Терроризм ва экстремизм аз амалҳои нангинии замони муосир маҳсуб шуда дар ягон давру замон соҳиби  ватан, забон, нажод ва дин набуд ва нахоҳад шуд. Он мафкурае, ки ҳам дар ғарб ва ҳам дар шарқ гӯиё террористон танҳо мусулмонанд, комилан хатост. Ин бадбахтии оламшумуле гардидааст, ки ба муқобили он якҷоя мубориза бурда, ба ҳамдигар кӯмак расонда, тадбирҳои худро мувофиқ сохтан зарур аст.  Мутаассифона, кишвари мо низ бо баробари истиқлолият ба даст овардан, дучори аҳримансифатон гардиданд. Маҳз хуни ноҳақи садҳо бегуноҳон бар сари исломтарошони ҲНИТ, ки пас аз солиёни дароз парда аз рӯи нобакориҳояшон бардошта шуд, бор аст. Маҳз саркардангони ҳамин ҳизб тавонистанд дар зеҳну шуури мардум андешаи «Худошиносу исломгарои»-ро ворид кунанд. Онҳо бо истифода аз масҷидҳои панҷвақта ва муассисаҳои диние, ки давлат барои фаъолияташон шароит фароҳам оварда буданд, пинҳонкорона нақшаҳои ғаразноки худро мекашиданд.

 Терроризму ифротгароӣ ҳадафи олии онҳо буд ва бо истифода аз ноамниҳои давлат ҳам аз тарафи хоҷагон маблағ мегирифтанд ва ҳам бо воситаи қатлу куштор сарват ҷамъ менамуданд.  Оқибати ин ҳама нодидагариҳои онҳоро мардум дарк карданд ва имрӯз наҳзатиён ду пула обрӯ дар ҷомеа надоранд.

Мо, устодон мунтазам дар вохӯрию конфронсҳо, соатҳои тарбиявӣ хонандагонро бо моҳият ва «рисолати нахзатиён» онҳоро ошно сохта, чеҳраи аслии «саромадони» ҳизбро ба дурустӣ  мефаҳмонем.   Кӯшиш ба харҷ медиҳем , ки хонандагони мо донанд,ки аз руйи ин амалҳои хатарнок ва номатлуб ҳамарӯза дар ҷаҳон садҳо нафар одамони ҷони ширини худро аз даст медиҳанд, террористон ватан , дину оин ва мазҳаб надошта ҳадафи онҳо танҳо даҳшатфикани ва бо ин роҳ ба мақсади шуми худ расидан мебошад.

Ҳамаи мо ба қадри сулҳу суботу оромии кишвар расида, ҷавобан ба щамхорию муҳаббати самимии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тарбияи насли наврас дар руҳияи хештаншиносӣ, худогоҳии миллӣ, ватанпарастию донишмандӣ дучанд меҳнат карда саҳми босазо хоҳем гузошт.

Танҳо саводу дониши комил ва иродаи матину ватанпарастӣ метавонад моро дур аз ин гирдоби осебкунандаи ҷаҳон нигоҳ дорад.

Мо,устодон амалҳои  номатлубро маҳкум намуда барои пешравии Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳиссагузор хоҳем шуд.