Мо, устодон ва шогирдони факултет бо қатъияти том суханронии Алим Шерзамонов, роҳбари Анҷумани озодандешони Тоҷикистонро дар таҷлили 27 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон дар шаҳри Варшава ва баромадашро дар анҷумани «Паймони миллӣ » маҳеум мекунем. Ӯ дар баромадаш Тоҷикистонро соҳибистиқлол унвон накард ва таъкид ҳам дошт, ки  ӯро бахшида ба  ин ҷашн табрик ҳам накунанд. Мавсуф ҳамчунин гуфт, ки ягон интихобот дар кишвари мо озоду шаффоф доир намешаванд. Магар ин ҳама дурӯғи маҳз нест. Ӯ бояд бо чашми воқеъбин имрӯз мамлакати моро бубинад. Агар ӯ истииқлолияти моро эътироф накунад, ягон боке нест. Чунки мавҷудияти Тоҷикистонро беш аз 195 давлати дунё эътироф кардааст. Имрӯз Тоҷикистон  ҳамонгуна Тоҷикистоне нест, ки ба ҳудуди худ душманонро ворид намуда, пойбанди мафкураи беруна гардад. Мо мустақилем ва дар роҳи дуруст равонаем. Дар масъалаи интихобот ҳамин нукта кифоя аст, ки имрӯз дигар ҳизбҳои сиёсие, ки тарафдорон дошт, дар парлумон намояндагонаш фаъолият надоранд. Дар ҳоле, ки ҲНИ ва Алим Шерзамонов маҳбубият ва самимияти худро гум кардаанд, айби ҳукумат   нест, ки онҳо дар интихобот шикаст хӯрданд. Халқ заршинос ҳаст ва дӯсту душманро фарқ мекунад. Барои мо ободӣ, тинҷӣ ва хуррамии кишварамон болотар аз ҳама манфиатҳост.