Ба ифтихори 25 умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи политехники Донишгоҳи техники Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир гардид.

Директори донишкада, номзади илмҳои техникӣ Саидӣ Дилафрӯз Раббизода аз номи Раёсати донишкада устодон ва шогирдони донишкадаро бо ин ҷашни саид табрику муборакбод намуда, аз ҷумла баён дошт:  «Ҳар гоҳ ки сухан дар бораи ҳифзи марзи Ватан ва амнияти шаҳрвандон равад, беихтиёр симои сарбозони шуҷоъ, сипари боэътимоди кишвар, яъне аскарону афсарон пеши назар меояд. Зеро маҳз хизмати софдилона, вале душвори онҳо яке аз сабабҳои асосии пешрафту тараққиёти Тоҷикистон, баланд шудани сатҳи зисту зиндагӣ, таъмини амният ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон мебошад. Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замоне ташкил гардид, ки ба давлати нав ба мустақилиятрасида хатари парешонию парокандашавӣ таҳдид мекард, дар минтақаи ҷануби кишвар ва пойтахт вазъият ноором буд. Дар ҳамон лаҳзаҳои тақдирсоз агар аз як тараф дониши баланд ва истеъдодии нотакрори Сарфармондеҳи қувваҳои Олӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боиси наҷоти халқу кишвар шуда бошад, аз ҷониби дигар қаҳрамонию далерии аскарону афсарони шуҷоъ Қувваҳои мусаллаҳро ба сипари воқеан ҳам боэътимоди давлат табдил дод.

Ҳамчун армуғони ҷашнӣ бонувони донишкада бо барномаҳои рангини адабиву мусиқӣ хотири аҳли нишастро шод намуданд. Махсусан ролики видеоӣ, ки аз қаҳрамонию далерии сарбозони шуҷоъ нақл мекунаду онро занони фаъоли донишкада бо маҳорати хосса иҷро намуданд, то дер  дар лавҳи хотири  иштирокдорони чорабинии идона хоҳад монд.

Чун рамзи эҳтиром ба ҳунару малакаи  бонувони донишкада собиқадори меҳнат Фатҳулло Эргашевич Муҳиддинов баро дар сатҳи баланд ташкил намудани чорабинӣ ба сарвари донишкада ва созмондиҳандагони маҳфили хотирмон изҳори сипос намуд.