Дар тӯли беш аз 50 соли фаъолияти кориам борҳо пастиву баландиҳои рӯзгорро дида, ҳаёти орому ибратбахш ва мулки ободу озодро танҳо дар даврони соҳибистиқлолии кишвар эҳсос кардам. Аз он меболам, ки сол то сол кишвари сулҳпарварамон ба маҷрои ободкориву созандагӣ усуворона қадам мегузорад. Сол то сол сафи донишҷӯёни рӯ ба илмҳои муосири техникаву технология майлдошта зиёд мешаванд. Ин аз он далолат медиҳад, ки сиёсати ба ободонӣ нигаронидашудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллатро хурду бузурги кишвар сармашқи кори худ қарор додаанд.

Аммо ба ҳайси устоди донишкада, марди рӯзгордида маро як зумра нотавонбиноне, ки аз хориҷи кишвар истода, ба ҷониби кишвар санг меғуронанд, ба ташвиш овардааст. Тайи даҳ рӯз аст, ки дар шаҳри Варшаваи Ҷумҳурии Лаҳистон нишасти солонаи САҲА баргузор шуда истодааст. Дар ин ҳамоиши байналмилалӣ дар қатори дигар давлатҳо намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ширкат варзида, аз намояндагони ба ном опозитсионии кишвар даъват ба амал оварданд, ки сари мизи гуфтушунид нишинанд. Аммо баръакси ҳол нерӯҳои мухолифини кишвар бо сарварии Муҳиддин Кабирӣ созмони худро бо унвони «Паймони миллӣ» таъсис доданд. Онҳо бо ин тадбирандешии худ мехоҳанд ҷомеаи ҷаҳониро ҳушдор диҳанд, ки норозиён нисбати давлатдории Ҳукумат зиёданд. Аммо ин нафарон ҳамагӣ аз 10- 12 нафар зиёд нестанд.

Мо ин амали онҳоро қотеъона маҳкум мекунем. Зеро медонем, ки халқи баору номуси кишварамон ин «масхарабози»-и онҳоро хуш надорад.

Итминони комил дорам, ки ин созмони «хасакӣ» дар фурсати кӯтоҳ завол меёбад.