Ҳамаи мардуми равшанфикри дунё хуб дарк намудаанд, ки экстремизм ва терроризм чӣ гуна барои вуҷудияти башарият хатар дорад. Сиёсати сулҳхоҳонаи Ҳукумати Ҷумҳури бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои миллат, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеши роҳи ифротгароёнро мегиранд. Азбаски халқи Тоҷикистон нисбат ба сарвари оқили худ меҳру муҳаббати беандоза доранд, ин ғояҳои вайронкорона ҳоло дар ибтидои сабзиш решакан мешаванд. Диёри тозабунёди мо, макони сулҳу оромӣ, меҳнати софдилона ва хизмати беминнат намудан нисбат ба халқу ватан мебошад.

Барои нафароне, хиёнаткору ватанфурўшанд, чун М.Кабирӣ, қорӣ Носир ва умуман намояндагони ТТЭ ҲНИ , ки барои вайрон сохтани фазои сулҳу суботи Тоҷикистон ба по хестаанд, таъкид менамоям. То кадом дараҷа бадбину бадкина буданатонро бо амалиёте, ки алайҳи сайёҳони хориҷиён анҷом додед, маълум сохтед. Бори дигар чеҳраи аслии М.Кабирӣ бо ин рафтори кардааш “машҳури оламиён” гардид.