Сарсухан шукронаи сулҳ ва шукронаи оромии кишвари беҳамтои мо Тоҷикистони азиз, ки рӯз аз рӯз боз ҳам зебову ва боз ҳам гулгуншукуфост. Ин ободиро бояд қадр намуд, то ки ин оромии ҷомеаро баъзе ашхосони бе виҷдон халалдор насозанд.

Имрӯз  дар ҷаҳони муосир хатаре ба вуҷуд омадааст, ки ҳамагонро ба ташвиш овардааст. Ҳамаи ҷомеа ва давлатони  имрӯза муттаҳид шуда, чораҳо баҳри муборизи чунин амалҳои нопадид то сулҳ ва оромиро  дар ҷаҳон нигоҳ ва пойдор намудан меандешанд. Ин гуна шахсоне, ки нооромии миллатро хоҳонанд, ҷомеа ҳамчун “террорист“ мешиносанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар навбати худ бо роҳбарии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар зидди “Терроризм ва Экстремизм” саҳми худро дар ин самт мегузоранд, то ки истиқлолият ва ваҳдати миллӣ пойдор бошад.

Аламовар ин аст, ки чунин ашхоси номатлуб аз номи дини муқаддаси Ислом истифода бурда, худро пайравони ин дини мубин меноманд. Вале куллан ин хато аст, балки онҳо душманони дин ва давлат мебошанд. Чунин ашхос дар дил нисбат ба давлат ва миллати хеш нақшаҳои палид ва номатлубро мепарваранд, аз дини мубину   муқаддас сӯистифода мебаранд. Боиси таасуф аст, ки дар кишвари мо низ баъзе  ашхос ёфт шуданд ва дар зери пайравӣ ва аъзои ҲНИТ (Ҳизби Назҳати Исломи Тоҷикистон) худро нопадид сохта буданд. Онҳо ҳамаи ғамхориҳои давлатро зери по карда хостанд оромӣ ва инкишофи давлати моро халалдор созанд.

Баёни ман барои чунин шахсон ин аст, ки онҳо назаре ба китоби муқаддаси Қуръони Карим намоянд. Магар дар ягон ҷои ин китоби муқаддас омадааст, то ки мусулмон зараре расонад ба ҷомеа ва ба дигар мусулмонон? Ҳол  он ки аз рӯи нишондодҳо қариб 95% аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мусулмонон ташкил медиҳанд. Оё ин амалҳо зиёнкори нест? Албатта, ки ин амалҳо гуноҳи кабира ба ҳисоб мераванд. Барои ҳидояти мусулмонон оятҳои Қуръон, ки аз Худованд ба мо амр мешаванд ва Ҳадисҳои Пайғамбари Ислом (с) мавҷуданд, ки онҳо саросар моро ба сӯи сулҳ ва некӣ даъват менамоянд. Дар ин ҷо ман яке аз онҳоро барои мисол овардаам.

Ҳадис ва ё ривоят аз Абӯмусо (р) аст, ки гуфт: Аз Пайғамбари Худо (с) пурсиданд: Эй Расули Худо кадом ислом беҳтар аст? Фармуданд: “Касе, ки мусалмонон аз забон ва аз дасташ дар амон бошанд” (Саҳеҳ Бухорӣ 4.11). Яъне, аз ин Ҳадис бар меояд, кадом мусулмоне, ки аз даст ва аз забони ӯ касе озор ёбад, он шахс на танҳо Мусулмон ва ҳатто Одам низ ба ҳисоб намеравад. Ислом фақат сулҳ ва оромиро хоҳон аст, аммо баъзе шахсоне, ки аъзои ҲНИТ ҳастанд, ин Ҳадисро ба назар нагирифта, аз пайи нооромии давлат барои манфиати худ ҳаракат мекунанд. Ин таъкид ба ҳамаи касоне дахл дорад, ки дар дил нисбат ба давлат ва миллати худ кина мепарваранд.

Инсони комил ва шахси Мусулмон бояд баҳри ободии ҷомеа ва оромии давлати худ кӯшиш намояд, то ки ҳама дар корҳои хайр муттаҳид бошанд. Чуноне, ки  Худованди Муттаъол дар сураи “Моида” дар давоми  ояти 2 мефармояд; “Ва мадад кунед ҳамдигарро ба некӯкорӣ ва ба парҳезгорӣ ва мадад макунед ҳамдигарро бар кори гуноҳ ва зулм. Ва битарсед аз Аллоҳ, ҳар ойина, азоби Аллоҳ сахт аст.” Аз маънои ин ояти муборака бармеояд, ки Худованд моро танҳо ба некӣ даъват карданро амр мекунад, инчунин мо бояд ҳамдигарро ба кори некӯ мададгор бошем ва Худованди Карим ба мо супориш дод, ки мо набояд ҳамдигарро ба роҳи бад ва гуноҳ ёри диҳем. Агар кори гуноҳу беадолатӣ аз касе сар занад мо бояд, бо ӯ ҳамкори накунем ва то тавонем ӯро аз ин кор боздорем. Дар дигар ҷои Қуръон дар давоми ояти 60 Сураи Бақара Худованд амр кардааст: “Гуфтем бихӯред ва биошомед аз ризқи Аллоҳ ва фасод макунед дар рӯи замин табоҳкунон!” Аз ин оят низ барои мо равшан аст, ки Аллоҳ  ризқ дод ба ҳама бандагонаш, то ки хӯранд ва бинӯшанд ва ба мо амр кард, ки дар рӯи замин фасодкориро пеша накунем ва аз ҷумлаи шахсони золим набошем, то ки Худованд аз мо розӣ бошад.

Пешвои муаззами Миллати мо хеле суханҳои бомавриде дар ҷамъомаде, ки дигар давлатҳо низ  дар он иштирок доштанд баён карданд: мо бояд Ислом ва Терроризмро  омехта накунем. Ин таъкиди Пешвои миллат хеле муҳим ба ҳисоб меравад ва ин баёни Пешвои миллати моро ҳамаи давлатҳои Исломӣ хеле хуб пазируфтанд. Мутаассифона дар кишвари мо низ баъзе шахсоне пайдо шуданд, ки ҷавонони моро бар ҳар гуна роҳҳо равона сохтанд. Аз он ҷумла онҳоро фиреб сохта онҳоро ба давлатҳои Сурия ва дигар давлатҳои ноором равон сохта аз ин ҷавонон пул кор мекунанд ва онҳоро низ пулҳои калон ваъда медиҳанд. Ҳол он, ки ин пулҳои дурӯғомез ба кӣ даркор мешаванд, агар ин ҷавонон роҳи беҳад хатарро интихоб карданд ва ба роҳи марг равона шуданд. Ва хитоб ба ҷавонон аст, ки ҳушёру зирак шаванд, то дар доми ин гуна шахсони номусулмон гирифтор нашаванд.

 

                           Зираку доно бош ту эй писар!

                           То нагардад роҳи ту роҳи хатар.

 

Азизов Амриддин, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд