Сиду сол аст, ки аз обу ҳавои Истиқлолият нафас мегирему ифтихорманд аз он ҳастем, ки  кишварамон рӯз аз рӯз ободу зебо мешавад. Мардуми ваҳдатшиори кишвар бо шукргузорӣ аз ин мулки озоду обод паи меҳнати созанда ҳастанд. Аммо миёни гул хор ҳам гуфтагӣ барин солҳои охир ба ин ободиву озодӣ, нашъунамои кишвари афсонавии мо хатари ҷаҳонӣ таҳдид менамояд. Терроризм, экстремизм бегонапарастӣ,  ифротгароӣ, гурӯҳҳои тундрав, қочоқи маводи мухаддир, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб, ҷудоиандозӣ, гумроҳшавӣ амалҳое ҳастанд, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишвари моро ба таҳлука овардааст. Аз нав зуҳур кардани «Ҷанги сард» миёни абрқудратон  боиси нигаронӣ аст. Ин ноамниҳоро истифода бурда, қувваҳои иртиҷои мекӯшанд, фазоро истифода баранд.

Аҳли башар бояд сайёраи Заминро чун гавҳараки чашм ҳифз намояд. Мо танҳо як Замин, як маъвои ҳастӣ ва як гаҳвораи ҳаёт дорем. Яке аз омилҳои асосие ки кафолати бехатарии шахсии одамон ҳуқуқу озодиҳоии онҳо,  тартиботу оромии ҷомеа ва амнияти давлатро халалдор месозад афзоиши сатҳи ҷинояткорӣ аз ҷумла ҷиноятҳои терроризми байналхалқӣ ва эстремизм мебошад. Аслан сарчашмаи терроризм ифротгароӣ аст. Эстремистон, яъне моҷароҷӯён бо ягон кас муросо кардан намехоҳанд, ақидаи дигарро таҳаммул намекунанд ва барои ба мақсад расидан терроро кор мебаранд.

Мо, устодон аз ҳарвақта дида масъулу ҳушёр ва зирак бояд бошем, то ки пеши роҳи ҷавонони гумроҳро гирем, онҳоро ба роҳи рост ва бунёдкорӣ ҳидоят намоем. Бояд тамоми воситаҳоро барои фаҳмонидани хатогиҳои онҳо истифода барем. Вазифаи аввалиндараҷаи омӯзгори имрӯза доимо зери назорат нигоҳ доштани шогирдони хеш мебошад. Бояд бо ҳаёти ҳар шогирди худ муносибати ҷиддӣ дошта бошад.

    Ҷомеаи меҳнатии ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд нисбати ин масъалаи доғи рӯз бетараф набуда, мунтазам дар муассиса оиди ин мавзӯъ соатҳои тарбиявӣ, вохӯриҳо бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ сӯҳбатҳо гузаронида, донишҷӯёнро дар руҳияи ватандӯстӣ, инсонпарварӣ, муттаҳидӣ, тарбия менамоянд. Ҳамаи моро дозим аст, ки дастаҷамъона ба муқобили ин «вабои аср» мубориза барем ва нагузорем, то даст нопоки бадхоҳон ба кишвари биҳиштосои мо низ дароз шавад, зеро бадхоҳон ҳеҷ гоҳ ба мақсад намерасанд.