ мехоҳанд, ҳадафҳои иқтисодии худро пиёда созанд. Ин гурӯҳҳо маҳз аз заифии дониши дунявию динии мардум истифода намуда, зери шиори «ҷиҳод» сохтори мавҷудаи кишварҳоро фалаҷ карда истодаанд, ки аз ин вабои идеологӣ ягон давлат эмин буда наметавонад. Зеро технологияи муосир пайвандгари ин равандҳо мебошад. Дар натиҷаи чунин амалиётҳои ифротгароӣ бо номи исломиён шумораи зиёди аҳолии бегуноҳ ба ҳалокат расида, нисбат ба дини мубини ислом ҳисси бадбинии мардуми ғайримусулмонро ба вуҷуд меорад.

Бо мақсади пешгирии фаъолияти экстремистӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсису бақайдгирӣ ва амалкардани ташкилотҳои экстремистӣ  ё  созмонҳое,  ки  ба  экстремизм мусоидатмекунанд,  тарғиби  экстремизм  ва паҳн кардани маводи экстремистӣ манъ аст.

Мутобиқи моддаи  8-и  Конститутсияи мамлакат дар Тоҷикистон ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси ҷараёнҳои гуногуни сиёсӣ ва идеологӣ инкишоф меёбад. Ягон идеология, аз  ҷумла динӣ,  наметавонад идеологияи давлатӣ бошад. Ташкилотҳои динӣ,  ки  аз давлат ҷудоанд,  ба корҳои давлатӣ дахолат  карда  наметавонанд.  Ин  чунин маъно дорад,  ки  дар давлати дуняви ё чун Тоҷикистон муассисаҳои динӣ аз  давлат ҷудо  карда  шудаанд ва онҳо имконият надоранд,  ки  ба фаъолияти мақомоти давлатӣ таъсир расонанд. Ва мувофиқи моддаи 28 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «ҳар кас ҳуқуқ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд…»

Бояд тазаккур дод, ки ҳаракатҳои террористӣ дар миқёси олам гуногун буда, онҳоро асосан ду унсури умумӣ бо ҳам муттаҳидмекунад: аввалан, онҳо барои халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ ва суст намудани пояҳои ҳокимияти давлатӣ равона гардида вадигар ин, ки ин ҳаракатҳо дар байни аҳолӣ ҳиссиёти тарс, оҷизиро ба вуҷуд меоваранд. Ёдрас намудан ба мавридаст, ки амалҳои террористӣ дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо моддаҳои 179 ва 180 банду баст карда шудааст. Дар тафсири Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақсадҳои онро чунин шарҳ медиҳад: “Мақсади ибтидоии терроризм халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани одамон, ба воҳима ва таҳлука овардани аҳолӣ буда, тавассути он фишоровардан ба мақомоти давлатист. Чунин ҳаракатҳо мақсади ниҳоии ҷинояткоронро дар маҷбур сохтани мақомоти давлатӣ барои қабули қарори ғайриҳуқуқӣ мебошад, ки ба манфиати онҳост ва ё бо мақсади резонидани обрӯ ва манзалати мақомоти давлатист”.

Дар шароити кунунӣ вазифаи ҳар як фарди ватандӯсту ватанпарвар, миллатдӯсту хештаншинос, алалхусус ҷавонон, ки ҳамчун нерӯи асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд, аз он иборатаст, ки аз таълимоти гурӯҳҳои манфиатҷӯе, ки дини мубини исломро бо терроризму экстремизм айният медиҳанд ва тундгароиро омили ҳифзи ислом муаррифӣ мекунанд, худдорӣ намоянд, зеро дар натиҷаи гароиш ба ин гунна ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу экстремистӣ ҳам ҷони худро аз даст медиҳанд ва ҳам сабаби аз байн бурдани ҷони ҳазорон нафарони дигар мегарданд. Бояд ҳар як шаҳрванд, ҳар як фарди ин ҷомеа барои ҳифзи истиқлолият ва якпорчагии кишвар талош варзад. Зеро ояндаи халқу миллати тоҷикро бе мавҷудияти давлати миллии тоҷикон тасаввур кардан ғайриимконаст.

Сардор Ғуломнабиев, устоди ДПДТТ