Барои онҳое, ки ба қадри тинҷиву оромии кишвар намерасанд, гуфтаниам, ки хамагӣ 27 сол муқаддам бо айби иддае ба ном «равшанфикрон ва ошкоргӯён» қариб буд, ки ин миллат ва ин Ватан дар гирдбоди фано равад. Ҳазорҳо нафар тарки диёр намуда, иҷборан муҳоҷиратро пеш гирифтанд.

Имрӯз дар вобастаги ба муаммои ба миён омада, ки намояндагони ТЭТ ҲНИ аз минбарҳои худсохтаву амалкарди номатлубашон тарафдорӣ мекунанд, қаблан фикри шахсии хешро баён менамоям, ки замоне мардумфиребӣ намуда мардумро алайҳи якдигар ба шўр овардед. Миллате, ки нону намакашро мехўрдед, ноором ва вазъи озодиро халалдор намуда, заҳмату хизматҳои мардумро пушти по задед. Имрўз бошад бо якравию мутаҳамӣ садо баланд карда, дастовардҳои миллату давлатро нодида мегиред, ин нобиноӣ ва ношукрии “ҷаноби Кабириро” мехоҳам бо як маҳфум ифода намоям, «ин айби чашби туст, ки зебоиро намебинад, мо мардумони сарбаланди ин диёр бошем шукронаи даврони мустакилияту озодӣ намуда, ба ояндаи дурахшони миллат такя ба  Худованд ва Пешвои миллатамон дорем”.

 Кишвари биҳиштосои мо Тоҷикистони соҳибистиклолу комилҳуқуқ, воқеан ҳам, макони миллати босаводону соҳибназарон буду ҳаст. Зеро бо гузашти ҳазорсолаҳо ин миллати кӯҳанбунёд анъанаҳои неки ниёгон ва асолати хешро гум накард, балки имрӯз он аҳамияти бештари умумиҷаҳониро соҳиб гаштаву поянда  гардидаст.

Имрўз нафарони нохалафе ба мисоли М.Кабирӣ ҳамаи ин неъматҳои даврони истиқлол ва дастовардҳои бузурги моро нодида гирифта, хостанд чунин арзишҳои олимақоми давлатиамонро аз байн баранд. Лекин бояд М.Кабирӣ ва зердастонаш, ки имрўз ноҷавонмардона паси пардаҳо нопадид гашта аз як тарафи олам ба мардумони тоҷик гапу кор меомўзонанд бояд донанд, ки ин сарзамин аз худ соҳиб дорад ва соҳибони аслии он танҳо оромиву осоиштагӣ мехоҳанд. Маҳз барои ҳамин баъди ифшо ва  маълум гардидани ТЭТ ҲНИ барои қатъи фаъолияти он дар кишварамон мардум низ ҳукми мамнўъ доданд. Зеро онҳо низ медонанд, ки фаъолияти он барои осудаҳолии аҳолӣ набуда, балки худхоҳӣ ва мансабталошист ва оқибати кор онҳо ба ҳар гуна падидаҳои номатлуб оварда мерасонад.

Албатта, дар тӯли таърих кам набуданд ходисаву воқеаҳое, ки   ин сарзамин мавриди забти душманон нагардида бошад,  бо кўмаки Худованд таҳти хизмату заҳматҳои шабонарузӣ ва корнамоиҳои бевоситаи  Пешвои миллат Эмомалӣ Рахмон  сулҳу ваҳдат ва якдилӣ дар ин миллат барои ҳамеша боқӣ хоҳад монд.

Мояи ифтихор аст, ки барои ҷавонони мо фардои Ватан, сулҳу ваҳдат, ободиву осоиштагии мардум бефарқ нест, балки пайваста кӯшиш мекунанд, Ватани хешро дӯст медоранд ва дар оянда ҳам мехоҳанд, ки нафъи худро ба мардум расонанд. Бояд зикр кард, эшонро худшиносии миллӣ мебояд, то ки фирефтаи ҳар гуна тарғиботу ташвиқоти бегона нагарданд ва ҳисси бегонапарастию тақлидҳои ба худ ва миллат зарароварро аз шуури худ дур намоянд.

Маърифат Мавлонова, котиби масъули нашрияи

“Меҳвари дониш”-и ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд