Ман навореро, ки шоми 18 июн дар шабакаи давлатии телевизионии "Тоҷикистон” бо номи "Решаҳои ноаён” дар бораи Саид Қиёмиддини Ғозӣ намоиш дода шуда буд, дидам ва ба чунин хулоса омадам. Ин навор аз вазъияти солҳои навадуми асри гузашта ва аз  кори дасти "хиёнаткорон”-е ба монанди  асосгузорони ҲНИ Саид Абдуллоҳи Нурӣ, Муҳаммадшариф Ҳимматзода ва Эшони Қиёмиддин нақд мекунад..

Дар филм ман мушоҳида намудам, ки дар сар задани амалҳои ҷинояткорона нақши ин ҳизби саркаш хеле калон аст ва инро намояндаи мухолифин Эшони Қиёмиддин тасдиқ мекунад. Ӯ мегӯяд зимни майдоннишиниҳо  барои ҷалби тарафдорони худ суханҳои боҳарорат задам, онҳоро даъват намудам, ки бар зидди давлат ва Ҳукумат бархезанд.  Ҳамин суханҳои ноҷо, ҳамин даъватҳои ноҷо, боис шуд, ки миллионҳо одам муҳоҷир шуд, ҳазорҳо одам бехонумон шуд, ҳазорҳо кӯдак ятим монанд.

Эшони Қиёмиддин барои ин даъватҳои, ба таъбири худи ӯ, "ноҷо” дар ин филм аз мардум узр пурсид. Ӯ ҳамчунин Эронро ба маблағгузории ҲНИ айбдор кард. Эшони Қиёмиддин гуфт, Эрон мехоҳад наҳзатро аз нав зинда карда, барои Тоҷикистон мушкил эҷод кунад. Ӯ аз ҷумла аз як нақшаи "пароканда кардани интихоботи соли 2020” ҳарф зад, вале ҷузъиёте дар ин бора надод. Дар филм гуфта мешавад, ки Эшони Қиёмиддин бо лақабҳои Бобои Эшон ва Генерали мардумӣ маъруф буда, 21 марти соли 1952 ба дунё омадааст ва соҳиби 8 зан ва 28 фарзанд будааст. Худ қазоват кунед, ба наҳзатиён серзанагӣ ва талх кардани ҳаёти занони тоҷик расм шудааст. Ва гумонам ғолиб, ки ин бонувон дар зиндагӣ хушбахт набуданд.

Воқеан ҳам то замоне, ки ҳамингуна афрод аз воқеияти ҳол баён мекунад, мардум, хосса онҳое, ки ба ин ҳизб бовар доштанд, ангушти ҳайрат мегазанд. Зеро сухан дигару амал дигар. Мо ҳар рӯз тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ аз вахнгӯии Кабирӣ огоҳ мешавем. Ин нафар худро тавре вонамуд мекунад, ки гӯиё ӯрову ҳизбашро бегуноҳ манъ кардаанд. Аммо Эшони Қиёмиддин яке аз наздикон ва пешвоёни ҳизб иқрор мешавад, ки ҳадафи онҳо натанҳо гирифтани давлат бо зӯрӣ буд, балки кишварро саросар ба тобеияти мазҳаби шиа ворид кардан буд. Ба ин амали “савоб”-и худ аз хоҷагони эронии худ маблағҳои калон мегирифтанд. Ва инро худи Эшони Қиёмиддин зимни дастгир шудан тасдиқ намуд.

 Агар мо имрӯз қадру манзалати Ватан,  миллат ва забони худро дарк насозем, зарурати густариши худшиносиву худогоҳӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва пояҳои Истиқлолиятро таъкид накунем, амнияти миллӣ ва рушди иқтисодиву фарҳангиро таъмин карда наметавонем.

Аз ин, рӯ моро зарур аст, ки ба ҷомеа фаҳмонем, ки чи нақшаҳои «бориз» доранд душманони миллати мо. Танҳо якдиливу сарҷамъи моро ғолиб мегардонад. 

Ғуфрон Рустамов, донишҷӯи ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд