Таърих гувоҳ аст, ки инсоният сароғози зиндагонии маънавии худро тавассути ба ҳам омадан ва муттаҳид шудан нусрат бахшида, бо дарки маҷмӯъ шудан ва иттиҳоди ростин роҳе ба фарҳанги иҷтимоӣ боз намуда, эҳсоси воқеиву дурусти будан кардааст. Ин замоне буда, ки нерӯи ҳамоиш дар зеҳни инсоният қудрати кашфи пирӯзӣ алайҳи ҳамагуна неруҳои ғайрро таҷаллӣ рехт ва дар зимни ҳамин мукошафат буд, ки одаме танҳо ба авлоду қабилаву қавму миллат расид ва мардум шуд. Фаротар аз ин роҳи расидан аз ниёз то ба истиғно, талаб то матлаб, хоҳиш то ормонро пайдо кард, ки саодати ҳамешагии ӯ сафари мубораку ҳумоюн аз ҳамин тариқ аст ва сорбониву раҳнамояндагии пири ин тариқат-ваҳдат.Тафаккури ваҳадгароёнаи инсоният баробари атиябахшии ақлонияти олӣ ва фатҳи ҷодае ба сӯи маҷмӯи кушоишҳо барояш камолоти маънавӣ ато кард ва суроғаи абадиятро  нишон дод. Пас, месазад, ки    ваҳдатро воҷаи рӯҳманд бишморем, зеро дар андешаи инсоният нахуст он маъние, ки бо шунидани воҷаи мазкур пайдо мегардад, ҳузури 2-3 нафар, як гурӯҳ ва ё як ҷомеаи муттаҳиду мутамаддин маҳсуб мешавад.

Дар  ин рӯзҳои ёдкарди Созишномаи истиқрори сулҳ филми мустнади «Решаҳои ноён» тавассути шабакаҳои ҷумҳурӣ нафрату надомати мардумро нисбати «чеҳраҳо»- маъруфи олами ба қавле  исломи кишвар ба монанди Кабирӣ Саид Қиёмиддин Ғозӣ зиёдтар намуд. Дар баромади худ Саид Қиёмиддин Ғозӣ бори дигар даст доштани наҳзатиёнро дар ҷангҳои дохилии кишвар, ноамниҳои сентябри соли 2015, гумроҳшавии ҷавонон ва шомили онҳо ба ҳаракатҳои тундгаро, даъват ба шиамазҳабӣ аз ҷониби наҳзатиён исбои шуд. Мо намедонем наҳзатиён ин бор чиро барои рӯпӯш кардани гуноҳҳои худ баҳона мекарда бошанд. Вақт довари ҳақ аст.  Солҳо мегузарад, боз амалҳои ноҷои наҳзатиён рӯи об хоҳад баромад.