Суханронии Вазири давлатии корҳои хориҷии Ҳиндустон Шри М. Ҷ. Акбар дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба муоқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез, ки санаи 4 май дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, бори дигар аз хирадмандӣ ва иқдомҳои башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дарак медиҳад. Баҳогузории нафаре, ки шояд дар кишвари Ҳиндустон ба он сатҳе, ки имрӯз дар кишвари мо ба дини мубини ислом таваҷҷӯҳ ҳаст, набошад моро ҳушдор медиҳад, ки ба қадри оромиву осудагии ҷомеа расем. Бояд донем, ки имрӯз наздик дар 40 нуқтаҳои олам ҷангу хунрезӣ идома дошта, хатари терроризму ифротгароӣ то рафт доман паҳн мекунад. Бояд гуфт, ки дар охири қарни XX ва ибтидои қарни XXI инсоният ба хатари ҷиддие мисли ифродгароӣ ва терроризм рӯ ба рӯ шуд, ки ба бақои оламу одам таҳдид мекунад. Имрӯзҳо хатари терроризм ва ифродгароӣ дар  авҷи болоравист ва ин аҳли ҷомеаи солими тамоми сайёра, аз он ҷумла Тоҷикистону тоҷикистониёнро низ бертараф гузошта наметавонад. Маҳз аз ҳамин нуктаи назар Тоҷикистон ташаббускори Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» гардида, ба он роҳбарони Созмони миллали муттаҳид ва дабири кулли Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, коршиносони масоили сиёсиву динӣ даъват шуданд.

Ин иқдоми башардӯстонаи роҳбари давлат идомаи мантиқи дигар таклифи башардӯстонаи он кас Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» аст. Бинед як мамлакати хурдтарак, ки ҷанги шаҳрвандии азимеро паси сар намуд имрӯз ташаббускори чунин иқдомоти бузург аст. Чаро? Барои он, ки роҳбари давлат аз тақдири насли имрӯз ва фардоён андеша мекунанд.  Боиси таасссуф аст, ки ҷавонон имрӯзҳо аз сабаби дониши мукаммал ва  саводи кофӣ надоштан худро ба коми терроризм ва ифродгароӣ андохта истодаанд. Маҳз гумроҳӣ, ҳисси молу сарват, надоштани ҳисси ватандустӣ ва инсондӯстӣ, эҳсоси  эҳтиром ва дустдорӣ нисбати оила ва наздикони худ ҷавонони моро ба коми марг мебарад.

   Зуҳури ифродгароии сиёсӣ, қавмӣ, мазҳабӣ ва ғайра падидаҳои бисёр ҷиддӣ ва дар айни замон нигароникунанда барои давлат ва тамоми ҷомеа мебошад. Мутаассифона, дар реша рондани терорризиму экстремизм ташкилотҳои ба ном «ислом»-ӣ саҳми ногузир доранд. Ва Вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон дуруст таъкид намуд, ки наҳзатиён бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ бо номи муқаддаси ислом ҳизбе таъсис дода, мусулмонро аз мусулмон ҷудо намуданд. Хуб бубинед, Ҳиндустон кишвари саросар мусулмонӣ нест, аксаран дини бутбарастиро ихтиёр кардаанд, аммо тоату ибодат ба онҳо маҳдуд нашудааст. Дар мо низ ҳамин шароитҳо ҳаст, аммо ҷараёни равияҳои гуногун мафкураи ибодаткунандаҳоро олуда кардаанд. Яке дар мазҳаби Абӯ Ҳанифа адои намоз мекунаду дигаре аз рӯи мазҳби мазҳаби Шофеъӣ. Пас решаи ҳама гуна терроризму ифротгроӣ маҳз камсаводии сокинон маҳсуб мешавад. Аз хотираи таърих бармеояд, ки дар охири асри гузашта ва ибтидои ҳазораи нав амалҳои ифродгароӣ ва террористӣ бештар характерӣ сиёсӣ гирифтанд, доираи фаъолияти террористон хеле васеъ гардид.

     Бо инкишофи техника ва технологияи нав шаклу намудҳои нави террористӣ ба вуҷуд омаданд,ки аз рӯи иқтидорӣ харобиовариашон ба амалиёти калони ҷанги шабоҳат доранд.

    Имрӯзҳо ин масоили доғи рӯз миёни ҷавонону наврасони шаҳру ноҳияи мо мисли зарпечак байни шаҳрвандон реша давонда истодааст. Рӯз аз рӯз шумораи гумроҳшудагон ва даст ба ҳар гуна корҳои ношоям зада истодани ҷавонону наврасон аҳли ҷомеаро ба ташвиш дода истодааст. Ҷавонон ҳоло меҳнат кардан намехоҳанд, роҳи осони пулёбиро ҷустуҷӯ мекунанд. Аз ин рӯ онҳоро гумроҳ кардану ба гурӯҳҳои ифродгарою террористӣ шомил намудан осон аст.

    Ҷавонон набояд фирефтаи суханҳои пучу бемағз ва пулу сарвати «хӯҷаинҳои аҷнабӣ» амсоли ҳизби ифродгарову террористии наҳзат  гарданд.

  Зарур аст,ки аҳли ҷамоатчигӣ аҳли маорифу фарҳанг,  волидон, муассисаҳои таълимию касбӣ бо ҷавонон ҳама вақт дар робита бошанд. Ба онҳо моҳият, сабабҳои авҷгирии терроризм ва ифродгароиро  фаҳмонанд.Онҳоро ба маҳфилҳои касбомӯзӣ ҷалб намоянд. Ҷавонон вақтҳои холигии худро ба варзиш сарф намоянд. Ҳунарҳои гуногунро омӯзанд ва барои пешрафт ва ободии Ватани хеш саҳмгузор бошанд.

 

Абдусабури Абдуваҳҳоб, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд