Мо насли имрӯз, фарзандони даврони соҳибистиқлоли кишвар  вазифадорем, ки ҳамсолони худро дар руҳияи ифтихори баланди миллӣ тарбия намоем. Онҳоро ҳушдор диҳем, ки дӯстро аз душман фарқ намоем. Ба суханони авомфиребонаи душманони миллат ба мисли Кабирӣ бовар накунем. Зеро аз “хушгӯиҳои” ин гуна бадсиголон асаре аз меҳру муҳаббат ва садоқат ба Ватан нест.

Барои пойдории миллат ва Ватан моро мебояд аз волидони худ сабақи хуб гирем. Дар баъзе ҳолатҳо беэътиноии волидон яке аз омилҳои ба гурўҳҳои тундрав ҳамроҳшавии ҷавонон гардидааст, ки онҳо ҳамеша ба мустақилият баромадани фарзандонашон монеъ мегарданд. Вақте ин қадар аз паи кору бори фарзандони хеш бошанд, пас он ҷавононе, ки имрӯз фирефтаи гурӯҳҳои иртиҷои мегарданд онҳоро боз доранд, охир то кай онҳоро дар чунин масоили зиндаги беболу пар гузошта имконият медиҳанд, ки кореро мехоҳад анҷом диҳад. Аз ин нигоҳ мегӯям, ки як рӯз оқибати нангин ва пеш аз ҳама талхини амалҳои ношоистаи фарзандонро аввал волидон сипас тамоми ҷомеа мечашад.

Мо бояд ба ояндагон онро фаҳмонем, ки  ҷавонон бояд танҳо аз гузаштаи бою пурғановати худ ифтихорманд нашуда имрўзро низ ба як фазои ифтихорӣ мубаддал созем. Фарзандонро сохибимаълумоту  донишманд, соҳибватану соҳибфарҳанг созем. Ҳамаи онҳоро қабл аз ҳама на ба  масҷид  балки барои ба  мактабҳо рўй оварданашон мусоидат намоем, ки мактаб макони махзани илму маърифат ва тамаддуни гузаштаву фарҳанг ва умуман ҷои муқаддас аст.

Ҷамшед Масаидов,

Хиромон Пӯлодова,

Марифат Мавлонова,

Рустам Ғуфронов,

Манучеҳр Шарипов,

донишҷӯёни ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд