(посух ба номаи муборакбодии Кабирӣ бахшида ба 27- солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон)

Тоҷикистон макони бузургону сарзамини фарҳангдустон аст. Он сарзаминест, ки бо ҳамаи бузургиҳояш мардуми Суғду Хатлону Бадахшон, Панҷакенту Кӯлоб, Ҳисору Вахшу Варзоб барин мавзеъҳои бузургу номдорро гирди худ ҷамъ намудааст.

Боиси таъкиду зикр аст, қаҳрамон ва шахсияти барҷастаи тоҷик Темурмалик, ки ба муқобили муғулҳо мубориза мубурд ва ин як порча замини тоҷиконро ҳифз мекард, баъди маргаш аз ҷуздони ӯ хате бо як каф хок ёфтанд, ки дар он навишта шуда буд: “Он касе, ки ин хатро мехонад, агар шахси мусалмон ва Ватандуст бошиӣ маро бо ҳамин як каф хоки Ватанам ба хок супор”.

Садриддини Айнӣ, Шириншоҳ Шоҳтемур, Бобоҷон Ғафуров, Нусратулло Мақсум, Мирзо Турсунзода барин шахсиятҳое буданд, ки хизматҳои арзанда карданд барои шуҳратёр ва шуҳратманд шудани Тоҷикистони Азизамон ва ҳатто ҷони пурарзиши худро дареғ надоштанд. На он босмачиёне, ки Кабирӣ дар суханронии худ васф кардааст.

Аммо имрӯз на ҳама кас ба қадри ин нозу неъматҳо мерасанд, хиёнаткорони Ватан дар ҳама давру замон буданд ва имрӯз ҳам боқӣ мондаанд, ба монанди Назарзода Абдуҳалим бо тахалуси ҳоҷи Ҳалим, Муҳиддин Кабирӣ роҳбари ҲНИ, Алим Шерзамонов, Илҳом Ёқубов, Шрофиддин Гадоев, Сайидюнуси истаравшанӣ ва ба монанди ин гуна шахсон садҳо нафарро қайд кардан мумкин аст, ки ба Ватану миллати худ хиёнат кардаанд.

Мардуми азизи мо имрӯз бояд донанд ин Сулҳу Ваҳдате, ки болои сари мо парафшон аст бо заҳмату талошҳои хело зиёд ба даст омадааст. Солҳои ҷанги шаҳрвандиро ба хотир оред, солҳои 1992 мардуми тоҷик рузҳои даҳшатборро аз сар мегузаронид душманони халқ Тоҷикистонро ба ду қисм ҷудо карда буданд. Ҳайҳот! Ин чӣ рўзи сияҳ ба сари мо омад!? Ҷаҳолат, зулм, истибдод, кўштор, шармандагӣ!!! Оре, барои миллати куҳанбунёду соҳибтамаддуни мо бадбахтие, шармандагие аз ин сахттару бузургтар намешавад. Бародар бар сари бародар теғ мекашад! Падар сўи писар тир мекушояд! Мардумро ба маҳалу минтақаҳо ҷудо намуданд. Бале! Ин даҳшат ҳеҷ гоҳ аз хотири мардум фаромуш нахоҳад шуд. 

Майдоннишиниҳоро наҳзатиён созмон додаанд, аммо Кабирӣ дар суханронии хеш ҳукумати кунуниро ба ин айбдор месозанд.

Тоҷикистони азизи мо 9 сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатиро соҳиб гашт ва аз он лаҳза то ин дам мардуми шарифи он бо ҳисси баланди ватандўстиву ватанпарастӣ, хештаншиносиву ифтихори миллӣ, созандагиву ободкорӣ баҳри гулгулшуфоии ин сарзамин камари ҳиммат баста истодаанд.

Ин сарзамини куҳанбунёдро марди бузургу дарёдил ва ҷаҳондидаву кордон Эмомалӣ Раҳмон роҳбарӣ мекунад. Маҳс бо заҳматҳо ва талоши ин марди хирад мо соҳибистиқлол шудем ва сулҳ ба даст овардем. Хизматҳои ин фарзанди фарзонаи миллат дар рушди иқтисодиёти мамлакат низ хело зиёд аст. Пешвои миллат Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чандин маротиба дар минбарҳои ҷаҳони пешниҳодоти хело муфидро ба роҳ монд ба монанди эълон кардани солҳои 2005 – 2015 соли “Об манбаи ҳаёт” ва 2015 - 2025 “Об ба хотири рушди устувор”, ки ин ҳам ифтихори мо Тоҷикистониён аст.

