Раванди ҷаҳонишавии тамаддунҳо, бархӯрди абарқудратҳо боис шуда истодааст дар давлатҳое, ки  ҳуввияти миллӣ, ҳамдигарфаҳмӣ поянда нест, ҷангҳои шадид рух дода истодааст. Аз низоъву нофаҳмиҳои давлати Сурия панҷ сол сипарӣ мешавад. Вале то кунун сокинон дарк накардаанд, ки ба кадомин тараф бовар кунанд. Аз як тараф нерӯҳои опозитсионӣ аз ҷониби дигар нерӯҳои ҳукуматӣ ҳақ будани худро исбот карданӣ мешаванд. Дар натиҷа аҳолии осоишта ва иқтидору иқтисодиёти кишвар зарари калони маънавиву иқтисодӣ кашида истодаанд.

Мо ин таҷрибаи талхро солҳои навадум аз сар гузаронида, шукрона, ки бо оромиву тинҷӣ расидем. Маҳз ҳамдигрфаҳмӣ боис шуд, ки рӯзи саодату нишотбахш насибамон гардид. Кишвари мо 21- сол инҷониб аз насими рӯҳбахши ваҳдату истиқлол озодона нафас мекашад. Аммо ҳанӯз ҳам қувваву нерӯе ҳаст, ки ин ҳама ободиву ҳамдигарфаҳмиро дидан намехоҳанд. Ба ин нафарони зархарид номуназзами нотифоқии миллати тоҷик бештар манфиат меорад. Зеро онҳо медонанд, ки пояи давлатдориро танҳо метавон аз дарун заиф сохт. Ба ин хотир аслиҳаи асосии онҳо ин ҷанги иттилоотӣ мебошад. Мо тавассути сомонаҳои ҳангомаҷӯй ҳамарӯза «ибтикорот»-и  гурӯҳҳои ба ном 24, ҲНИ ва дигар майдагурӯҳҳоро мебинем, ки танҳо рисолаташон сари компютер нишастану тӯҳмате ба сари кишвар бор кардан аст. Суоле ба миён меояд, ки ин нафарон аз кадомин ҳисоб соҳиби хонаву дар, шароити хубу созгор барои «интиқомҷӯӣ» меёфта бошанд. Худ маълум аст, ки онҳо солҳои сол пулҳои дуздидаашонро сарфи ин «шуғли» амри виҷдон мекунанд. Бар замми ин онҳо пулҳои ҳангуфти хоҷагони худро доранд, ки беҳадду канор аст. Пас онҳо дигар шуғле надоранд. Ба ҷузъ «аз таги нохун чиркковӣ». Худи Кабирӣ дар ҳар мусоҳибаи худ гаштаю баргашта аз камбудиҳои давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон сухан мегӯяд, аммо ҳамаи гуфтаҳояш пояи воқеӣ надоранд.

Ӯ чун роҳбари як ҳизби ба қавли худ «муқтадир» бояд дар дохили Тоҷикистон исбот мекард, ки барномаву оинномаҳояш барои беҳбудии халқ равона аст. Агар ӯ ба парлумони кишвар дар интихоботи навбатӣ роҳ меёфт, боз ҳам бо Ҳукумат мусолиҳа мекард. Яъне, ӯ ҳамеша манфиатҳои худро аз зердастонаш боло мегузошту мегузорад. Худ ноамниҳоро дар кори кӯшиши табаддулоти давлатӣ ташкил карда,  бо аҳли оилааш ба хориҷи кишвар фирор намуд ва гоҳу ногоҳ бо ҳар баҳонае ҳамчун «коршинос» ҷумҳурии мо ва ниҳодҳои марбутаи онро мавриди танқид қарор медиҳад, ки онҳо аслан бунёде надоранд. Ӯ пайваста дар мусоҳибаҳои сохтакоронаи худ таъкид медорад, ки  намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар аз собиқ аъзоёни ин ҳизб бо ҳар баҳона гӯё маблағ меситонанд. Аммо асли воқеа ин аст, ки ҳанӯз пеш аз кӯшиши табаддулоти давлатӣ аксари аъзоёни ин ҳизб дар минтақаҳо ихтиёран ариза навишта аз ин ҳизб рафта буданд ва он дар аксарияти шаҳру ноҳияҳо бе аъзо монда буд. Эҳтимол яке аз сабаби асосии кӯшиши табаддулоти давлатӣ бо тарҳрезӣ ва пуштибонии хоҷагони хориҷии онҳо аз ҷониби роҳбарони ин ҳизб пеш аз ҳама ҷилавгирӣ аз камнуфуз гардидани ин ҳизб дар миёни қишрҳои мухталифи ҷомеаи кишвар бошад.

Чун ҷониби ғарб, минҷумла Ҷумҳурии исломии Эрон пуштибони аслии Кабирӣ ва дигар гурӯҳҳо ҳастанд, мардуми азиятдида, ҷавонони бо нангу ор зимни як тазоҳурот дар назди сафоратхонаи Ҷумҳурии исломии Эрон аз роҳбарияти ин кишвар тақозо карданд, ки Кабирӣ ва ёронашро ба кишвари мо баргардонад, то дар доираи қонуни кишвар барои гумроҳии ҷавонон, тӯҳмату бӯҳтоне, ки нисбати давлат ва Ҳукумати кишвар кардаанд, ҷавоб гӯянд. Аммо ин тазоҳурот бо мақсади аланга нагирифтану доман паҳн накардан, аз ҷониби мақомоти қудратӣ пароканда карда шуд. Аммо ҷониби мухолифин ба эҳсосоти мардум бозӣ карда, ин тазоҳуротро сенарияи ҳукуматӣ номидаанд, ки комилан хатост. Аз чеҳраҳои сокинон маълум буд, ки онҳо бо чи андоза нафрату ғирев барои ситонидани ҳаққи худ ба тазоҳурот омада буданд.  

Яке аз поягузорони адабиёти тоҷик дар охири қарни 20 ва аввали асри 21 шодравон академик Муҳаммадҷон Шакурӣ дар яке аз нигоштаҳои худ овардаанд, ки ба атроф нуру зиёи маърифату одамият пошидан, бо андешаи расо мардуми гирду пешро ба роҳи ҳақиқат ҳидоят намуда, аз фалокати гумроҳӣ наҷот додан рисолати зиёиву равшангари ҳақиқист. Маҳз ҳамин шева шиори давлат ва Ҳукумати кишвар аст. Боварии комил дорем, ки халқи заршиноси тоҷик дар атрофии идеяи миллӣ сарҷамъ омада, бар зидди ҳамагуна зуҳуротҳо муборизаи беамон мебаранд.

Абдусабури Абдуваҳҳоб, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд