Маъмулан ҳар кишваре, ки дар тӯли таърихи худ ба шикасту нобарорҳо рӯ ба рӯ шудааст, ба қадри сулҳу оромӣ ва ваҳдату ҳамдилӣ мерасад. Тоҷикистон дар оғози соҳибистиқлолии худ бо айби аҳримансифатҳои ҷомаи “исломӣ“ пӯшида ба гирдоби ҷанги бародаркуш ғӯтавар шуд. Хушбахтона, ақли солим ва нерӯи хирад ғалаба кард. Акнун, ки рӯ ба ободӣ овардему ҷомеаи ҷаҳонӣ моро чун мулки сулҳхоҳу ваҳдатофар шинохтанд, боз ҳамон „меросхӯрони аҳримансифат“ ба монанди ҳизби наҳзати ислом мехоҳанд, кишварро шӯронанд. Дар суханронии Вазири давлатии корҳои хориҷии Ҳиндустон Шри М. Ҷ. Акбар дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба муоқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез ошкоро фаъолияти ин ҳизби моҷароҷӯй мавриди интиқод қарор гирифт. Воқеан ҳам гуфтаи ин сиёсатмадори варзида „Имрӯз мо дар марзҳои инсондӯстӣ нишастаем. Ваҳшиҳо паси дар истодаанд“ комилан дуруст аст. Зеро маҳз фаъолияти ин ҳизб барои барангехтани кинаву адовати динӣ, поймол намудани ҳуқукҳои инсониву имонии шаҳрвандон нигаронида шудааст. Мо итминони комил дорем, ки ҷаҳониён аз ин конференсия, ки баррасии мавзӯи муҳими ҷомеаро кора гирифтанд, барои худ баҳрае беш гирифтанд. Мо, устодон аз сулҳу оромӣ ва роҳбари ташаббускори худ ифтихор мекунем ва барои пешрафти кишварамон саъю кӯшиш меварзем.