Имрӯз чун як Тоҷикистонии кӯчак бо ифтихори бузург гуфта метавонам, ки давлати пуриқтидор, ки замоне дар тасарруфи давлатҳои иттиҳод ҷой дошт ва як маротиба ҷанги шаҳрвандиро пушти сар намуд, хушбахтона имрӯз, мустақил, демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва комилҳуқуқ аст. Имрӯз Тоҷикистон яктост, қисматҳо надорад, якрангу якмаром аст. Мардуми ин сарзамин аз хурд то бузург якдигарро эьтирому эътироф мекунанд, чунки қавми як миллат як мазҳаб ва як нажоданд.

Имрӯз Тоҷикистони азизи мо дар айни шукуфтанҳост ва рӯз то рӯз шуҳратманду шуҳратёр гашта истодааст. Бо вуҷуди камзамин будан кишвари ман дари худро ба рӯи миллионҳо нафар боз кардааст ва ба гуфти шоири ширинкаломи мо:

Зиҳӣ бахту зиҳӣ даврони тоҷик,

Ба кайҳон мерасад айвони тоҷик.

Агарчи ҳалқаи кӯҳош танг аст,

Ҷаҳон ғунҷад ба даври хони тоҷик.

Тоҷикистон ба яке аз давлатҳои пешқадам ва пешрафта табдил ёфтааст, дорои потесиали бузурги тавлиди нерӯи барқ, заводҳои муқтадир, иншоотҳои баланд ва зебо, мардумони поку адолатпешаву босиришт, меҳмондӯсту меҳмоннавоз, аз ҷиҳати иқтисоди пешрафта, дорои сангҳо ва сарчашмаҳои бойу ғанӣ, ҷойгузин ва тамошоҷойи миллионҳо нафар хориҷиён аз шарқу ғарб ва аз шимолу ҷануб мебошад.

 Тоҷикистон дорои фарҳанги бойу ғани мебошад. Таърих гувоҳ аст, ки мардуми тоҷик дар қадимулайём ба кандакорӣ, гаҷкорӣ, кузасозӣ, оҳангарӣ, расоммӣ, сиказанӣ ва кулолгарӣ машғул буданд. Пешвои миллат Асосгузори Сулҳу Ваҳдати милли муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли мелодии 2018 – ро соли “Рушди саёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон карданд, ки ин ҳам аз эҳтиром ва ҳифзи фаҳрангӣ тоҷикон дарак медиҳад.

Тоҷикистони азиз имрӯз 27 – мин солгарди худро ҷашн мегирад.

27 соли муззаффариятҳо, кашфиётҳои қуллаҳои баланд, комёбиҳои дастрас ва имконпазир.

27 соли ободониву кабудизоркунии шаҳру ноҳияҳои кишвар, расидан ба некбахтиву озодиву Сулҳу Ваҳдат.

27 соли хандаҳои кӯдакон, хурсандӣ ва шоду нишоти пиру барно, меҳнату заҳматҳои рӯзонаву шабонаи Пешвои муазамамон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат мухтарам Эмомалӣ Раҳмон.

27 – мин Истиқлолияти Тоҷикистони азизамонро ба кули мардуми кишвар табрик ва муборакбод мегуям!

Боиси зикр аст, ки дар ин даврони истиқлолият зану мард ва пиру барно дар талоши илму адаб, фарҳангу маърифат ва кору фаъолияти хеш камари ҳаммат бастанд. Дастовардҳои бузурги Истиқлоли кишвар ба онон қуввату модар, тавонои бахшида, онҳоро ба комёбиҳо ва дастовардҳои бузург ноил гардонидааст. Имрӯз Тоҷикистон гулистони беҳадду канор, маркази нуру маърифат ва чаманистони дунёи орзуст.

Шабнам Нуруллоева, устоди кафедраи барномарезии ДПДТТ, унвонҷӯй