Замоне, ки ҲНИ дар ҳудуди кишвар фаъолият дошт бо ташкили ҳизби худ мусулмонони кишварро ба ду тақсим намуданд. Яке ҳуҷҷатдору дигар беҳуҷҷат. Бар ақидаи аксари онҳо гӯё шомил шудан ба ҲНИ нишони эҳтиром ва арҷ гузоштан ба дини мубини ислом аст. Ин фикронӣ ғалат аст. Агар дар асл чунин мебуд, даҳҳо нобиғаҳои гузашта чунин равия ва қувваро ташкил намуда, баҳри мустаҳкамии пояи ислом кӯшиш ба харҷ медоданд.

Таъсиси ҲНИ дар кишвар танҳо бо як мақсад буд. Бо эҳсосоти мардум бозӣ кардан ва чун ба курсии мансаб соҳиб шудан ҷаҳолатро дар кишвар пиёда намудан аст. Шумо мегӯед, ки чӣ гуна ҷаҳолат. То ҷое иттилоъ дорем, дар сурати пирӯзии ин ҳизб давлат чун ҷумҳурии исломӣ унвон гирифта, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон умуман ба инобат гирифта намешавад. Занон боз фаранҷипӯш мешаванду мактабҳо чун мактабҳои кӯҳнаи асри 19 фаъолият мебаранд.

         Зумрае аз «сарсупурдагон»-и ҳизб ин суханонро ҳамон тавре мефаҳманд, ки гӯё мо ҳамқадами замона гуфта занони худро ошкоро ба сӯи мӯди аврупоӣ раҳнамун мекунем. Ин фикр ҳам ғалат аст. Мо тоҷикем ва гузаштаҳои мо бо либоси хосси тоҷикии худ машҳур буданд. Гумон мекунам он рӯз дур нест, ки ҳама либоси миллии худро ба бар мекунанд.

Кабирӣ мисли дигар пайравони худ риш намондааст ва либоси шинаму зебо ба бар кардааст. Пас чаро аъзоёну сарсупурдагони ӯ мавзӯи ришро мавзӯи рақами яки худ дар расонаҳои хабарӣ кардаанд.  

Қабули ҳақиқат ин ҳам аз нишонаҳои инсониятдӯстӣ мебошад новобаста аз мӯҳтавои он, афсӯс, ки ин ҳама дар мадди дуввум меистад барои наҳзатиён, фақат расидан ба ҳадафҳои носолими худ ва фазои оромиро гирдбод кардан ин аст мақсади онҳо. “Вазнгӯёни олами ислом” дар роҳи худ хато кардед. Шуморо мебояд, ки ба Ватан баргашта барои ободии диёр саҳм гузоред. Вагарна.... ғарибӣ охир Шуморо мекушад!!!