Вақте ки хабари нохуш оид ба амали террористӣ нисбати сайёҳони хориҷӣ дар васоити ахбори омма расонаӣ шуд, беихтиёр ин абёти шоири зиндаёд Лоиқ Шералӣ ба хотир омад:

Лаънати ду ҷаҳон ба он кас бод,

Ки зи дунҳимматию беорӣ

Хӯрда шири сафеди модарро,

Даст ёзад ба ҳар сияҳкорӣ.

Ва бо қатъияти тамом гуфтем: Лаънати ду ҷаҳон ба чунин нокасоне бод, ки мехоҳанд бо амалҳои нангин номи Тоҷикистони соҳибистиқлолро доғдор кунанд. Махсусан дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва дар шаҳри Данғара – зодгоҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шудани амали мазкур шаҳодат аз он медиҳад, ки душманони миллати тоҷик хоссатан дастандаркорони ҲНИ бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ ва давлати исломии ироқу Шом барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ аз ягон амали ғайриинсонӣ даст намекашанд ва ҳар як лаҳзаи мувофиқро истифода мебаранд.

Пешвои муаззами миллат дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии кишвар пешниҳод намуданд, ки Соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шавад. Мақсад аз ин иқдоми ватандӯстона ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани имкониятҳои сайёҳии Ватани маҳбуб, рушди ин соҳа, ҷалби сармоя ва фароҳам овардани ҷойҳои нави кор буд. Ва тибқи маълумотҳо дар давоми нимсолаи аввали соли равон шумораи сайёҳони ба Тоҷикистон ташрифоварда аз шумораи умумии соли 2017 зиёд аст. Бо ибораи дигар, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудани соли 2018 ба манфиати тамоми сокинони кишварамон аст.

Имрӯз дар дунё давлатҳое кам нестанд, ки аз рушди соҳаи сайёҳию ҳунарҳои мардумӣ даромади калон ба даст меоранд. Новобаста ба ин амали террористӣ соҳаи туризм дар Тоҷикистон ояндаи дурахшон дорад ва душманону бадхоҳони миллату давлат дар ин самт наметавонанд монеае эҷод кунанд. Зеро дар партави сиёсати хирадмандонаи Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон аҳли сайёра Ватани моро чун давлати демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва ягона шинохтаанду эътироф кардаанд.

Хулоса, ҳар касе, к ибо душмании халқ равон аст, ба зудӣ сари худро мисли гирдоб мехӯрад. Халқи сарбаланду соҳибтамаддун дар атрофи Пешвои муаззами худ муттаҳид шуда, намегузорад ҳаёти хуррамаш доғдор шавад.

Бо истифода аз фурсат ба шахсиятҳои нопок ғоибона муроҷиат намуда мегӯям: Шумо ҳайвоне ҳастед, ки дар сурати одам ҷилва менамоед, зане ҳастед, ки либоси мардона ба бар кардаед. Дониста монед, ки шуморо халқу Худо намебахшанд ва дар ҳар ду ҷаҳон рӯсиёҳ хоҳед буд.

Абдусабури АБДУВАҲҲОБ, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд