Чуноне, ки ба ҳамагон маълум аст, собиқ ҳизби назҳати исломии Точикистон, ҳозира ташкилоти экстремисти-террористии ҲНИТ дар замони Иттиҳоди абарқудрати Шӯравӣ соли 1978 дар совхози «Туркманистон»-и ноҳияи Бохтар таъсис дода шуда буд. Созмони экстремистии «Ихвон-ал-муслимин», яъне бародарони мусулмон ба таври махфиёна амал мекард. Мақсади асосии ин созмон барпо намудани давлати Халифат дар Тоҷикистон буд.

Боиси шукр ва хушнудист, ки оид ба марому мақсади ҲНИТ ба мо тоҷикон сари вақт маълум гашт. Ин ҳизб худ як ҳизби террористӣ буда, бисёр фарзандони барӯманди миллатро бо роҳи террористӣ аз байн бурданд. Аз 26 октябри соли 1991 Анҷумани муассисони ҳизб ба таври расмӣ баргузор шуд ва солхои 1991-1993 ҳизби мазкур ошкоро амал намуда, фаъолияти террористии худро мебурд. Ҳизби мазкур баъд аз шикаст хӯрдан дар шахри Душанбе, Кофарниҳон ва Файзобод мохи декабри соли 1992-1993 ба ноҳияҳои минтақаҳои Ғарм ҷойгир шуданд. Дар ин минтақа мардумро бо рохи зӯровари ба худ ҷалб мекарданд. Гӯё ба ном тартиботи исломиро ҷорӣ мекарданд. Дар ин минтақа 14 феврали соли 1993 яке аз муболиғони низомии исломӣ домулло Саъдидин С.Т. Рустамовро роҳбари созмони навтаъсиси Шӯрои инқилобии исломии нохиявии Ғарм таъин намуданд. Роҳбарони ин гуруҳ онҳоро ба ҷиҳод-ба муқобили Ҳокимияти қонунӣ даъват намуданд.

Дар матбуот ва масчидхо баромад намуда, аҳолиро ба сарнагун намудани ҳокимияти конститутсионӣ ва барпо намудани Ҷумҳурии исломии Точикистон даъват менамуданд. Ин ҳизби террористӣ бисёр ҷиноятҳои вазнинро содир намуд. Роҳбарони созмони ин ҳизб, яъне ҲНИТ оқибат шикасти сахт хӯрда, ба Афғонистон фирор карданд. Моҳи июни соли 1993 Иттиҳоди мухолифини тоҷикро ташкил намуданд, ки ба хайати он намояндагони ҲНИТ шомил буданд. Аз солҳои 1992-1997 ХНИТ дар Афғонистон амал намуданд. Дар муддати ин солхо борҳо бо сарҳади Тоҷикистон ҳамлаи мусаллаҳона бурданд. Лекин бо ташаббуси марзбонони Ватани азизамон онҳоро нагузошт то ба мақсади нопоки худ бирасанд.

Баъди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулх ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон он ҳамчун ҳизби сиёсӣ аз нав ба қайд гирифта шуд. Раиси собиқи ҲНИТ М. Ҳимматзода мақсаду мароми ҳизбро чунин баён намудааст: «Кору амали мо асосан тавассути кутубу дастуроте, ки аз ҷониби хоҷагони хориҷӣ барои иҷрои вазифаҳо дастраси мо мешуданд, ба роҳ монда шудааст». Инчунин донишҷӯёни хоричӣ кӯмак мекарданд. ҲНИТ симои худашро тавассути узви фаъоли он Мулло - Абдураҳим Каримов ошкор гардонида буд. Яъне ҲНИТ аз фаъолияти пинҳони ба фаъолияти ошкоро гузашт. Мутаассифона бисёре аз аъзоён ва роҳбарони бахшҳои ҲНИТ, аз ҷумла дар бораи барномаи сиёсии пинҳонии ҲНИТ огаҳи надоштанд. Аслан ҳизб барои Ислом бегона аст. Бунёди кардани ҳизби исломӣ, ки 99 фисади аҳолии онро мусулмонон ташкил медиҳанд, худ тафриқа андохтан миёни мардум мебошад. Тамоми рӯҳониёни машҳури тоҷик ҲНИТ-ро қабул надоштанд, намепазируфтанд ва онро дастгоҳ ва манбаи идеологияи ваҳҳобӣ донистанд. Фаъолияташро номаъкул ҳисобиданд. Аммо ҲНИТ ба иродаи мардуми мусулмон ва руҳониёни мазҳаби нигоҳ намекард. Бо кӯмаки хоҷагони пасипардагии худ арзи вуҷуд намуд. Боз маротибаи дуюм хамчун ҳизби сиёсӣ ба кайд гирифта шудани ҲНИТ аъзоёни он бисёр ҷиноятҳо содир намуданд, ба амалҳои террористӣ даст мезаданд.

Хуллас, мақсади асосии ин ҳизб фақат иғвогарӣ, нотинҷӣ дар кишвар, тафриқаандозӣ байни мардум ва ғайра мебошад. Бояд таъкид намоем, ки мутоиқи моддаи 4-и Конуни ЧТ «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ», ки фаъолияти онхо ба терроризм, зӯроварӣ, тағйир додани сохти конститутсионӣ равона гардидааст ё маҳалгароӣ ва диниро ташвиқ менамоянд, манъ аст.

Роҳбари ҲНИТ ҳоло дар хориҷи кишвар мебошад. Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш хиёнат ба Ватан, хиёнат ба модар, хиёнат ба мазҳаби Ханафи, хиёнат ба дини мубини Ислом намуданд. Дини мубини Ислом пайравонашро ба Худопарастӣ, сулҳу ваҳдат ва ватандӯстӣ, дӯстиву рафоқат даъват менамояд. ҲНИТ ягон робитае бо дини мубини Ислом надорад, баръакс ҳамаи корхояшон мухолифи фармудахои китоби муқаддаси мусалмонон «Қуръон» аст. Намоз хондан  нахондан мухим нест, мухим он аст, ки аъзои ҳизб бошӣ шуд. Дар интихоботҳо номи Исломро хат назанед, ки кофир хоҳед шуд. Аз ин маълум мегардад, ки мақсад якто-мукобили Ҳукумати қонунии ҶТ.

29 сентябри соли 2015 аз ҷониби Суди Олии ҶТ аризаи Прокурори генералии ҶТ қонеъ гардонида шуда, ҲНИТ-ро ҳамчун ташкилоти ифротгароӣ эътироф намуда, фаъолияташ дар тамоми кишвари мо бархам дода шуд. То имрўз руҳониёни исломии асил ҲНИТ-ро қабул надоранд ва эътироф ҳам намекунанд.    

Солиева Мавлудахон, донишҷӯ