Таъмини амният дар ҷомеаи ҷаҳонӣ дар сархати масъалаҳои мубрами рӯз қарор дорад. Зеро раванди тундгароӣ сол то сол авҷи тоза мегирад. Кишварҳои манфиатхоҳ бо истифода аз яроқу ҷанги иттилоотии худ сафи тарафдоронашонро зиёд мекунанду кам не. Дар ин гунна бархӯрдҳои сиёсӣ он кишваре майдони ҷангу хунрезиҳо мегардад, ки мавқеи муайян надорад. Ҳоло дар Сурия айнан чунин вазъият аст. Вале хатари даргириҳои дохилӣ ба дигар кишварҳо, аз ҷумла ба мамлакатҳои Осиёи Миёна низ таъсири манфӣ мегузорад. Зеро ячейкаи ҳаракатҳои ба ном исломӣ низ дар минтақа фаъолияти пинҳонкорӣ доранд. Ҷамоати Ансуроллоҳ , Салафия, ҷунбиши исломии Туркистон ва даҳҳои дигар солҳои сол барои ҷалби ҷавонон кӯшишҳои зиёд мекунанд ва муваффақ ҳам ҳастанд. Дар кишвари мо низ мубалиғони ин равияву ҳаракатҳо кам нестанд. Ҳарчанд давлат ва Хукумати кишвар бо воситаи мақомотҳои қудратӣ пеш рохи гаравидани ҷавононро дар ин самт гиранд ҳам, ёфт мешавад, ҷавононе, ки ба хотири молу манол, таасубу худҳоҳӣ гумроҳона шомили ин гурӯҳҳо мешаванд.Мо борҳо дар наворҳои видеоӣ аз рӯзгори ҷавонони ба ин ҳаракатҳо шомил шуда дидаем, аммо фазои холӣ, кам будани маърифати динӣ ва дониши сиёсӣ моро ба кӯи навмедӣ мебарад.  Ҷавонони мо то ҳол намедонанд, ки ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон чун ҳизби ифротӣ эътироф шудааст ва тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҳар сухану даъватҳои беасоси мубаллиғони он ҷавонро бар зидди ҳукумати кунунӣ мешӯронад. Ба он маводҳои ғаразноке, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нисбати давлат навишта мешавад, бояд мо мӯшикофона посух гуем.   Ҷавонон нисбат ба ғамхориҳои Ҳукумату давлат бетарафиро ихтиёр накарда, дар пайи омӯзиши илму дониш ва корҳои нек бошанд. Ҷавонони бомаърифат метавонанд дар оянда барои халқу миллати хеш содиқона хизмат намоянд. Аз бар намудани илмҳои муосиру замонавӣ ва омӯхтани забонҳои хориҷӣ талқин намуда, давраи донишандӯзиро самаранок истифода намоянд, зеро волидайн фарзандонро танҳо бо мақсади омӯзиш ба донишгоҳҳо мефиристанд.

     Огоҳӣ надоштан дар мавриди ҳодисаҳои рӯз ва фирефтаи таблиғоти гурӯҳҳои ноошно гардидан ҷавоноро дар шинохти воқеият раҳгум мезананд.  Маҳз омили таъсирпазир будани афкори ҷавонон метавонад, гаравиши онҳоро ба идеологияи «бегонапарастӣ» бештар намояд. Арзишҳое чун ватандӯстиву ватандорӣ ва худшиносӣ огоҳона дар зеҳни онҳо бегона гашта, ҷойи онро идеология ё афкори зиддимилливу мардумбадбинӣ фаро мегирад. Гузашта аз ин, мисолҳои ҳаётӣ бозгӯи он аст, ки таҷриба надоштан ва таҳлилҳои сатҳӣ гурӯҳе аз ҷавононро барои ҳамроҳшавӣ ба ҷараёнҳои ғайримардиву миллӣ ташвиқ мекунад.

      Ба ҷавонони азиз насиҳат мекунем қадри тинҷӣ ва оромии кишварро ва ваҳдати милиро, ки ба осонӣ ба даст наомадааст, ғанимат дониста, тамоми кӯшишу ғайраташонро сарфи ободию шукуфонии ватани маҳбубамон кунанд ва оқилу ояндабин бошанд. Ба ҳарфи ҳар шахсу гурӯҳи ғаразнок гӯш надиҳанд ҳарфи падару модар, ки меҳрубону дӯсти холиси онҳоянд, гӯши ҷон супоранд. Бояд фаромӯш накунанд, ки иҷозати падару модар кор кардан нобахшиданист.