Ҷаҳони имрӯза пур аз ҳодисаю воқеаҳои сиёсӣ буда,  дар  раванди ҷаҳонишавӣ он тамоми халқу миллатҳоро фаро мегирад.  Экстремизм  ё ифротгароӣ яке аз падидаҳои  сиёсии  ҷаҳони муосир буда,  мубориза бар зидди он дар охири асри гузашта ба дараҷаи масоили умумибашарӣ табдил гашта буд. Ақидаҳои ифротӣ тавассути созмонҳои гуногун паҳн гашта, шаклҳои мухталиф дорад. Ифротгароӣ шакли фаъолияти сиёсиест, ки принсипи демократияи парламентиро рад карда,  ба мафкураю амалияи бетаҳаммулӣ, антисемитизм ва миллатгароии ашаддӣ асос меёбад. Мафҳуми экстремизм ин «экстремизм-амалест, барои ба таври зӯрӣ забт кардани ҳокимият, нигоҳ доштани он ва бо  роҳи зӯрӣ дигар кардани сохти конститутсионӣ, дахолати зӯроварон ба амнияти ҷомеа».

Тоҷикистон низ чун иштирокчии созмони Шанхай ин ковенсияро эътироф мекунад ва вазифадор аст, ки дар дохилу хориҷи мамлакат зидди ин зуҳуроти номатлуби чаҳони муосир мубориза барад. Аз ин чост, ки барои амнияти кишварро аз ҳар гуна хатару нопокихо эмин доштан барои манъи фаъолияти ТЭТ ХНИ карор намуд. Имруз тамоми ҷомеа ҷаҳонӣ воқиф аз онанд, ки ин ташкилот, чун ташкилоти терористиву экстремистӣ эътироф гардидааст.

Аз баёноти хизбиён маълум аст, ки рафтори ифротгароёна доранд. Чун дар боло иброз намудам, маънои тероризм ин бо воситаи зӯри ба даст овардани хокимият аст. Чунончи назҳатиҳо худро чун тахдидкунандагон ва ба ин васила нияти ба даст гирифтани мақомотро доранд. Худ қазоват намоед, ки навишти ин хама изҳорот роҳи таҳдид нест магар?  Вале бояд донанд, ки мо дигар аз чунин таҳдидҳо наметарсем.

Дар масъалаи ДОИШ бошад, чунин ибрози андеша мекунам, ки мақомот чизеро аз касе пинҳон намекунад, ягона ҳадафи давлату миллат ва Пешвои миллат он аст, ки ба амнияти кишвар хатаре набояд бошад. Дар хамлаи Данғара низ гуфтаниам, ки аввалку тамоман ба гуноҳатон иқрор  нашудед, пасон гуфтед, ки ин амалиёти махсуси ДОИШ аст. Дар натиҷаи таҳқиқоти мақомот маълум гашт, ки ин ҳама бозиву найрангҳои ТЭТ ҲНИ ва фармонҳои Кабирист. Тамоми мардум ба воситаи оинаи нилгун наворӣ  иқрор шудани нафароне, ки дар ин амалиёт даст доштанд, шоҳид гаштанд ва ба мисоли модари бечораву танхо мондаи он ду бародари дар доми фиреби наҳзатиҳо дармонда, ба онҳо лаънат хонданд.

Ягона чизе, ки баҳона намуда фаъолият доштед, ин барои дин буд, ки ин хам ғайрикунуни будааст, албатта касе намехохад, чунин ифротгароён миёни мардум сайр карда, боз ҷавонони зиёдеро гумроҳ созанд.

Ифротгароён барои ба мақсадҳои сиёсии худ ноил гаштан зери пардаи  динӣ амал мекунанд. Зеро бо ин роҳ мардумро ба воқеаҳои сиёсӣ ҷалб намудан осонтар аст. Чунки ақидаҳои ифротии ин созмонҳо на ба мустаҳкам кардани сохти конститутсионии Тоҷикистон,  балки бар зидди он равона шуда, вахдату якпорчагии онро зери хавф мегузорад.

Имрӯз аз тарафи ҳукумати ҷумҳурӣ чораҳо андешида шуда истодааст, ки пеши роҳи паҳншавии ин зуҳуроти номатлуб гирифта шавад.

         Давлати Тоҷикистон ба ҳайси як субъекти комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар арсаи байналмилалӣ аз минбари СММ борҳо баҳри пешгирию мубориза алайҳи созмонҳои ифротгароӣ бо таклифҳои мушаххас баромад кард.  Ин иқдоми давлатро мардуми тоҷик бо дарки масъулиятшиносӣ ва амри зарурати марҳилаи кунунӣ дастгирӣ мекунад. 

Абдуқаҳҳор Бӯриев,

номзади илмҳои математика,

устоди кафедраи математикаи ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд