Таърих гувоҳ, ки кадом давлат  роҳи демократӣ ва дунявиро пеш гирифтааст ин давлат равнақ ёфта тараққи карда истодааст. Он давлатҳое, ки бо қонунҳои хурофотӣ-динӣ амал мекунанд оянда надоранд. Ин далелро бисёр шахсоне, ки дар ин гуна давлатҳо буданд, тасдиқ мекунанд. Ман боварӣ дорам, ки намояндагони ТЭТ ҲНИ бо сарварии М.Кабирӣ гарчанде, ки то имрўз мардумро алайҳи якдигар барангехта истодаанд, мешавад рўзе, ки аз ин кирдори худ пушаймон хоҳанд шуд.

Имрузҳо мушоҳида мекунам, ки тамоми мардуми диёрамон нисбати чунин бешарафон, ки аз баҳри Ватан, ҷои хуби кор, волидону зану кўдакони маъсум мегузаранду ба вазъияти оромиро муташанниҷ мегардонанд, нафрати бепоён доранд.

 Ҷоизи қайд аст, ки ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва озоди мо аз чунин ашхосони нопок безоранд. 

Гурезагону хиёнаткорон ба монанди намояндагони ТЭТ ҲНИ Ватан надоранд, онҳо Худозада ва нафратзадаи халқанд.

Ҳоло, барои меҳнати ҳалолу осуда зиндагӣ кардан,  дар Тоҷикистон ҳамаи шароитҳо муҳайё мебошанд. Танҳо азми қавиву саъйи комил барои ин зарур аст.  Ман боварӣ дорам, ки бо шукрона аз тинҷиву оромӣ  зиндагии мардум  боз хам беҳтару хубтар хохад щуд.