Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, наҷотбахши давлат ва миллати тоҷик, дар суханронии худ оиди пиряхҳо қайд карданд: “14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси панҷуми моро дар соҳаи об якдилона бо қабули қатъномаи махсуси худ тасдиқ намуд. Тибқи ин қатънома, аввалан, соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон карда шуд. Дуввум ин, ки  аз оғози соли 2025 минбаъд ҳар сол рӯзи 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо таҷлил карда мешавад. Инчунин, мутобиқи ин қатънома Созмони Милали Муттаҳид таҳти ҳамоҳангии Дабири кулли ин созмон Фонди трастии мақсаднок, яъне Хазинаи байналмилалии мақсадноки эътимодро ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо таъсис медиҳад.”

Дар ҳақиқат ҳам пиряхҳо ин неъмати бебаҳои Ҷумҳурии азизамон мебошад, ки мо бояд онро ҳифзу ҳимоя кунем. Пиряхҳо дар Тоҷикистон басо зиёданд ва масоҳати на камтар аз 9000 километри мураббаро ишғол мекунанд, ки ин қариб 6 фоизи масоҳати умумии ҷумҳуриро ташкил медиҳад. Онҳо дар баландкӯҳҳо захираҳои бузурги барфу яхро ташкил медиҳанд. Дар ғарби кишвар сарҳади иқлимии барфи абадӣ то баландии 3500-3600 метр, дар шарқ бошад баландии 5800 метр ва ҳаҷми он 559 километри мукааб яхро ташкил медиҳад.

Раванди обшавии пиряхҳо бар асари гармшавии глобалӣ ва як қатор омилҳои дигар, аз се як ҳиссаи ҳаҷми пиряхҳоро, дар ин шаклҳои табии, кам кардааст.

Дар қаламрави Тоҷикистон беш аз ҳазор пирях ба қайд гирифта шудааст. Дарозии онҳо зиёда аз 1,5 км, 16-тои он зиёда аз 16 км мебошад, аз ҷумла пиряхҳое, ки дар минтақаи Қуллаи Истиқлолият (собиқ Қуллаи Инқилоб) дар каторкуҳҳои Язгулем ҷойгиранд. Калонтарин пирях Федченко мебошад, ки дарозиаш 71,2 километр аст ва калонтарин пиряхи арзи миёна ба ҳисоб меравад. Инчунин пиряхи Грумм-Гржимайло ҳаст, ки дарозии он ба 36,7 километр мерасад. Дар шарқи мамлакат калонтарин марказҳои пирях — пуштаҳои Академияи илмҳо, Заалай, Дарвоз, Пётри якум, Язгулем ва Рӯшон мавҷуд аст.

Пиряхшавии зиёд дар Помири шимолу ғарбӣ, ки аз он ҷо дарёҳои Вахш ва шохобҳои рости Панҷ — Бартанг, Ванҷ ва Язгулем ҷорӣ мешаванд, мушоҳида мешавад. Маҳз дар ҳамин минтақа пиряхи калонтарини Федченко, инчунин даҳҳо пиряхҳои дигар, ки маркази бузурги пиряхшавиро ташкил медиҳанд, ҷойгир аст.

Сарчашмаи водиҳои кӯҳиро пиряхҳо ва майдонҳо фаро гирифтаанд, ки ин мавзеъ аз ҷихати географӣ ва геологи барои табиатшиносон ва сайёҳон шавқу ҳаваси зиёд дорад. Майдонҳои барфу пиряхҳои абадӣ дар Помир 8046 километри мураббаро ташкил медиҳад.

Дар ноҳияҳои маркази Помир ҳамаи навъҳои пиряхҳои кухӣ паҳн шудаанд. Диапазони амудии онҳо хеле калон буда, баландии онҳо аз 3000 то 4000 м ва ба ҳисоби миёна зиёда аз 1000 м мебошад. Дар баландтарин қуллаҳо, бахусус қуллаи Сомонӣ (собиқ қуллаи Коммунизм) обшавии барф амалан вуҷуд надорад.

Пиряхҳо захираҳои калони оби тоза ва мӯҷизае мебошанд, ки онро бояд ҳифз ва эҳтиёт кард. Пиряхҳо кафолати таъмин намудани одамон бо оби ошомиданист.

Сатторов Шарифҷон Амирович,

ассистенти кофедраи молия ва қарз