Сухангӯи ҳизби террористиву экстремистии наҳзати ислом Маҳмудҷони Файзраҳмон дар яке аз мусоҳибаҳояш қайд намудааст, ки хизби наҳзатро чун ҳизби террористиву экстремистӣ ягон кишвари ҷаҳон эътироф  накардааст. Аммо бар рағми ин гуфтаҳо  Вазири давлатии корҳои хориҷии Ҳиндустон Шри М. Ҷ. Акбар дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба муоқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез зимни суханронии хеш таъкид дошт, ки «Тоҷикистон ҳизби наҳзатро бидуни шарту шароит ҳамчун ташкилоти террористӣ манъ кард. Иҷозат диҳед, ин қарорро ба вокуниши диалектикӣ миқёсӣ намоям. Идеологияҳои ин ҳизб зери мафҳуми «наҳзат» чӣ маъно доранд? Чун мусулмон ман ба таваллуди Ислом бовар дорам, зеро ки таваллуд аз Худованд омадааст. Ин наҳзати қалбакӣ — кори одамони гумроҳ  аст. Худованд Исломро қосиди сулҳ офаридааст. Ин одамони бадгумонанд, ки Исломро ба воситаи асбоби ҷанг табдил додаанд. Худованд Исломро ба эътимоди плюрализм табдил дод: Қуръони Карим мефармояд: «Лакум диникум вал ядим» (Имони Шумо барои Шумо ва имони ман барои ман). Роҳбарони гумроҳи наҳзатӣ имонро ба зулми одамони дигар дину эътиқод табдил додаанд. Гузашта аз ин ҷавҳари таблиғоти ин ҳиз аз решаҳои ифродгароӣ об мехӯрад. Аксари размандагоне, ки дар Сурия намедонанд ба хотири чӣ ва кӣ ҷангидаанд иқрор мешаванд, ки онҳоро маҳз мубаллиғони наҳзатӣ ба он ҷо фиристоданд. Пас маълум, ки мйдони набарди Сурия ба ин размандагони гумроҳ майдони имтиҳон аст, агар зинда монанд барои табадуллоти Тоҷикистон нерӯи онҳо сафарбар карда мешуд. Ана ин аст, чеҳраи наҳзатиён, чеҳраи Кабирӣ ва ёрони ӯ.  

Ҳадафи конфронси байналмилалӣ, ки ахиран дар ягон давлати пурқудрат не, балки дар кишвари мо доир гардиданд, маҳз ҳушдор додани ҷомеаи ҷаҳонӣ аз хатари  терроризм ва ифротгароӣ ва шинохтани дӯсту душман аст. Ин ангезаи вабо натанҳо кишвари мо, балки ҷаҳониёнро ба ташвиш овардааст. Терроризм  беш аз пеш хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ касб карда, дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман густурда аст. Ин мафҳуми хатарзо дар дили мардуми олам таҳдидҳои нав ба навро дар либосу тобишҳои гуногунзоҳир месозад.

Сурати якмарому доимӣ гирифтани амалҳои ғайриинсонии террористон ба муқобили мардуми оддӣ дар қаламрави бархе аз кишварҳои дунё, аз шумори Покистон, Афғонистон, Сурия, Ироқ, Либия, Нигерия, Фаронса, Амрико, Туркия, Русия  ва давлатҳои дигар далолат аз он менамояд,  ин нерӯи харобкори сиёсӣ торафт дар курраи арз доман паҳн менамояд.

Дар асоси маълумоти коршиносони мӯътамад дар ҷаҳон беш аз  500 созмонҳои террористии пинҳонкор амал мекунад, ки  бештари онҳо барои қурбон шудан дар роҳи ислом (дар асл барои бадном кардани дини ислом) фаъолият мекунанд. Дар кишварҳои мусалмонии Сурия ва Ироқ  ташкилотҳои террористии пинҳонкор ба қатли берамонаи оммавӣ даст зада истодааанд, ки чунин рафтори ваҳшиёнаи ғайриинсониро дар ҷомеаи ҷаҳони мутамаддин дидану таҳаммул кардан номумкин аст.

Имрӯзҳо аз тариқи расонаҳо сабту наворҳое паҳн мешаванд, ки террористони беаслу насаб кӯдакону наврасонро низ ба гуруҳҳои худ шомил месозанд, истифодаи силоҳ, куштану сӯзонидани одамон ва тарконидани биноҳо ба онҳо меомӯзанд. Ин навъ хатарҳо ба вайрон кардани тафаккури насли наврас, тағйир додани роҳи камолоти фикриву маънавӣва ҷисмонии чунин табақаи бонуфузи ҷамъият оварда мерасонад.

Аз ин рӯ, қурбонии терроризм дар ин ё он минтақа асосан ҷавонон буда, ноогоҳӣ, кам мутолиа доштан, номукаммал будани шуури сиёсӣ, динӣ, фарҳангӣ, инчунин бетаҷрибагии насли рӯ ба камол боис мешавад, ки террористон нерӯи онҳоро барои амалӣ сохтани мақсадҳои нопоки худ истифода баранд.

Бо назардошти вазъи кунунии сайёра ҷавонони моро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, фирефтаи ҳар гуна ваъдаву таълимоти бегона нашаванд ва ба қадри сулҳу ваҳдат, оромиву субот ва осоишагиву хотирҷамъии кишвар бирасанд.

Амиртемур Ваҳҳобов,

устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд