Зуҳури дини ислом, ки пасон сабаби ташкили давлати муттаҳидаи арабҳо, - Хилофати Араб (622-1258) гардид, дар такдиру сарнавишти бисёр халқҳои Шарқ, аз ҷумла тоҷикон накши муҳим бозид. Ислом, ки ба маънӣ-итоат, тавозӯъ, фармонбардорӣ аст, яке аз динҳои яктопарастии ҷаҳонӣ буда, дар асри VII дар нимҷазираи Арабистон дар муҳити қабилаҳои араб паӣдо шудааст. Асосгузори он Муҳаммад ибни Абдуллоҳ (570-632), яъне Муҳаммад пайгамбар шуморида мешавад. Азбаски дар исломи ибтидоӣ ғояҳои иҷтимоии бародарӣ, баробарӣ, накӯкорӣ, адолатпарварӣ, шафқату эҳтиром ба якдигар тарғибу талқин шуда, зулму тааддӣ, риёкорӣ, дурӯғгӯӣ, ришвахӯрӣ зери тозиёнаи танқид афтида буд, мардуми нимҷазираи Арабистон ва баъдтар қавмҳои эронӣ хам онро писандида қабул карданд. Манбаъҳои ғоявии ислом, қабл аз ҳама дини яҳудӣ, масеҳӣ, динҳои қадимаи қабилаҳои араб, зардуштия ва монавия мебошад. Асоси таълимоти дини исломро китоби «Қуръон» ташкил медиҳад. «Қуръон» аз 114 сура (боб) иборат буда, барои мусулмонон китоби муқаддас маҳсуб шуда, пояи асосии дини ислом аст.

Мутаассифона, дар охири асри 20 ва оғози асри 21 дар зери ниқоби дини ислом ҳар гуна ҳаракат ва равияҳои ифротгаро  арзи ҳастӣ намуданд, ки бузургтаринаш ба ном «давлати исломӣ» мебошад. Ин ташкилоти террористӣ бо манбаъҳои ғоявии ислом ҳеҷ наздикӣ надоранд. Гузашта аз ин, ин ташкилот дар аксари кишварҳои олам пайравони худро пайо намудааст. Аз ҷумла ҳизби наҳзати ислом низ яке аз шохаҳои ин ташкилот маҳсуб меёбад.  

     Чунончи пайдоиши «Давлати исломии Ирок ва Лубнон» дар ибтидои асри ХХI ва аз моҳҳои июн ва июли соли 2013 аз чониби аксарият давлатҳои ҷаҳон маҳкум карда шуд. Забткориҳои босуръати ҳудудҳои Ироқ ва Сурия аз ҷониби давлати бо ном исломӣ, дар нимаи аввали соли 2014, ки он бо ваҳшоният ва вайрон кардани ҳама гуна ҳуқуқҳои башарии инсон гузаронида шуд, аз тарафи созмонҳои байналхалқӣ маҳкум карда шуд.

Ҳизби наҳзати ислом низ имрӯз аз ҷониби чандин ташкилотҳои бонуфузи олам чун ҳизби экстремистиву террористӣ шинохта шудааст.

     Мо низ, халқи тоҷик, ки таърихи қадим ва ибратомӯз дорем, бояд нагузорем, ки ин гуна ҳаракатҳои террористӣ дар олам паҳн шуда, сабаби сар задани ҷанги нави ҷаҳонӣ шавад.

                                                                                                  Темирхоҷаев А.

                                                                                           устоди ДПДТТ