Дар таъриху сарнавишти ҳар як миллату давлат санаҳои тақдирсозе мавҷуд ҳастанд, ки бо маънии томаш ҳамчун даврони саодатофарин ва оғози созандагиҳои бузург маҳсуб мешаванд. Барои мо - шаҳрвандони Тоҷикистони соҳибистиқлол 27 – уми июни соли 1997 аз шумори ҳамин санаҳои тиллоии тақдир мебошад. Дар ин рӯзи мубораку саид пас аз талошу кӯшишҳои қаҳрамононаву ҷонбозиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Тасвиби ин ҳуҷҷати ваҳдатофарин баҳри мо тоҷикистониён ба қавли Лоиқи ширинсухан «сулҳи бунёдкор»-ро ба армуғон овард. Аммо аҳримансифатон ба монанди ҳизби ифротгарову террористии ҲНИ мехоҳанд дар ин рӯзҳои муборак аз саҳми худ дар фароҳам овардани сулҳи тоҷикон ҷор зананд Ягон кас инкор намекунад, ки нерӯи мухолифини кишвар  дар ба даст овардани сулҳи тоҷикон саҳме надорад. Оре, онҳо ҳам заҳмат кашидан, вале бештарини онҳо ба хотири манфиатҳои худ маҷбурӣ ба ин санади муҳим имзо монданд. Сониян макони баргузории гуфтушунидҳоро  маҳз аз рӯи гуфти нерӯҳои мухолифин анҷом дода мешуданд.

Имрӯз бо гузашти 21- сол аз ин рӯйдоди муҳиму тақдирсоз баъзе аз розхои нухуфта рӯи об баромаданд. Масалан Кабирӣ дар як мусоҳибаи худ гуфтааст, ки дар майдони «Шаҳидон» ягон нафар наҳзатиён набуд. Аммо Саид Қиёмиддин Ғозӣ яке аз парвардаҳои ин ҳизб иқрор мешавад ва ҳатто навори видеоиро пешниҳод кардааст, ки ӯ ва Саид Абдуллоҳи Нурӣ дар майдони «Шаҳидон» мардумро ба «ҷиҳод» даъват мекарданд.

Пас маълум мегардад ин ҳизб, ки худро чун ҳизби поку мубарро, талқингари дини мубини ислом унвон мекунад, дар амал ба хотири нафсонияти дунё чи корҳоеро ба анҷом расониданд.

Ин амали ноҷавонмардонаро онҳо баҳри он анҷом дода истодаанд, ки Тоҷикистонро минбаъд майдони корузори террористону экстремистон гардонанд.

Аммо мо ба як чиз мутмаинем, ки ҷомеаи тифоқи сокинони кишвар зери ҳимояи давлатанд ва имрӯз пуштибони ҳамаи мо Роҳбари дилсӯзу ғамхор, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонанд.

Мо як ҷону як танем. Ва намегузорем, ки шикасте ба кохии муҳташами Истиқлол расад.