Дар шароити кунунии авзои сиёсии ҷаҳон ва тағйиру таҳаввулоти босуръати он, инчунин торафт вусъат гирифтани низоъҳои байнимазҳабӣ ва авҷи ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ зиракии сиёсии ҷавонон аҳамияти бағоят бузург касб менамояд. Зеро имрӯз тамоми ҷомеаи башариро зуҳуроти номатлуби терроризм ва экстремизм ба ташвиш оварда, ба амнияти миллӣ ва давлатии бисёр кишварҳои олам хатари  ҷиддӣ эҷод мекунад.

Бояд таъкид намуд, ки терроризм дар тамоми даврони зиндагии инсоният воситаи даҳшатбор ва бадбахтиовари муборизаи разилона ва ноҷавонмардонаи афроди ҷоҳилу нодон, авбош ва дузду қаллобу одамкуш алайҳи инсоният буду ҳаст. Аз ин рӯ, терроризм ба ҳеҷ ваҷҳ роҳи ҳалли муаммою мушкилоти зиндагии инсон шуда наметавонад, балки он як навъ вабо ва маризиест, ки агар сари вақт пешгирӣ карда нашавад, инсониятро ба бадбахтиҳои гӯшношунид дучор карда метавонад.

Яке аз заминаҳои  асосии зуҳуроти терроризм манфиатҷӯии афроди ҷоҳилу бехирад ва сангдилу бераҳмест, ки манфиати шахсӣ ва шуҳрату  ҷоҳталабии худро аз арзишҳои миллию умумибашарӣ боло мегузоранд. Барои террористон забону миллат, арзишҳои миллию умумиинсонӣ, ватан, сарзамин, модар, муқаддасоти миллӣ, расму ойин, урфу одат – умуман унсурҳои зотию аслии ҳаёти инсонӣ ягон арзиш ё эътиборе надоранд. Барои онҳо молу сарват аз ҳама гуна муқаддасоту арзишҳои волои илмию фарҳангию маънавӣ болотар меистад. Онҳо пеш аз ҳама барои амалӣ сохтани нақшаҳои нопоки худ аз нуқсону норасоиҳои ҳаёт, ҳолатҳои ногувори рӯзгори одамон айёрона истифода мебаранд.

Яке аз чунин ташкилоти террористиву ифротгароӣ ҳизби наҳзати ислом мебошад, ки дар такя ба хоҷагони шиапарасти худ мехоҳанд ба фазои сулҳу суботи кишвари мо нооромиҳоро оранд. Онҳо дақиқан фикр доранд, ки мардум ба сухану ваъдаҳои онҳо эътимод доранд. Зеро гумон доранд, ки аҳли ҷомеа нодон, ноогоҳ, сатҳи пасти маърифатнокӣ доранд. Ва афсункории онҳо дар ояндаи наздик нафъ хоҳад дод.  Наҳзатиён махсусан ҷавонони камтаҷриба, нодону ҷоҳил, ноогоҳу зудбоварро ба доми найрангҳои хеш ҷалб карданианд. Бинобар ин, имрӯз зарур аст, ки сатҳу савияи донишу маърифати ҷавонон боз ҳам ба дараҷаи баландтар бардошта шавад, то ки қурбони фиреби бадхоҳон нагарданд.

Имрӯз ҷавонони бонангу номуси кишварро зарур аст, ки  дар мубориза бар зидди ҳизбу ҳаракатҳои тундрав ва пешгирии густариши фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ фаъолона ширкат варзанд, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии хеш кӯшиш намоянд, моҳияти муқаррароти Конститутсия, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро хуб омӯзанд ва сармашқи кору пайкори худ қарор диҳанд.

Дар назди мо, устодон вазифаи бузург ва муқаддасе меистад, ки бояд дар тарғибу ташвиқи ғояҳои олии инсонӣ, маърифатпарварӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, таъриху фарҳанги миллӣ саъй намуда, барои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро ҳаматарафа мубориза барем. Нагузорем, ки ҷавонон дар чорсӯи зиндагӣ гумроҳ монда, ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористию ифротӣ шомил шаванд. Зеро ҷавонони огоҳ ва соҳиби маърифати баланди сиёсиву ҳуқуқиро ҳеҷ нерӯи наметавонад фирефта созад.