Ба ҳамагон маълум аст, ки вақтҳои охир хатари глобалии терроризм ва экстремизм ҳама аҳли башарро таҳдид кардааст. Аммо аҷиб аст, ки ҳар қадар алайҳи терроризм ва экстремизм мубориза бештар шавад, ҳамон қадар ин ҷиноят рӯ ба афзоиш мениҳад.  Пешрафту мувафаққияти ҳар оила, ҳар  қавм, ҳар  халқ, ҳар миллат ва ҳар давлат ба муттаҳидӣ ва ягонагии он сахт марбут аст. Ин як ҳақиқатест инкорнопазир. Вале дар марҳилахои гуногуни зиндагӣ бинобар сабабҳо ва омилҳои айнӣ ва зеҳнӣ унсурҳои  таъминкунандаи  ваҳдат  халалдор  шуда, боиси парокандагӣ  ва  ҳатто  нобудии қавмҳо, миллатҳо ва давлатҳо мешаванд.

Тоҷикистон имрўз дар арсаи байналмилалӣ бо маром пеш рафта, мақому манзалати хешро миёни кишварҳои оалм касб намудааст. Бо он, ки имрўз он соҳиби Истиқлолияти воқеӣ ва ваҳдату ягонагист. Тоҷикистон сулҳ дорад, сулҳу суботи пойдор ва мардумони башардўсту меҳанпарасташ, барои ҷовидонии он тамоми кўшишу заҳматҳояшро дареғ намедорад. Ин нафарон ба ҷуз ононанд, ки имрўз ба ин сарзамини муқаддас хиёнат намудаву ба мустақилияташ чашм ало кардаад.

Ташкилоти терористиву экстремистии ҲНИ таҳти роҳбарияти Кабирӣ ва намояндагони „исломдўсташ“, ки аслашон тоҷик асту макону зодгоҳашон Тоҷикистон, маҳбубияту шўҳрати кишварро мехоҳанд нобуд созанд. Чаро? Чун онҳо кўрнамаку хиёнаткорони ватан ҳастанд, агар не пас чаро мардумони кишварро ба иғвову дасисаҳо андохтаанд. Дар дохили кишвар ҳадафи ду бора аланга гиронидани оташи хомўшшударо роҳандозӣ намуданд.

       Терроризм содир намудан амалҳое мебошад, ки ба одамон хатари марг ба миён меоваранд, истифодаи он мақсади ҷисмонан бартараф кардани рақиби сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад. Зўроварӣ, зулм, фишороварӣ, таҳқир ва паст задани шаъну шарафи инсон хусусан гурўҳҳои дигари этникӣ аз ҷониби ҷомеа ва давлат муҳим аст, эътирозро ба вуҷуд оварад, ки он мумкин ба ифратгароӣ сабзида расад.

      Ифратгароӣ дар кадом шакл набошад, онро мо қабул надорем, чунки он ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро поймол мекунад. Қайд кардан ҷоиз аст, ки ифратгароӣ асосҳои маънавии ҷомеаро вайрон намуда, ба амнияти минтақа, тамоми ҷаҳон, аз он ҷумла ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам таҳдид мекунад. Ба муқобили ифратгароӣ бояд ҳама мубориза баранд.   Мо бори дигар иброз медорем, ки ҷонибдори сулҳу субот дар ҷаҳон буда, терроризм ва экстремизмро қатъиян маҳкум менамоем. Ва ба Кабириву даспарваронаш таъкид менамоем, ки дигар кўшиши дар чаманистони мо даромаданро накунед. Чун ҳар хор метавонад, ин гулҳои чаманро озурда созад.

       Имрўз вазифаи ҳар яки мо ҷавонон аз он иборат аст, ки ҷавонон ва насли наврасро дар рўҳияи ҳушёрии сиёсӣ, ҳуввияти миллӣ, худшиносию миллатдўстӣ тарбия намуда, ба онҳо фаҳмонем, ки ҳеҷ неъмату сарват болотар аз ваҳдату сулҳу озодӣ нест.

      Суханони ҳикматрези ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ бояд сармашқи фаъолияти ҳамарўзаи мо қарор ёбад. Чун давлати мо, давлати озоду обод ва соҳибистиқлол аст, ба он Илҳом Ёқубови „сухандону озодбаён“ гуфтаниам, ки „қудрте азимтар дар ин олам аз қудрати озодӣ нест ва саодате баландтар дар ин ҷаҳон аз саодати халқи озод нест“.

Маърифат Мавлонова,

котиби масъули нашрияи „Меҳвари дониш“-и

ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд