Пешгирӣ ва мубориза бар зидди терроризм яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгирӣ ва мубориза бар зидди терроризмро ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллии худ ва тамоми ҷаҳониён зери таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои муштарак дар ин самт чораҳои таъхирнопазир меандешанд.

Аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз таърихи 21 апрели соли 1997 Фармон  “Оид ба чораҳои пурзӯр намудани мубориза бар зидди терроризм”қабул карда шуда буд. Мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм қисми таркибии таъмини амниятӣ  , натанҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки тамоми ҷомеаи чаҳонӣ мебошад. Вазъи бўҳрони ҷомеа, пеш аз ҳама дар иқтисодиёт, мавҷудияти муноқишаҳои иҷтимоию сиёсӣ дар муносибатҳои байнидавлатӣ ва байнимазҳабӣ номукаммалии заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, ки проблемаҳои баҳсноки минтақавӣ ва байналмилалиро танзим менамояд, барои ба миён омадани чунин ҷиноятҳо ба монанди терроризм ва экстремизм ) мусоидат мекунад. Аз ин рў, мубориза бар зидди терроризм ва экстремиз, (иифротгароӣ), ки вақтҳои охир хусусияти байналмилалӣ гирифтааст, бояд дар асоси тадбирҳои маҷмўи умумидавлатии муқовимат анҷом дода шавад.

Аз ҷониби Маҷлиси Олӣ барои пешгирӣ ва мубориза бо терроризм  як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардиданд ва амал менамояд: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунгардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм»: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амният».

Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати зидди террористиро пеша кардааст, зеро дар рафти ҷанги шаҳрвандии соли 1992 фоҷеаи террористиро аз сар гузаронида, аз даҳшати он хуб хабардор мебошад.

Созишномаҳои байналмилалиро ба асос гирифта, бояд бо дигар давлатҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсуси онҳо, инчунин созмонҳои байналмилалӣ, ки вазифаашон аз мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) иборат аст, ҳамкории самарабахш анҷом дода шаванд. Бояд аз таҷрибаи байналмилалӣ ҷиҳати мубориза бо чунин зуҳурот васеъ истифода намуд, механизми ҳамоҳанги муқовимат ба терроризм ва экстремизми (ифротгароӣ) байналмилалиро таъсис дод, ҳама гуна роҳҳои қочоқи яроқ, маводи тарканда дар дохили кишвар ва роҳҳои воридоти онҳоро аз хориҷа ба таври эътимоднок баст.

Мо, ҷавонон бояд татбиқкунандаи ин сиёсати дурбинона бошем ва нагузорем, ки нафаре ё гурӯҳе ба оромии ва суботи сарзамини мо таҳдид намояд.