Дар кишвари озоду ободи мо ҳуқуқҳои фитрии инсон ҳамчун арзиши олӣ эътироф гардида, шаҳрвандон бе ягон мамониат ба таҳсилу табобат фаро гирифта мешаванд. Суботу оромӣ дар кишвар аз ҷониби давлаи ва Ҳукумат таъмин карда мешаванд. Аммо новобаста аз ин ашхос ва гурӯҳҳое низ мавҷуданд, ки бо андешаву ақида ва рафтору аъмоли “аҳриманӣ”-и худ мехоҳанд ба оромиву суботи давлатҳои алоҳида, ҳатто Ватани худ таҳдид намоянд.

Яке аз ин гурӯҳҳои тундраву ифротгаро – роҳбарони Ҳизби террористию экстремистии мамнӯи наҳзати ислом мебошад, ки бо ҷурми айбдорӣ барои ҷиноятҳои махсусан вазнин дар ҷустуҷӯи байналмиллалӣ қарор доранд ва то ҳол аз паси миллату давлати худ сангпартоӣ мекунанд.

Роҳбари ТЭТ ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ аз шакли давлатдорӣ ва фаъолияти шохаҳои ҳокимияти Тоҷикистон норозигӣ баён намуда, бо ҳар роҳу восита мехохад накш ва мақоми кишварро дар арсаи байналмилалӣ паст зандад. Ин шахсияти манфур дар солҳои фаъолияташ ба ҳайси вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар низ на ба манфиати халқ ва интихобкунандагон, балки ба манфиати шахсии худ ва иҷрои дастуру супоришҳои хоҷагони хориҷии худ машғул буд ва баъди дар интихобот ғолиб наомадан ва бе мансаб монданаш чеҳраи ҳақиқии худро ошкор сохт.

Дар расонаҳои хабарӣ чарх задании хабари бемории набераи Муҳиддин Кабирӣ Иброҳим Тиллозода ва «монеа» эҷод кардани мақомоти кишвар барои табобати ӯ дар хориҷи кишвар сару садоҳои гуногунро ба бор овард. Гурӯҳе, ки аз асли воқеа хабардор нестанд, ба хотири дилсӯзӣ аз ин кӯдаки маъсум шадидан  мақомоти интизомиро барои «бераҳмӣ» интиқод мекунанд. Аммо воқеияти ҳол он аст, ки командаи Муҳиддин Кабирӣ бо истифода аз ин ҳолати қулай барои бадном кардани давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саъй меварзанд.Чунин шеваи мафкураи мардумро ба даст овардан аз шеваҳои асосии корбарии Кабирӣ ва ёронаш мебошанд. Ин як навъ кӯшиши бадном кардани давлат мебошад. Ҳол он ки модари Иброҳим, яъне келини Муҳиддин Кабирӣ иқрор мешавад, ки омили ба тахир афтодани сафари онҳо ба хориҷи кишвар барои табобат дигар аст. Яъне ҳуҷҷатҳо барои сафар бо айби худи модари Иброҳим пурра тахт нашудаанд. Ин барои онҳо дар хориҷи кишвар мушкилӣ эҷод мекунанд. Аммо наҳзатиён ин ҳамаро ҷомаи сиёсӣ пӯшонида, мехоҳанд ҷомеаи ҷаҳониро ҳушдор диҳанд, ки ҳуқуқҳояшон нақз мешавад. Бояд мардона иқрор шуд, ки Кабирӣ ин бор низ мағлуб гардид. Зеро чунин баҳон, ки ба эҳсоси мардум бозӣ кардан аст, барои рақибе, ки худро пурқувват вонамуд мекунад, айб аст. Мард бояд буд ва мардона мубориза бурд.

Албатта мо медонем, ки чунин мушкилӣ ва вазъи ноҳинҷорро барои душман раво намебинем. Кӯдак бемор аст, вале онро ҳангома кардану дилашро ба зиндагӣ сард намудан чӣ ҳоҷат аст. Сандгиле низ ин ҳамаро дида, ба хотири саломатӣ аз ҳама чиз гузашт мекунад. Аммо бояд барои табобат дар хориҷ шахс зинаҳои ҳуҷҷатгузориро паси сар намояд, вагарна дар хориҷ  ба мушкилиҳои дигар мувоҷеҳ хоҳад шуд. Аммо пайвандони тифле, ки бемориаш чандин моҳҳо гузаштааст, акунун аз хобир гарон хестаанд. Мебоист, ки ғами кӯдакро пештар мехӯрданд. Аммо имрӯз бемории набера аслиҳаи асосии ҷанги иттиллотии Кабирӣ гардидааст, ки бо ин амалаш ӯ мехоҳад ҷонибдорони хешро боз ҳам зиёд намояд.

Бо қатъияти том гуфтанием, ки чунин сенариясозиро сокинони кишвар қабул надоранд ва бе  ҳамон имзоҳои сохтаву муроҷиатҳои беасос давлат ҳомии сокинонаш ҳаст ва ҳаргиз пеши роҳи табобати Иброҳим Тиллозодаро нахоҳад гирифт. Охир мо кӯр нестем ва ғамхориҳои Роҳбари кишварро нисбати беморон, ятимон ва маъюбон  ҳамарӯз эҳсос мекунем.

Бойпоччо Фатҳиддинов, устоди ДПДТТ, собиқадори меҳнат