Худои таъоло чун инсонро офарид, ӯро бо фикри солим ва ақлу фаросат ороста кард ва талаб бинмуд, ки байни ҳаққу ботил, неку бад ва хираду ҷаҳолатро ҷудо намояд, ба роҳи дуруст равад ва аз гумроҳӣ худдорӣ кунад.

Афсус, ки дар ҳаёт шахсиятҳо ё гуруҳҳое пайдо мешаванд, ки дидаву дониста роҳи хаторо пеш мегиранду гумроҳ мешаванд. Барои пулу сарват ё барои ба қудрат расидан ватан, миллат ва мазҳаби худро мефурӯшанд, ба мардуми худ, ҳатто ба падару модари худ хиёнат мекунанд. Дар ҳамаи давру замон чунин инсонҳо арзи вуҷуд доранд ва ба нафрати мардум рӯ ба рӯ мешаванд. Дар замони мо аз ҷумлаи инсонҳое, ки ғаризаи нопок доранду манфури халқу ватан шудаанд созмондиҳандагон ва пешвоёни ташкилоти экстремистӣ-террористӣ ҳизби наҳзати исломӣ мебошанд, ки мазҳаби аҳли суннат вал ҷамоат, яъне мазҳаби ҳанафиро зери по карда ба мазҳаби шиа пайрав шуда бозичаи дасти хориҷиён шудаанд. Имрӯз раҳбарияти ҳизб, ки дар хориҷ гурезаанду дар ҷустуҷўи интерпол мебошанд, гоҳҳо бо тариқи интернет аз куҷое овоз баланд мекунанду худро ҳоми дину диёнат, мазҳабу арзишҳои миллӣ мегиранд, дар асл бошад, чунон ки собиқ узви ин ҳизб Муҳаммадиқболи Бохтарӣ дар мақолаи худ “Чаро роҳбарони Ҳизби Наҳзати исломии Тоҷикистон мазҳаби ҳанафиро фурӯхта, мазҳаби бегонаро қабул кардаанд?” бо далелу ҳуҷҷатҳои раднопазир сароҳатан шиа будани роҳбарони ҳизби Наҳзати исломиро  аз ҷумла, Муҳиддин Кабирӣ, Зубайдуллои Розиқ, Илҳом Ёқубов ва дигаронро фош намудааст. Ҳадаф аз шиагароии онҳо ба фикри банда паноҳ бурдани онҳо ба сӯи Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки онҳо аҳли суннатро ҳеҷ вақт қабул надоранд, рӯйи рост носазо мегӯянд ва Ҷумҳурии Исломии Эрон маблағгузори асосӣ мебошанд. Дар Тоҷикистон ташкил кардани Ҳизби наҳзати ислом аз аввал муғризона буд, мехостанд бо номи ислом низоми давлатдориро дигаргун кунанд, мазҳаби шиаро бо кадом роҳе набошад ба сари мардум таҳмил кунанд. Шукри Худо ақли солим ғалаба кард, онҳо натавонистанд, ки давлати демократиро аз байн баранд, аммо тавонистанд, ки баъзе аъзо ва хусусан роҳбарияти ин ҳизби хиёнаткорро ба шиагароӣ моил кунонида аз мазҳаби бобоӣ рӯ гардононд ва “Тақия”, ки дар мазҳаби шиа роиҷ мебошад, яъне “Дурӯғ гуфтан ҷоиз” ва мазҳаби худро пинҳон дошта, ман шиа не ман, ҳанафӣ гуфтанро онҳо пеша гирифтанд, имрӯз онҳо ҳанафӣ нестанд, аммо шиа буданашонро бо роҳи “Тақия” пинҳон медоранд, бо ин роҳ мехоҳанд мардумро фиреб диҳанд. Афсўс, то имрӯз дар дохили Тоҷикистон шиашудаҳо низ вуҷуд доранд, бояд онҳо фикр кунанд, тавба кунанд ва ба мазаҳбӣ аҷдодӣ баргарданд, зеро мазҳабфурӯшӣ баробари ватанфурӯшӣ аст. Касе ки ватанашро мефурўшад, ӯ тайёр аст, ки дар ҳамаи ҳолат мазҳаб, номус қадру қиммат ва арзишҳои миллии худро фурўшад. Раванди рӯзгор исбот намуд, ки дар замони имрӯза барои Тоҷикистон аз ҳама хатарноктарин аз дин сӯи истифода кардан, мазҳабро тағйир додан, аз номи дин ҳизб ташкил карда, мардумро гумроҳ кардан аст. Дар хатми сухан бо итминони комил мегӯям, ки роҳи пешгирифтаи ин ватанфурӯшон, мазҳабфурӯшон хато ва оқибати он саргумӣ мебошад.