(дар ҳошияи мақолаи «Босмачӣ шояд то Аврупо равад, аммо аврупоӣ намешавад»)

Чун ҳамасола дар Варшава конфронси САҲА дар доираи васеъ доир гардид, ки дар он наздики 150-200 нафар вакилон ширкат варзиданд. Дар қатори ин вакилон роҳбарияти ТЭТ ҲНИ ва чанде аз шогиродони дар мактаби худ тарбиятгирифтааш низ бо муттаҳами вориди толори ин маҷлисгоҳ гашта, хостанд маърӯзаи «пур аз мӯҳтаво»-и худро ба мардум иброз доранд. Вале ин амалӣ онҳо баракси ҳол гардид, ки онҳоро ба шармандагии беш аз пештара дучор кард, зеро дар баробари баромади эшон дар ин конфронс, ки маърӯзаи онҳо аз мавзӯъ комилан берун буда, маънои ихтилофангез дошт. Бинобар ин масъулини конфронс маҷбур гашт, ки Кабирӣ ва намояндагони аз ватан бадарғагаштаро аз ин конфронс низ бадарға намуданд. Ин дар ҳолест, ки кори конфронс ба охир нарасида буд. Ва таъкид ҳам сохтанд, ки агар дуюмбора чунин кори  худро такрор созанд, ширкати онҳоро минбаъд қатъ хоҳад кард. Ин муқаррароти нав, тамоми нақшаҳои иғвогаронаи ТЭТ ҲНИ-ро барбод дод, зеро онҳо барои эҷоди чунин намоишу эътирозҳо дар доираи ин ҷаласа моҳҳо тайёрӣ дида буданд. Яъне «чоҳканро зери чоҳ намуданд». Зеро баромади Кабирии бадтинатро аз риштаи муҳокимаи гузаронида будам, ки саросар аз ташфиқоти ифротгароӣ дарак медод.

Гузашта аз ин аз ҳамин минбар истода, бо изҳори табрикоти «самимона нисбати ҳамватанонаш» мардумро ба ворид шудан ба ин ташкилотҳи иртиҷоӣ таҳрик намуда истодааст.

Ҳоло маълум гашт, ки иштирокдорони ин маҷлис дар чи бора будани баромади ин назҳатиёни босмачиро дарк намудаанд ва ба қарори аз маҷлисгоҳ дур намудани эшонро ҳукм додаанд. Ҳиссу ифтихори миллиро доро будаанд, ки бо чунин терористони бадкирдор дар як саф нишастанро ба худ лоиқ надидаанд. Ба ақидаи ман бори дигар олам донист, ки то чи андоза Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯ барои ноором сохтани вазъият дар Тоҷикистон таҳти фармони хоҷагони худ чи бесарусомониҳоро ба роҳ андохтанд. Дуруст ба мисли ҳамин конфронс, ки дар ин маҷлис низ бо зӯриҳои фармондеҳони худ ширкат варзида, кори  конфронсро вайрон сохт. Худ қазоват намоед, ки дар чанд лаҳзаи дар ин маҷлисгоҳ буданаш кори онро вайрон намуда, сад дусад нафар иштирокдоронро ба малол оварда бошад. Таи солҳои зиёд дар Тоҷикистон чи корҳои нохалаф амалӣ намуда, ҳазорҳо нафарро шояд фирефтаи доми макру фиреб кардааст ва бо ин амалӣ хеш миёни мардум ғаму андӯҳро бор кардааст.

Суханрониҳои намояндагони ҲНИ ва муздуронашон дар доираи худи ҷаласаи солонаи САҲА низ саросар пуч ва бемазмуну мӯҳтаво буданд. Он Кабириву шогирдони парвариш кардааш, чун Илҳом Ёқубов низ дар он минбар бо хоҳиши роҳбари фармондеҳаш баромад намуда, бо хоҳиши худ хост аз минбари ин ҷаласа истифода намуда, ҳамон шиорҳои умумии худ дар бораи гӯё нақзи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистонро такрор кунад, аммо ягон чизи мушаххасе гуфта натавонист. Бинобар ин, раисикунанда сухани ӯро қатъ намуда, таъкид кард, ки дар доираи мавзӯи ҷаласа сӯҳбат кунад. Зеро баромади онҳо комилан аз мавзӯъ дур буд. Ва мақсаднок низ набуд, зеро назҳатиҳо хостанд, ки бо хоҳиши худ дар Тоҷикистон таҳримҳои зиддидавлатиро ба роҳ монанд.

