Тавре ки  қаблан иттилоъ дода будем, дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд аз санаи 30.04.2018 то 05.05.2018 ҳафтаи худидоракунӣ оғоз гардида, беҳтарин донишҷӯён дар вазифаҳои гуногун дониш ва малакаи роҳбариро омӯхта истодаанд.

Аз санаи 28 апрел шиносоии донишҷӯёни ба вазифаҳои таъингардида  ва кору фаъолияти шуъбаҳо оғоз гардид. Ҳамаи донишҷӯён бо сардорони шуъбаҳо, нақша ва самти асосии фаъолияти онҳо аз наздик шинос гардида, нақшаи якҳафтинаи худро ҳамчун сардорони шуъба таҳия намуданд.

Санаи 30.04.2018 ҳамаи донишҷӯён мувофиқи интизоми меҳнатӣ вазифаҳои худро ишғол намуда, фаъолияти худро оғоз намуданд, ки аз рафти он гузориш медиҳем.

Ба вазифаи директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ донишҷӯи курси 3, ихтисоси 69.01.01тА Садиров Рустам интихоб гардида буд. Зимни сӯҳбат Садиров Р. қайд намуд, ки вазифаи роҳбарикунанда барояш писанд омада, кӯшиш намуда истодааст, то масъалаҳои муҳими донишкадаро то ҳадди имкон бо ҳамроҳии директори донишкада Дилафрӯз Саидӣ баррасӣ намояд. Рӯзи шанбе тибқи муқаррарот дар рӯзи қабул Садиров Рустам ҳамчун директори донишкада донишҷӯён ва волидайни онҳоро ба ҳузур пазируфт.  Ҳамчунин, фаъолияти асосии Садиров Рустам дар давоми як ҳафта барои пешвози меҳмонони олиқадр равона карда шуда, аз болои корҳои сохтмонӣ ва чорабинии фарҳангӣ назорат бурда истодааст.

Вазифаи муовини директор оид ба таълимро донишҷӯи курси 4, ихтисоси 74.02.06т Муҳаммадҷонов Толибхон ба ӯҳда дорад. Муҳаммадҷонов Т. бо фаъолияти шуъбаи илм шинос гардида, ҳамзамон дар вохӯрии хатмкунандагон ва мудирони кафедраҳо, ки санаи 28 апрел  баргузор гардид, иштирок намуд. Дар ин ҷамъомад Низомномаи хатмкунандагони донишкада баррасӣ карда шуд.

Муовини директор оид ба илм ва инноватсия донишҷӯи курси 2, ихтисоси 40.01.02тА Сангинов Саидиқбол таъин гардидааст. Сангинов Саидиқбол аввалан бо Низомномаи шуъба, фаъолияти он шиносоӣ пайдо намуд. Сатми асосии фаъолияти  Сангинов С.  бо ҳамроҳии муовини  директор оид ба илм ва инноватсия Холматов Т.Ё. дар давоми ҳафта ба коркарди ташкили раванди таълим дар магистратура равона гардидааст.

Ба вазифаи сардори шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ  Мӯҳсинзода Фаризахон, донишҷӯи курси 2, ихтисоси 40.01.02рА таъин гардидааст. Айни ҳол дар шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ раванди дастраскунии маводҳои имтиҳони давлатӣ барои хатмкунандагон идома дорад. Зимни сӯҳбат, Мӯҳсинзода Ф. қайд намуд, ки бо нақша ва низомнома шуъба шинос гардид. Кору фаъолияти шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ  хеле хуб ба роҳ монда шуда, барояш писанд аст. Ӯ мекӯшад, то давоми ҳафта  раванди корро хуб аз худ намуда, барои иҷрои вазифа кӯшиш ба харҷ диҳад.

Сардори шуъбаи робитаҳои хориҷӣ ва идораи лоиҳаҳо Аминов Амир, донишҷӯи курси 3, ихтисоси 70.02.01тВ таъин гардидааст. Аминов А. қайд намуд, ки бо фаъолияти шуъба, тарзи тайёр намудани лоиҳаҳо аз рӯйи самтҳо шинос гардид. Фаъолияти асосии ӯ дар давоми ҳафта барои ҷустуҷӯи имкониятҳо барои донишҷӯён, барои таҳсил дар хориҷа равона мегардад. Зимни суҳбат Аминов А. қайд намуд, ки барои таҳсил дар хориҷа донишҷӯён бояд забонҳои хориҷиро хуб омӯхта, аз рӯйи ихтисоси худ дониши баландро доро бошанд.

Исроилова Фарзона, донишҷӯи курси 4, ихтисоси 25.01.04тБ вазифаи сардори шуъбаи маркази тестии донишкадаро соҳиб гардид. Айни ҳол Исроилова Фарзона бо Низомномаи маркази тестӣ шинос гардида, барои омодакунии имтиҳонҳои ниҳоӣ кӯшиш намуда истодааст. Самти асосии фаъолияти Исроилова Фарзона ҳамчун сардори шуъбаи маркази тестӣ ба саривақт дасраскунии маводҳои имтиҳони ниҳоӣ аз ҷониби омӯзгорон равона гардидааст.

Сардори шуъбаи идоракунии сифат ва банақшагирии стратегӣ донишҷӯи курси 3, ихтисоси 70.02.01 тБ Ҳалимов Абдуҳаким интихоб гардид. Аз рӯзи аввали фаъолият Ҳалимов А.  раванди таълимро назорат намуд. Ҳалимов А. ҳамаи гурӯҳҳоро аз рӯи мавҷудияти силлабус, журнали гурӯҳ, қайди давомот назорат намуд. Инчунин, аз болои тасдиқи супоришот ва силлабус аз рӯи фанҳо, қайди мавзуъҳо дар журнал, раванди дарс назорат  бурда шуд.

Сармуҳосиби донишкада Ҳайдарова Фарзона, донишҷӯи курси 4, ихтисоси 25.01.04тБ интихоб гардид. Рӯзи аввал Ҳайдарова Фарзона бо ҳамроҳии Середа Н. музди маоши кормандон ва андози онро  ҳисоб намуда,  ба Нозироти андоз фиристоданд. Инчунин, сметаи ягонаи даромад ва хароҷоти донишкада барои соли 2018 тартиб дода шуда истодааст.

Ба вазифаи декани факултети информатика ва энергетика донишҷӯи курси 3, ихтисоси 43.01.03тВ Холмуродов Шавкат таъин гардид. Холмуродов Ш. бо вазифаҳо ва ӯҳдадориҳои  декани факултети информатика ва энергетика  аз наздик шинос гардида, нақшаи якҳафтинаро тартиб додааст.

Сардори шуъбаи маркази идоракунии СИИД донишҷӯи курси 2, ихтисоси 40.01.02рА Дадобоев Абдулҳафиз интихоб гардид. Дадобоев А. аввалан бо кору фаъолият ва вазифаи асосии шуъба шинос гардид. Баъдан бо барномаҳои шуъба, тарзи идораи СИИД шинос гардида, вазифаҳои мушаххас гирифт.

Хиромон Пӯлодова, И.в. мудири шуъбаи робита бо ВАО, сармуҳаррири нашрияи “Меҳвари дониш”