Ҳамин тариқ ҳини баромади намояндагони ТЭТ ҲНИ модератори конфронс маҷбур шуд, ки баромади онҳо тамом нашуда, ба он нуқта гузоранд ва аз дохили толор онҳоро берун намоянд.

Хоса иштирокеро, ки барояш шояд ин давомдиҳандагони босмачиёни асри гузашта, моҳҳо омодагӣ дида буданд, бар зарарри онҳо хотима ёфт. Ва дубора шармандигиву расвоии беш онҳоро рӯ ба рӯ гардид. Зеро дар ин ҷо ҳатто иштирокдорон ба хулосае омаданд, ки баромади эшон ягон мақсади мушаххас надошта, онҳо тавассути минбари САҲА фурсатро муносиб дониста, ҳадафи нопокашонро амалӣ месозанд.

Ин баромаду суханҳои пучу бемӯҳтаво танҳо барои он, ки нооромӣ дар олам ҳукмфармоӣ кунад. Дар тӯли ин ҳамоиш, ҷомеаи ҷаҳонӣ бори дигар шоҳиди он шуд, ки ТЭТ ҲНИ идомаи мантиқӣ ва қисми таркибии ҳаракати байналмилаии террористӣ буда, ягон чизи нав барои гуфтан надорад. Дигар касе дар ин доираҳо ба ҳиллаю найранг, шиору суханрониҳои пуч ва изҳороту баромадҳои онҳо, ки мақсади ягонаи он ба даст овардани маблағу грантҳои нави кишварҳои иштироккунанда мебошад, аҳаммияте намедиҳад. Яъне, ҷомеаи ҷаҳонӣ аз моҳияти воқеии ин гурӯҳаки террористӣ рӯз аз рӯз ба таври амиқтар огоҳ шуда, рӯз аз рӯз аз он фосила мегирад.

 

Сухани Кабириро мароқ зоҳир намудам, зеро иброз доштааст, ки намояндагони ташкилотеро, ки айни замон роҳбари мекунад, яъне ТЭТ ҲНИ давомдиҳандаи кори ӯст. Ӯ бошад давомдиҳандаи босмачиёни садаи гузашта буда, қадри он босмачиён беш аз равшанзамирону равшанфикроне, ки барои истиқлолияти воқеии миллати мо саҳм доштаанд.  Ӯ чи тавр инсони нопоку бадсиришт аст, ки мехоҳад бо шогирдони терористи худ тамоми оламро ба хун оғӯшта намуда, инсонҳои бечораро қатл менамояд.

Ин Кабирии нохалаф ҳатто дар тақдими «табрикоташ бахшида ба Истиқлолияти Тоҷикистон» иброз доштааст, ки агар равшан баён созам, ҳамкориро бо назҳатиҳову босмачиён рад накунад, Истиқлоляти мо воқеи хоҳад гардид. Дар куҷо ин мафҳум вуҷуд дорад, ки ҳамкорӣ бо терористону босмачиён Истиқлолият ба даст меояд. Ин афкори ҳамон нафароне, ки мағзи сарашон ҳатто кор намекунад, зеро ақидаҳои терористиву экстремистӣ аллакай майнаи сари онҳоро лоғар намудааст. Ва ба ин Кабирии давомдиҳандаи босмачиҳо гуфтаниам, ки якрӯз дар дарёи хуни мардумони бечора худ ғарқ гардида, илоҷи наҷот нахоҳӣ ёфт.

Дар ҷавоби ҳамон сухани гуфтаи Кабирӣ, ки худу ҳаммаслаконашро давомдиҳандаи босмачиён номидааст иброз мекунам. Дар ҳақиқат «Гург қишлоқашро дигар мекунаду феълашро не». Вале бояд донист, ки на ҳама ин феъл ӯро дар шикор муваффақ месозад. Дар натиҷаи феъли бадаш рӯзе тӯъмаи онҳое мегардад, ки ҳатто худ бехабар мемонад.

Насим Тошхӯҷаев,

номзади илмҳои химия,

устоди кафедраи химия ва технологияи маҳсулоти хӯрока